Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Хари сепояпро гӯяд, ки миёни дарёи Фарохкард истад. Ӯро пой севу чашм шашу гунд нуҳ, гӯш дуву шох як; сар хашин7, тан сапед, минухӯришу парҳезгор аст. Ӯро он шаш чашм – дуто ба чашмгоҳ, дуто ба болои сар, дуто ба кӯҳангоҳ аст. Бад-он шаш чашм бадтарин хатари пурмеҳнатро8 бартараф созаду нобуд кунад. Он нуҳ гунд сето ба сар, сето ба кӯҳон9 сето ба даруни нимаи паҳлуст ва ҳар гунде ба андозаи бузургии хонаест. Ӯро (баландӣ ) ба андозаи кӯҳи Хванванд10 аст ва он се пой, ҳар як чун ниҳода шавад, он чанд заминро фаро гирад фаро гирад, ки ҳазор меш ба ҳам нишебӣ гирд фурӯ нишонанд. Хӯрдагӣ11 ба андозаест, (ки) як ҳазор мард ба аспу як ҳазор бад-ӯ дар гузорад; ва он ду гӯш сарзамини Мозандаронро бигардонад (фарогирад ?) он як шохи заррин ҳам монанди сувро12 аст ва аз он як ҳазор шохи дигар аст, ки бузургу кӯчак ба баландии шутуреву баландии аспеву баландии гове ва баландии харе бошад. Бад-он шох дар дарё гардан афрозаду13 гӯш хам кунад (?), ҳамаи оби дарёи Фарохкард ба ларза биларзад. (Оби) каронаву нофи (дарё) барошӯбонад14. Чун бонг кунад, ҳамаи офаридагони модаи эзидии Ҳурмаздӣ обистан шаванд ва ҳамаи храфастрони обистан, чун он бонг шунаванд, ридак (ҳашон) афганда шаванд. Чун дар дарё мезад15 ҳамаи оби дарё муттаҳар бишавад, ки ба ҳафт кишвари замин, бад-он сабаб ҳамаи харон чун он бинанд, фурӯ мезанд. Чунин гӯяд, ки агар хари сепой таҳорат ба об намедод, (ба сабаби) палидӣ, ки Аҳриман барои марги офаридагони ҳурмаздӣ бар об бурдааст, ҳамаи обҳо нобуд мешаванд. Тиштр обро аз дарё ба ёрии хари сепой бештар ситонад. Анбар низ пайдост, ки саргини хари сепоя аст, зеро агар (чи) ӯ минхӯриш аст, пас он наму фраваҳр 16 обро (ки) ба сӯрохҳо ба тани вай шавад, ба (сурати) гумезу саргин бозафганад.
Дар бораи гови ҳайдаюш17, ки (онро) Сарисӯг низ хонанд, гӯяд, ки (ӯ ) ба оғози офариниш мардумро аз кишвар ба кишвар гузаронад ва ба Фаршкард анушагиро аз ӯ ороянд. Дар «Дин» гӯяд, ки (он гов) зинда ба номи он гаронмард аст (ки барои ҳифзи ӯ), перомуни як савуми ин замин борӯе сохтааст то фаршкард, (ҳамон) ҳангоме ки (вуҷуди ӯ) дарбояд.
Дар бораи Чамрӯшмурғ гӯяд, ки ба сари кӯҳи Албурз, ҳар се сол, бисёре аз (мардуми) сарзаминҳои аниронӣ гирд оянд барои рафтан ба сарзаминхои эронӣ, барои зиён (расонидан), кандану нобуд кардани ҷаҳон. Он гоҳ Бурзяд аз он жарфдарёи Аранг бар ояд, он Чамрӯшмурғро бар истонад бар болисти ҳамаи он кӯҳи баланд, (то бар) чандин он ҳама (мардуми) сарзаминҳои Аниронро бад-он гуна, ки мурғ донаро.
Дар бораи мурғи Каршефт19 гӯяд, ки сухан донад гуфтану дин ба Вари Ҷамкард ӯ бурд ва ривоҷ бахшид. Бад-он ҷо Авесторо ба забони мурғ хонанд.

пешина
аз 314
навбатӣ