Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Аҳриман чун гарзаро10 биофарид, гуфт, ки: «Офаридам туро, ки гарзаӣ, сездаҳум (сардаи) гургон, ки маро аз ту низ ин некист, ки дандон дарзаниву бисумбӣ (ва ҳама чизро) риман бикунӣ ва ҳар ки онро бихӯрад, бегумон11 он дард аз ӯ накоҳад». Чун мардумро бигазад, калач дар тан падид ояд. Аз он гургсардагон гарза бадтарин аст.
Чунин гӯяд, ки касе, ки чаҳор шери гург(сарда) бикушад, (вайро) карефа чандон бувад, ки як гарзаи кӯтоҳдунбро бикушад.
Дастурони дин инро низ гӯянд, ки Аҳриман ин гургсардагонро ваҳшӣ12 хост офаринад, монанди табу дарду дигар дуруҷон, чун ба мардум расанд, (мардум ононро) набинанд ба Ҳурмазд силоҳро, колбади эшон орост ва бад-он гоҳ (ки) ба Аҳриман нишон дод, Аҳриман ба сабаби пасдонишӣ, гуфт, ки: «он чиро ман хостам кардам, Ҳурмазд худ кард». Ӯ (Ҳурмазд) он дурӯғро ба он колбад басту (онро) дорои ҳастӣ кард (то) офаридагон аз он бештар тавонанд парҳез кардан; ва аз ин низ пайдост, ки эшонро ороиши колбадҳо монанди гиромӣ саг аст. Дадони бадофарида ҳамоно на храфастргунаанд, бошад, ки аз бим дурӣ ҷӯянду бошад, ки низ ба майл ром шаванд, монанди пилу шер.
Эшонро ҳастимандӣ аз чаҳор унсур: об, замин, боду оташ аст.
Дар бораи чиз1-чиз, ки ба чӣ гунае офарида шудааст ва эшонро чӣ душманӣ омад
Гӯяд ба «Дин» ки ҳауми сапед, ки Гаукарандарахт хонанд, дар дарёи Фарохкард, бад-он дарёи жарф, рустааст, фаршкардсозӣ дарёбад, зеро анушагиро2 аз ӯ ороянд. Аҳриман ба душманӣ бо ӯ, дар он жарфоб вазағе офаридааст, ки он ҳаумро аз миён барад. Боздоштани он вазағро Ҳурмазд ду моҳии Кар3 он ҷо биофаридааст, ки пиромуни ҳаум ҳамвора мегарданд. Яке аз он моҳиёнро ҳамеша сар ба (сӯи) он вазағ аст. Ҳам эшон, моҳиён, минухӯришанд, ки эшонро хӯриш набояд; то фаршкард ба набард истанд. Ҷое ҳаст, ки он моҳиро арази обӣ4 навиштааст.
Чунин гӯяд, ки бузургтарин аз он офаридагони Ҳурмазд он моҳист ва бузургтарин аз он офаридагони Аҳриман он вазағ аст ба тану зӯр. (Касеро, ки) миёни эшон аст, ки аз ҳарду (ба як фосила аст). Ин офаридагор ба ду (нима) бикунанд, ба ҷуз он як моҳӣ, ки Васи панҷ асадваром5 аст. Инро низ гӯяд, ки он моҳӣ чунон ҳассос аст, ки бад-он оби жарф (агар) ба шумори сӯзане об биафзояд ё бикоҳад, донад.
Васи панҷ асадваронро пайдост, ки дар дарёи Фарохкард равад ва ӯро дарозо ончанд аст, ки чун ба так битозад, бомдод биравад то ки рӯз фурӯ шавад, он чанд ки ӯ ро дарозаи хеш аст, рафта бошад, ба сабаби он тани бузурги хубруста. Инро низ гӯяд, ки бештарини офаридагони обӣ ба он сардории (ӯст, ки) зиянд.
Дарахти Бастухма миёни дарёи Фарохкард рустааст ва тухми ҳамаи гиёҳон бад-ӯ ст. Бошад, ки ӯро некӯпизишк, бошад, ки кӯшопизишк, бошад, ки ҳамапизишк хонанд. Дар (зери) танаи он нуҳ кӯҳ офарида шудааст, он кӯҳи сӯрохманд. Нуҳ ҳазору нуҳсаду наваду нуҳ бевар ҷӯй дар он кӯҳ (ба сурати) роҳи обӣ офарида шудааст, ки об аз он ҷо бад-он ҷӯй ва гузар фароз равад ва ҳафт кишвари замин, ки ҳамаи обӣ ҳафт кишвари заминро чашма аз он ҷост.

пешина
аз 314
навбатӣ