Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Магаси коскинӣ 19 ва сиёҳу магаси ангубин, ки се гуна аст ва бавз 20 ки чанд гуна аст ва низ он ки хонаву ошёнаи гилин21 кунад, ҳама аз ин гуна, магассардаанд.
Дигар малахсардагон, он ки мардум кушад ва пашшасардагону низ кайксардагону22 парвонасардагону23 вазағсардагон, ки (эшонро) тафсил дароз аст.
Аз ин храфастрон, ҳамон гуна, ки заминӣ ҳаст, обӣ низ ҳаст. Гӯяд, ки храфастр ҳама ҷодусту мор ҷодутар, аммо ӯро куштан нагӯяд. Низ он море ҳаст, ки заҳр ба чашм дорад ба нигориш мардумро бикушад, чунон ки газида шуда бошад. Он гуна низ ҳаст, ки аз ҷойи дур гову гӯсфанду аспу мардумро ба хеш боз кашаду ӯборад. Аждаҳо (Заҳҳок) низ он аст, ки бад-ӯ он чанд душдоноӣ24 аст, ки ба монанди гуноҳкорон бадӣ кунад. кеҳтарин храфастр мӯрча аст. Ба сабаби ҷодудинӣ, (агар) чизи хӯрданиро ба дурӣ аз ӯ ниҳанд, бо итминон биравад, ки на ба бӯй ва биниш, балки ба ҷодуӣ онро биёбад. Мӯрсардагон донаи хорборро меситонанд ва ба ҷодудинӣ гарм мекунанд ва аз он ҳамгавҳари хеш ё каждум месозанд.
Бавзгуна, ки ошёни гилин кунад, кирм дар он ошён ниҳад, сари (онро) гираду ба ҳангоми (ки) сар барканад, бошад, ки он магаси косгин, бошад, ки ҳамон бавз буда бошад.
Дар бораи магаси косгин гӯяд, ки агар ба гӯшт рияд, кирм ва агар ба замин (рияд) кайк, агар дар Андарвой25 (рияд) пашша, агар ба нишемани кабутар рияд, пилламори кӯк26 аз ӯ падид ояд (ва) агар ба об (рияд) золу.
Дар бораи мӯр пайдост, ки агар ошёни ӯро сесад сол наёшӯбанд, ба мори пардор бозшавад27. Ин сухан аз дастурон шунида шуд. Мори пардор агар соя бар касе (аз) мардум афганад, мирад. Додор бози сапедро барои аз миён бурдани он мор офаридааст, ки чун он мор пардор шаваду ба зери партави Хуршед равад, то соя бар мардуми ҷондор афтад, то миранд, бози сапед ба корзори он мор раваду бад-ӯ (он мор) кушта шавад. Агар пирӯзӣ бозро бошад, мор кушта шавад; агар мор чира шавад, бозро кушад. Агар ҳарду ҳамзӯр шаванд, ҳарду ба як дигар печида шаванд, мурда бар замин афтанд, (чунон ки) бисёр кас дида (аст). Бисёре (аз) ин храфастронро Ҳурмазд, бо ҳамаогоҳӣ, ба суди офаридагон бозгардонид, монанди магас, ки ангубин кунад, кирм, ки абрешиму кугжи28 аз ӯст ва водак, (?) ки каждумро ва баргмор, ки моро кушад ва дигар аз ин гуна, ба монанди тири душманонанд, ки (чун) биёяд, аз кор намонад, боз ба ҳамон душманон афгананд. Он (кори) Ҳурмазд низ ба ҳамон оин афтод. Монанди моҳӣ, ки моҳӣ, мурғ, ки мурғ, дад, ки дадро кушаду хӯрад. Ин низ нишони набарду омезиш аст, ки ҳеҷ покӣ дар (ӯ ба кор) наравад.
Дар бораи чигунагии гургсардагон
Дар «Дин» гӯяд, ки Аҳриман он дуздгургро офарид, кӯчаку шоистаи (ҷаҳони) торикӣ: тирагизода, тирагитухма, тирагитан, сиёҳ, газанда, бемӯза1, хушкдандон2, ки бо он тани ошуфта бад-он аст, ки чун гӯсфанд дорад нахуст3 мӯй аз ӯ баркананд. Ӯ (гургсардагонро) ва понздаҳ сарда фароз офарид: нахуст гурги сиёҳ, кӯчаку сутургсарда, ки ба ҳарчӣ андар ёрад4, дартозад. Пас, дигар гургсардагон чун бабр, низ шеру паланг, ки (эшонро) кӯҳтоз хонанд; юзу кафтору5 тура, ки жағол низ хонанд, ғор кананд ва (сардаҳои) гарзаву6 гурбаву он ки пардор аст чун буф, он ки обист чун (он) храфастри ғоратгари 7 хуношом, ки гурги обӣ хонанду кӯса8 ва дигар обсардгон, сарда дар сарда, монанди дигар дад (он), то понздаҳум (ки) гурги чаҳорпост, ки чун ӯро кӯдак бошад, ба рама равад9.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор