Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ва газанд беш кунад; ва банди эшон низ ба ҳамон Абохтарон аст ва неру аз эшон ба ҳамон Абохтарон аст ва неру аз эшон бештар (гиранд).
Дар бораи чигунагии храфастрон
Гӯянд дар «Дин», ки Аҳриман ҳангоме, ки дартохт, вохши1 храфастрону вохши базаҳро, чун мору каждуму карабсу2 ва мӯру магасу малаху дигар аз ин гуна, ба бисёр шумор бо обу замину гиёҳ даромехт. Бад-он гоҳ ки эшонро вохш буд, аз ин чаҳор унсур3 падид омаданду зонуболо ҷаҳонро храфастрон биистод. Пас, бад-он борони бузург, чунонки гуфта омад, нобуд шуданд. (Аз) он оби вохшманди дар дарё ва он ки дар ҷаҳон бимонд, дигар бор4 берун шуданд. Нав-нав бад-он дисаву тан аз ин чаҳор унсур, ки обу замину боду оташ аст, ҳаме падид омаданд. Ба зоиш низ аз якдигар ба ҳамон гуна ҳаме падид омаданд ва эшонро ҳастиву равшании чашму боди ҷонии ҳурмаздӣ аст; ва аз он (ҷиҳат аст), ки дар ҷаҳонанд. Эшонро вохши базаҳгарӣ ва бадномагӣ (аз) они Аҳриман аст. Ин (тан) низ (барои) силоҳи5 (мардум) аст, ки то ононро бинанд кушанд, ё аз эшон парҳезанд. Аз ин низ пайдост, ки (эшон) офаридаи Ҳурмазд нестанд, зеро эшонро он тани ногиромиву ранг ба ҷонварону дадон ҳамонанд нест. Эшонро тозиш, пайдоиву газанд кардан ба шаб, ба сабаби ҳамгаҳварӣ бо торикӣ аст. Дар ба кор бастани биму газанду нобудгариву аз газандгарӣ (ба) офаридагон (боз) наистанд. Тани эшон дар омеза (ҳои) доруӣ, ба дармони (мардум) шавад ва офаридагонро аз он суд аст, зеро ононро ҳастӣ аз он чаҳор гавҳару унсури ҳурмаздӣ аст.
Ҳамаи храфастрон се гунаанд: обӣ, заминӣ ва пардор, ки (эшонро) храфастри обӣ, храфастри заминӣ ва храфастри пардор хонанд. Аз обиҳо вазағу аз заминиҳо аждаҳои бисёрсар ва аз пардорҳо мори пардор бадтар (аз ҳамаанд). Мору аждаҳову аждаҳои дусару ҳафтсару… ва … ва…6, ки пай оварад чун карабсу ва гурзаи думсиёҳу гурзаи кӯтоҳи7 заҳробадори бешаӣ заминианд. Морон-дӯш8, онон низ ки морон-шоҳ хонанд, ки бар сари мори бузург нишинаду борику сапеду ба дарозии ангушт аст ва дигар бас гуна, ҳама морсардаанд.
Каждум ва…ва…ва…ва…ва…9 ва дигар аз ин гуна ҳама каждумсардаанд.
Карабсуву баргмору моҳанҷ (?) ва …10 даштӣ ва дигар аз ин гуна ҳама карабсусардаанд.
Пазуки11 гӯҳгирдаку он ки … ва …12 аст ва он ки почгузору13 донгузор14 аст ва регмезу…15 ҳама аз ин гуна пазуксараанд.
Кирми абрешим ва низ он ки «андар оташ» аст, ки дар ноҳияи Хуросон бувад, ки ранги сурхро аз ӯ разанд ва низ он ки «андар барф» бувад, ки ҳар як ба андозаи дастест ва дигар, ки дар чиз-чиз падид меоянд, ҳама кирмсардаанд16.
Мӯри донакаш ва низ он ки газанда аст ва низ он ки…17 ва мӯрчаи18 саворӣ хонанд ва мӯрчаву дигар аз ин гуна, ҳама мӯрсардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор