Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Чунин гӯяд, ки чи ҷодувон ҳиланд, Кайагон ҳиланд, барои ранҷи мардумон ҳиланд. Ҳам эшон дар (фазо) обро фароз баранд, ҳам дар замин фуруд баранд.
Гӯянд, ки (чун) ним рӯз борад, он низ боз ба ҳамон сарчашмаи обҳо шаванд, ки эшонро аз он барситонанд.
Инро низ гӯянд, ки ба оғози офариниш, ҳангоме, ки Аҳриман дархост, ба ҳамон рӯз борон бар ҳамаи замин бориду бод бар ҳамаи замин вазиду Хуршед бар ҳамаи замин тобид.
Инро низ гӯянд, ки чун Тиштр ба неруи бод обро ба Андарвой барад, харчи дар гирдоба18 аст бо об ба Андарвой шавад, монанди санг, моҳиву вазағу дигар аз ин гуна. Пайдоии он аз он аст, ки ҳамон чиз бо борон боз барад, ки моҳӣ бо вазағ ё санг борад.
(Онро), ки мардумон абр хонанд, он санг аст, ки ба тобиши оташи Андарвой, бад-он оин гарм шудааст, бо об бозборад.
Ин оташ, ки уфтад, ки ҳамаи мардум барқ19 хонанд, низ санг аст. Аз дарё бо об фароз ба Андарвой шавад, чун ба дасти девони душмани Тиштр уфтад, ба ҷодуӣ (онро) гирад, тофта кунанду табоҳ кунанд ва ба зиёни мардумон боз ба ҷаҳон оваранд.
Ин сутунакро, ки осмон пайдо бошад, ки мардумон санвар20 хонанд, ҳарчи обе21, зард, сабзу сурху норанҷӣ 22 аст, Вохши23 деванд, ки ба душмании дурахшиши Тиштри неруманд24 барои боридан, дар абр набард кунанд; бошад, ки эшонро девони Сомагон низ хонанд. Ва ҳар чӣ сапед аст Вохши эзидист, ки барои ёрии Тиштр, бо он девон набард кунанд. ҳамчунин, гирдоб (ҳо) ҳама девонанд (ки) Чашмагон (дев) анд. Чунон, ки Тиштр ҳангоме, ки ба неруи бод обро ба Андарвой ангезад, ки бо пазираи абр баранд ва бад-он оин бо абр кӯшанд.
Дар бораи заминларза25 ошкор аст, ки ҳамон Чашмагондевонанд (ки) он боди ҷондорро,26 ки ҳаракат (аш) ба сӯрохиҳои кӯҳҳост, ба ҷодугарӣ гузар бигиранд, ки бад-он рафтан набошад. Он андак замин, ки аз он бод (дар худ) дорад, ба ларзиш истад, шикофад, бодро гузари хеш бибувад. Бошад, ки кӯҳ фурӯ резаду27 бар замину дарёҳо гардаду хонумонро зеру забар кунад. Ҷое, ки кӯҳ нест, заминларза ба пайдоӣ нарасад, наёяд, зеро он гузарро (ки) дар замин буд, гирифтан нашояд. Агар бигирад, зуд шикофад, бодро гузар буваду (ларзиш) ба пайдоӣ нарасад, зеро боди базағ (?)28 дар ҷаҳон ҳамон гуна аст, ки дар тани мардумон, (ки) агар эшонро ба сабаби палидии хун29 боди бағаз дар рагҳо биистад. Боди ҷонӣ30 омадану шудан натавонад, он тан дард кашаду ҷон низор шавад. Чун сутунба шавад, бод ҷоеро31 сипузаду тан мирад. Чандон, ки бадомезӣ бештар (бошад), боди базағ сутунбатар (шавад). Он гуна низ пайдост, ки (агар) мардум гуноҳкортар бошанд, он боди базағ, ки дар замин аст, ки Чашмагон (дев) хонанд, сутубатар (шавад)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор