Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Тиштр об аз ҳамаи дарё (ҳо) ситонад, аммо аз дарёи Фарохкард беш ситонад.
Чунин гӯяд, ки хари сепой, ки дар дарёи Фарохкард фароз ҷунбад, ҳама оби дарёро ба ошуфтагӣ андозад12, обро ба навоҳии дарё афганад, Тиштр ба ёрии фраваҳри парҳезгорону низ дигар эзидони минуӣ фуруд ояд, бузург ҷоми боронро ба даст дорад, ки (онро) абрхунб барои паймона хонанд. Нахуст бар об ниҳад, дигар бигардонад, седигар пур бикунад, биҷунбонад, баргирад, фароз ба Андарвой шавад, пас он об, танҳо ба бод, фароз равад. Чунон гирдбод, ки хоку гардро ба Андарвой афрозад, бод низ бад-он оин, ба ҳамкорӣ бо Тиштр, обро ба Андарвой оҳанҷаду биистонад, кишвар ба кишвар биронад. Минуи абр ба пазираи (ӯ) истад, борад; чунонки ба чашмдид пайдост, ки гирдбод дар дарё обро ба Андарвой барад. Мардумон гӯянд, ки Тиштр об ситонад бад-он абзор.
Чун бод об ситонад – бошад, ки Тиштр, ки аз дарёи шӯр ситонад, он шӯриву гандагиро ба зиреҳ ҳилад, онро, ки хуш аст, фароз бараду ба монанди меҳ (ба) Андарвой ҳамебараду13 биистонад, то ба Андарвой комилу ситабр кунад ва сиришк-сиришк борад. Чун девон ба патёрагӣ расанд, сардӣ бад-он ҳиланд, он обро биафсоранду обро он гуна хушк кунанд, ки то наборад. Низ бошад, ки сиришкро афсуранду тагарг борад, бошад, ки боронро аз ҷое, ки (дарҳоли) боридан аст14, сипӯзанд (то) ба ҷое бесуд борад. Чунончи дида мешавад, бошад, ки ба замини шӯр, бошад, ки ба ҳамон дарё ва бошад, ки ба кишти бум, ба фарабудӣ борад ва ба ҷое, ки бояд боридан, наборад. Чун бад-он гуна бувад, оташи Вазишт, ки дар абр офарида шудааст, (ба) душмании Испанҷаруши дев он обро бигудозанд, гурз бар сари Испанҷаруши дев баркӯбад. Ба сабаби сӯзиши оташи он гурзу гудозиши об аст (ки) равшанӣ дар об падид ояд, ки «озарахш» хонад ва (оташи Вазишт) чун он гурзро (бар сари) Испанҷаруш баркӯбад, (вай) бонги саҳмгин кунад, ки «ғуррона» хонанд.
Оташи Вазиштро низ тан ҳамон оташи гетӣ аст, ки бо об дар абр аст. Ӯ ро фраваҳри он фарра15 аст, ки аз равшании бекарон бад-ӯ омадааст. Тиштр ва низ дигар эзидони минуӣ, ки бо ӯ ҳамкоранд, бо Апаоши деву ҳамкорони (ӯ) ба ҳамон оин набард кунанд. Чун девон пирӯз шаванд, он боронро тика-тика ба зиёнмандии офаридгор боранд, ё аз суди офаридгор сипузанд16. Чун эзидон пирӯз шаванд, ба судмандиву ба андоза боронанд. Чунин гӯяд, ки (агар) ба абоисти эзидон борад, як рӯзу ним борад. Як рӯзу ним (баъдеро, ки) борад (ба абоисти) ҷодувон, низ Кайагон ва низ девон аст. Аз он ҷо, ки бод абзори боронсозӣ аст, эзидони боронсоз низ, ки худ дар (ҷаҳони) омехтаанд, ба ҳамон абзор, ба неруи бод, обро ба абр анбор кунанд17 ва борон боранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор