Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунин гӯяд, ки Аҳриман ба девон гуфт, ки: «Ин бодро бимиронед, (ин боди) чираи диловари Ҳумаздофаридаро, зеро агар шумо бимиронед, он гоҳ, ҳамаи офаридагонро миронида бошед». Бад-он набард, ба сабаби Войи Дирангхудой, ки ӯро, ба гоҳ, ба ёрӣ наёмад, бод суст шуд. Акнун аз баровадану бурдани даму омаду шуди (нафас) мардумону гӯсфандон вазад.
Бод, нахуст, аз ин кишвари Хванирас ба Арза ва Сава бигардаду аз он ҷо ба шитоб ба кишвари Фрададафшу Видадафш гардад ва аз он ҷо ба шитоб ба кишвари Хванирас гардад.
Чун ба ҳар кишваре ояд, аз ҳар ноҳияте вазад, ба ҳар оинае вазад, сарду гарм, хавиду хушк, ҳама якест. Чун бар ганд гузарад, гандагӣ, чун бар бӯйи (хуш) гузарад хушбӯйӣ, чун бар сард – сардӣ, чун бар гарм – гармӣ ва ба ҳар чизе гузарад, он гавҳарро оварад. Бод ин замини дорои зеру забар, дорои гавдиву дарёву нигоҳдори ҷони мардумону гӯсфандонро нигоҳ медорад. ҳар чизеро назми замона аз бод аст. Ба сабаби сустӣ, ба фарра буду бебуд вазад. Чун ба фаррабуде вазад, (онро) боди ҷонҳанҷ8 хонанд. (Агар) ба сабаби тика-тика шудан, аз ноҳият тозад, (онро) ба ном-ном хонанд. Чун ба судмандӣ вазад, онро фароравонбод хонанд. Чун ба зиёнмандӣ вазад, боди ҷонҳанҷ (хонанд), зеро (ҳама чиз) табоҳу суст карда шавад.
Дар бораи абр гӯяд, ки афзоре минуиест, ки ба чашми гетӣ дидану гирифтан нашояд. Чун Тиштр ба неруи бод обро ба Андарвой орост, он абр, ба минуӣ, ба ҳар ҷо бирасид, он об, сиришк-сиришк бад-он афзор борид. Агар чунин намебуд, он об ба Андервой меистоду ба ноҳият, ноҳият бурданро тавон намебуд, на сиришк-сиришк, балки ба як пора меборид. Ин ки ба Андарвой пайдост, ки мардумон абр хонанд, кафи об аст монанди кафе (ки) бар сари дег гирд ояд. Чун басе бар ҳам омад, ба сиришк фурӯ резад. Агар низ абр хонанд, шояд, зеро ҳар об, ки ба Андарвой шавад, он абр (онро) ба минуӣ ҳамроҳӣ кунад (ва он обро) бипазирад. Чунин гӯяд, ки абр он минуест, ки он оби моддиро барад, бошад, ки абр хонанд, бошад, ки обрез9.
Дар оғоз офариниш аз ноҳияти Ховарон10 пайдо шуд, зеро бод обро бад-он ҷо тозонид. Он ҷоро бункадаи абр хонанд. Акнун низ ба ҳамон оин, бод он обро ба Ховарон месипузад, аз Ховарон абрро орояд, ба ноҳият – ноҳият оварад, барад. Он неку абрро11 гӯяд, ки: «Ман аз об фароз офаридам (абрро) сахт дилпазир, ки чун бар мардумон фароз борад, чунон эшонро хуш ояд, ки танро ҷон бошад». Ба оғози офариниш, аз дасти рост Хуршед баромад, дуруст чун ҷоми май. Чун баромад, сӣ шабонарӯз он боронеро сохт, ки заҳри храфастронро аз кор биганду зиреҳи Фарохкард аз ӯ падид омад, пас аз биншондани он борон, аз кӯшиши девон, он борон низ табоҳ шуд, ки тика-тика бишуд, чунонки худ навишта шуд, ки Апаоши дев бо Тиштр ва Испанҷруш бо оташи вазишта ба боронсозӣ набард карданд. Тундару озарахш пайдо омад ва он бороне сохта шуд, ки дарёҳои шӯр аз он буд. Акнун низ ҳар сол се бор, ки Тиштр об ситонаду бозронад. Он корзор буду девону ҷодувон он ҷо ба набард расанд. Он се боронро (ба се замон) андозанд. Яке он ки бад-он коранд, яке он ки бад-ӯ хӯша расад, яке он ки ба–д-ӯ хӯшадона расад. Аммо бошад, ки аз табоҳгарии борон тика-тика борад.

пешина
аз 314
навбатӣ