Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

табоҳ карданд, ҳамон гуна ки обу гиёҳу ҷонвару ҷангалу кӯҳу дашт1 ва ҳатто2 сангро ҳаме табоҳ кардаанд, ки ба гавҳари ӯ дар омехтаанд. Он хоб ба монанди асби ҷавони чаҳор ё панҷсола, ки аз паси модагон шавад, ӯ низ аз пас бар мардумон расад. Аз болои сар то зону ба он андоза замон мегирад, ки се ё чаҳор «пата аҳу ваирйи»-ро аз оғоз бихонанд.
(Хоб) дорои танофарида нашуд, зеро ба ҷудоӣ аз тан, ба якбора (бо ҳам) офарида шуда буд, хоб аз паси (он) буд.
Чун мардум беш аз дарозои чаҳор «вачаст» бихобанд, ромиш ёбанд. Хоб ба ҳамаи мардум бирасад, чун яке бихобад, бад-он дигаре истад. Агар ҳамаи мардум нахобанду ба кӯшоӣ кор4 кунанд, назди ҳар кас, ба ҳастии худ, ки хоб аст, баристад.
Инро низ гӯяд, ки замину обу гиёҳ на ба сабаби кӯшиш бор диҳаду на ба сабаби хуфтагӣ ва…5 аст, ки бор надиҳанд, зеро кӯшоиву хуфтагӣ ва …6 дар навъи мардумону ҷонварон буд.
Дар бораи чигунагии бонгҳо
Инро низ гӯяд, ки чишоракбонг1 он буд, ки чун парҳезкори нолонро кор фармоянд, чунин нолон шавад, зеро марди парҳезгарро чун аз Аҳриман бадӣ бар омада бошад, нола бояд кардан, ки маро баҳмон2 чиз бояд, ё маро баҳмон бадист; ва барои (фурӯ ) нишонидани он бадӣ ҳар чизеро дар гетӣ кор бояд фармудан3.
Ва ин бонг4 он аст, ки парҳезгорон навозанду Авесторо бархонанд; барбат, танбӯр, чанг ва ҳар сози зеҳиро5, ки навозанд, вин хонанд.
Сангбонг (овози) он (санг) аст, ки донае бад-он барои парҳезгорон орд кунанд, ки осиё аст. Аз он рӯй парҳезгоронро ном барад, ки ҳамаи некӣ барои парҳезгорон офарида шудааст ва дурвандонро аз он ба ҳамон оин баҳраварӣ аст. Пас, ҳар чиз парҳезгоронро, ки ба кор баранду ба ранҷ доранд, танине, ки аз он ояд, бонги некӯ хонда шавад, агар дурвандонрост, ба бедод аст, ба бонг набояд дошт.
Оббонг (овози) он (об) бувад, ки ба тозиш фароз тозад, ё аз абр фуруд ояд, ё пазира барҷаҳад, ё мардуму гӯсфандон бад-он гузар кунанд.
Гиёҳбонг он аст, ки чун буни (дарахтро) зананду бар замин афтад7, (барояд).
Заминбонг он (овоз) аст, ки чун чизе бар ӯ фурӯ кӯбанд, ё санг аз кӯҳ бикананд, (барояд). Инро низ гӯяд, ки гиёҳро чун бун зананд, буни8 гиёҳ ба гиёҳе, ки ба наздики он гиёҳ аст, омезад.
Дар бораи пушту рӯи замин гӯяд, ки ӯро ин рӯй аст, ки бар он гиёҳ рӯяд. Ӯро он пушт аст, ки дар паси ӯст, ки зери ӯст ва (бар ӯ ) ҳеҷ чиз нарӯяд.
Дар бораи чигунагии бод, абру борон
Гӯяд дар «Дин», ки он боди некӯ аз ин замин фароз офарида шуд ба тани марди понздаҳсолаи сапедчашм, ки ӯро ҷома пӯшиши сабзу мӯзаи чӯбин1 аст. Дар гузари2 (?) чунон сахт3 дилпазир4 аст, ки чун бар мардумон омад, он гоҳ эшонро чунон хуш омад, ки ба тан ҷон (ояд). Аз замин бар омад, то майро5, ки абр аст, бивазонад. Ниме ба сӯи рости хуршед бозгашт, ниме (ба сӯи) теғи моҳ гашт. Ба сарчашмаи Аранг равад, бар баландӣ, гузари (ӯ) пайдо шуд. Аз бими девон, ба ҳар чиз ҷудо-ҷудо бингарист, ба тавоноӣ ва ба нерӯмандӣ фароз рӯяд ва он заҳрро аз ҳам дарид, ки Аҳриман дар замину гиёҳ омехта (буд). Чун ба неру абро бирӯфту6 дарёҳо аз ӯ сохт, пас, девон аз паси бод ба кӯшиш фароз бирафтанду бодро низ олуданду суст бикарданд. Пас, бод бо тани хастаи худ7 бад-он шитоб бар ҳамаи кишвар(ҳо) наёмаду тика-тика бишуд.

пешина
аз 314
навбатӣ