Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳар се озар оташи Баҳроманд ва ҳамаро тан ҳамон оташи гетист. Он фаррае, (ки) ба-д-эшон меҳмон аст, монанди тани мардумон аст, ки (чун) дар шиками модар фароз бошад, равоне аз мину (бад-он) барнишинад, ки он танро то зинда аст, бегумон бироёнад; чун он тан фурӯ мирад, тан ба замин омезад, равон боз ба мину шавад12. Низ бошад, ки ҳангоме ки ҳазор оташи моддиро бад-он як (оташ) кунанду бад-он ниранг, (ки)
ошкор аст, зӯҳр (бад-ӯ) диҳанду ба додгоҳ нишонанд, он гоҳ, минуӣ аз фарраи оташон бар ӯ нишинад13. Ба монанди он(се озар) низ, ки бар оташи моддӣ меҳмон шуданд, (ин) дигарон низ оташи Баҳроманд. Эшонро тан аз оташи моддӣ асту равон он фарра аст, ки аз худоён (барои) нишондан бар онҳо ояд. Акнун низ ба ҳамон гуна, аз миёнбарии дурӯғгӯ посбонии мардумон мекунанд. Чун биафсоранд, он фарра боз ба минувон расад. Оташро, ба (ном), Баҳром аз он рӯй хонанд, ки ҳамаи оташҳоро дар ҷаҳон дар пуште аз Баҳром ва посбонӣ аз Сурӯш аст ва эшонро бо ҳам ҳамкорист. Озарфарнбағ, ки осурвани озарҳост ва Озаргушнасп (ки) артиштар ва Озарбурзинмеҳр (ки) вастриуши (озарҳо) хонда шаванд, бад-он ҳамкорӣ бо Бахроманд ва то фаршкард посбоникунандагони ҷаҳонанд. Чунонки ошкоро дида шавад, чун…14, деву дурӯғ зананд, он гоҳ мардумон гӯянд, ки «оташе15 бигузашт».
Оташи Баҳром бисёр аст. Ҳар якро шоҳе биншондааст. Тафсили (он) басе аст, монанди оташи Вардастар, ки ба Бахлон16, дар Пешадеҳ (?) Фаридун нишондааст; Озаркоткон17, ки Зоби Таҳмосбон дар сарзамине нишонид (ки) бад-он Подошкош 18 хонда шавад; оташи Каркӯйро, ки се оташ19 ба Систон аст, Афросиёб нишонид (ва он) ҳангоме (буд), ки подшоии Эроншаҳр кард. Дигар (оташҳо) онҳое ҳастанд, ки (аз) подшоии Гуштосп, ҳангоме ки дин омад, то поёни (даврони) Сосониён нишонда шудаанд, бо номҳои бисёру шумори бисёру шнумани20 бисёр; ва ҳамаро оташи Баҳром шуморанд. Бисёре дар шоҳии тозиён афсард, бисёре акнун низ ҳаст. Яке-якеро (замони) биншастан (тавассути ҳар) шоҳ пайдост. Оташи Фармгарро21 пайдост, ки бе хӯриш месӯзад. Ба рӯз дуду ба шаб оташ пайдост. Чун чизе пок бад-ӯ афгананд, пазирад, агар он (чиз) риман аст, бозафганад. Аз гармо ба наздики (он) шудан нашояд ва ҳеҷ ҷодугару гуноҳкоре бад-ӯ шудан наёрад. Гӯянд, ки ноҳияти Мони Гайугон аст. Гӯяд, ки оташе ба ҳамон оин ба Кумиш22 аст (ки онро) оташи бехӯриш хонанд, (ки) хокистар нуҳуфтан нашояд.
Чун бар ӯ ҳезум ниҳанд, сӯзад ва чун наниҳанд, ба ҳамон гуна сӯзад. Бошад, ки чунин (низ) гӯянд, ки оташи Фармгар он аст.
Дар бораи чигунагии хоб
Дар дин гӯянд, ки бо оғози офариниш, нахуст, хоб ба тани марди понздаҳсолаи сапедчашм офарида шуд. Ӯро низ девон

пешина
аз 314
навбатӣ