Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Чунин гӯяд, ки Поренди дорои гардунаи раванда. Хушнудии ҳамаи минувону озори ҳамаи девон аз сутурони он минуҳои гоҳонст, ки аз «Дин» пайдост (ки ) ба ин минувон бас кори номовар маҳул аст, ҳамон гуна, ки дар «Дин» гӯяд, ки тафсил кардани (он) дароз асту ҳамкардае56 (аз он) ин чанд навишта шуд. Ҳурмазду он шаш Амшоспанд «буни ҳамаи Амшоспанд» хонда шаванд, ки бемаргу афзунгаранд. Онро намеандешанд, намегӯянду намекунанд, ки яке ба дигаре гӯяд, ки: «Набояд андешид, ё набояд гуфт ё набояд кард».
Ҳурмаздро дод беҳӣ, дин озодандешиву зин ростиву куниш ошкорагист ва коми (ӯ) ин ки: «Маро бипурсед, биҷӯед, биомӯзеду бишиносед, чи агар чунин кунед, аз паси ман беш оед».
Гавҳари Ҳурмаздӣ гарм, хавид, равшан, хушбӯю сабук дар фароз пайдост.
БАХШИ ДУВОЗДАҲУМ
Дар бораи бадкирдории Аҳриману девон
Дар «Дин» гуфта шудааст, ки: «Бадиро, ки Аҳриман бар (сари) офариниши Ҳурмузд овардааст1 ба як зимистон бишояд гуфтан». Ӯро он тани вазағдиси беарзиш аст, некӯии офаридагони Ҳурмуздро наандешад, нагӯяду наварзад. Ӯро кор наёмурзишу нобудгарист ва (он ин ки офаринишеро, ки Ҳурмузд биафзояд, ӯ аз миён бараду (ба андозаи) мижа задани чашме аз газанди офаридагон кардан наистад.
Чунин гӯяд, ки: «Аз он ҳангом ки офаридагонро биофаридам, на ман, ки Ҳурмуздам, барои нигоҳбонии офаридагони хеш ба осудагӣ нишастаам ва на низ ӯ, ки Аҳриман аст, барои бадӣ кардан бар офариниш». Ба ҷодудинӣ мардумонро ба дӯстии хешу нодӯстии Ҳурмузд ангезад, то дини Ҳурмузд ҳиланду они Аҳриман варзанд. Инро ба андешаи мардумон афганад, ки дини Ҳурмузд нест, бад-он хасту набояд будан. Касе, ки бад-он мардум, ки ин суханро ба дод ниҳодааст2, чиз диҳад, он гоҳ Аҳриман аз ӯ хушнуд шавад, ки ба оромиш бахшидани ӯ бувад.
Акуманро кор ин ки бадандешиву нооштӣ ба офаридагон диҳад.
Андрадевро кор ин ки андешаи офаридагонро аз некӯӣ кардан чунон биафсорад, ки тагарг хуб афсурда; ва инро ба андешаи мардумон афганд, ки шабиву кустӣ набояд доштан.
Саулдевро, ки сардори девон аст, кор ин ки подшоии бад, ситаму бедоду мустагорӣ3 (бахшад).
Ногҳисдевро кор ин ки нохурсандӣ ба офаридагон диҳад. Чунин гӯяд, ки: «Касе, ки чиз бад-он мардумон диҳад, ки эшонро оин ин аст, ки шабиву кустӣ набояд доштан, он гоҳ, Андра ва Саулу Ногҳис аз ӯ хушнуд шаванд».
Тариздев он аси, ки заҳр ба гиёҳону домҳо омезад. Чунин гӯяд, ки: «Тариз торуморкунандаву Зариз заҳрсоз».
Эшонро, ҳар шаш камолагон девон хонанд. Дигарон ҳамкору ҳамвари эшонанд. Инро низ гӯяд (ки: «Касе), ки чиз ба марде диҳад, ки гӯяд, ки як мӯза бояд доштану ба як мӯза рафтанро ба дод ниҳодааст, он гоҳ, Таризу Зариз аз ӯ хушнуд шаванд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор