Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи Воси панҷа садваром22 гӯяд, ки (вайро) понсад бача расад; кармоҳиро23 дувист ҳазор, ин он аст, ки парвор кунанд; арзукаро24 нуҳ ҳазор, марзукаро25 ҳашт ҳазор; варзукаро26 ҳафт ҳазор; таковирйоро27 шаш ҳазор, …ро28 панҷ ҳазор; ҳар як пашмозагро29 чаҳор ҳазор; сумакчитро30 панҷ ҳазор дар сол бача расад. Ин номи моҳиён ба Авесто (омада) аст. (Инон) низ чун он моҳиёни хоядоранд (ва) ҳар як ҷуфтеро дар дарё ба ҳамон гуна ҷуфтгирист. (Ҳангоме ки) хояҳо бирасад, чунон ки (бачаи) гӯсфандон ба заҳдон,31 ҳар як аз он хояҳо ба замонаи хеш, чун чунин парвор шуд, бад-он сӯрохи дар шикам, ки дар хоя бад-он пайваста аст, берун рида шавад. Он тухм дар об парвор шавад, бишкуфад, моҳии кӯчак аз он падид ояд, андак-андак бузург шавад, ба андозаи паймонаи худ. Моҳӣ, ҳангоме, ки дар он жарфоб гардад, тухм гузорад. Бошад, ки он тухмро хӯрад, онро, ки наёбад, бипароганад ва он парвор гардад.
Низ ҳамин гуна аст гиёҳи обиву заминӣ, аз худии худ мева (ҳо) бирасанд, ки эшонро гушне нест.
Ба моҳи Шаҳривар, ки моҳи Тир баҳизагист, ки Мадйушам аст, моҳиён обистан шаванд; ба моҳи Фарвардин, ки моҳи Спандормад баҳизагист, ки Ҳамаспаҳмадем аст, бизоянд.
Аз мурғони нар онро, ки тухм кунаду афганад, танҳо хурӯс аст, ки бошад, ки ба биниши мардумон биафганад.
Дар бораи чигунагии гиёҳон
Гӯяд ба «Дин», ки пеш аз омадани он Аҳриман, хору пӯст бар гиёҳ набуд, зеро сипас, дар (даврони) аҳриманӣ дорои пӯсту дорои хор шуд, зеро патёра ба ҳар чиз омехт, аммо ба гиёҳ бештар омехт. Аз он рӯй, чанд (гуна) гиёҳ аст, ки бештар омехта шудааст, монанди бешу балодур, ки заҳрдоранду мардуму гӯсфанде, ки аз онҳо хӯрад, мирад.
Бо панҷоҳу панҷ сардадона, дувоздаҳ сарда гиёҳи доруӣ аз Гови яктоофарида падид омадааст. Аз он гиёҳони аслӣ, (нахуст) даҳ ҳазор гиёҳ ва (сипас) яксаду си ҳазор сардае дар сарда, гиёҳ бар замин1 рустааст. Аз ин ҳама тухм, дарахти Бастухма дар дарёи Фарохкард рустааст, ки ин ҳама гиёҳонро тухм бад-ӯст2, ба он (тухмҳо, ки аз) Гови яктоофарида падид омад. Ҳар сол Симурғ он дарахтро биафшонад, он тухмҳои (фурӯрехта) дар об омезад, Тиштр (онҳоро) бо оби боронӣ ситонад, ба кишварҳо боронад. Наздик бад-он дарахт Ҳауми сапеди дармонбахши покиза дар (канори) чашмаи Аредвисур руста аст. Ҳар ки (онро) хӯрад, бемарг шавад; ва онро Гаукарандарахт хонанд3.
Чунин гӯяд, ки Ҳауми дур (дорандаи) марг (ки) ба ҳангоми Фаршкард анушагиро аз ӯ ороянд, гиёҳонро сарвар аст.
Бошад, ки гиёҳ ин чанд гуна аст: дор, дарахт, мева, дона, гул, испарғам, тарра4, афзора5, гиёҳ, ниҳол, дору, часб, ҳезум, бӯй, равған, рангу ҷома.

пешина
аз 314
навбатӣ