Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Тафсили онро гӯям: Ҳарчиро бор ба хорбори мардумон меҳмон несту солвор аст, монанди сарву чинор, сапедору шамшоду шизу6 газ ва дигар аз ин гуна, дор хонанд.
Ҳарчиро бор ба хорбори мардумон меҳмон асту солвор аст, монанди хурмо, кунор, ангур, биҳӣ, себ, бодрангу анору шафтолуву амруду анҷиру гавзу бодому дигар аз ин гуна, мева хонанд.
Ҳарчиро бор шоистаи хорбори мардумон бошад ё набошаду солвор бошад, дарахт хонанд. Ҳар чи ба хӯроки ҳаррӯза7 шоиста асту чун бар бистонед, бун бихушкад, монанди гандуму ҷаву биринҷу гиргир8, мажу9, бану10, арзану11 говарсу12 нахӯд ва дигар аз ин гунаро дона хонанд.
Ҳарчиро барг бӯё ва ба дастварзи мардумон кишта шаваду ҳамвора ҳаст, испарғам хонанд.13
Ҳарчиро шукуфа хушбӯй асту ба (даст) варзи мардумон ҳангом-ҳангом бошад, ё бун ҳамвора ҳаст ва ба ҳангом ба шукуфаи хушбӯй (аз ӯ) бишкуфад, монанди гулу наргису ёсуману настарану олола, кабика14 ва бунафша, кордак19 ва дигар аз ин гуна, гул хонанд.
Ҳарчиро бар хушбӯй ё шукуфа хушбӯй асту дастварзи мардумон несту ба ҳангом20 бошад, ниҳол21 хонанд.
Ҳарчӣ ба хорбори сутурону гӯсфандон меҳмон аст, гиёҳ хонанд.
Ҳарчӣ ба пешпорагӣ дар шавад22 афзорҳо хонанд. Ҳарчӣ бо нону хӯрок хӯрдани меҳмон аст, чун исфаноҷу карафсу кашнизу когиза,23 тарра хонанд.
Ҳарчӣ чун шону24 ной,25 пунба ва дигар аз ин гунаро ҷома хонанд.
Ҳарчиро мағз дорои чарбӣ аст чун кунҷиди душдонаву26 (?) шоҳдонавузайту дигар аз ин гуна, равған хонанд.
Ҳарчиро ҷома ба (он) шояд раштан27 монанди каркуму дори парниёну зардчӯба ва…28, руносу29 нил30 ранг хонанд.
Ҳарчиро реша ё пӯст31 ё чуб бӯест, чун кундар32 рошт,33 кӯст,34…,35 сандал,36 палангмушк37, кокула38, кофур39, бодинҷбӯй40 ва дигар аз ин гуна, бӯйдор хонанд.
Ҳарчиро аз ӯ часби41 гиёҳе наёяд, жада42 хонанд. Ин ҳама чӯби ин гиёҳонро чун бурида шуд, хушк ё тар, ҳезум хонанд.
Ин ҳама гиёҳонро ба танҳоӣ ток, дор, ван хонанд. Гиёҳон ҳама бар ду гунаанд (ки онҳоро) дубахшиҳо ва якбахшиҳо43 хонанд.
Меваҳои моявар44 сӣ гуна аст. Даҳ гунаашро даруну берун шояд хӯрдан, монанди анҷиру себу биҳиву бодрангу ангуру тутбуну амруду…45. Даҳ (гуна)-ро берун шояд хӯрдан, дарун нашояд хӯрдан, монанди хурмову шафтолуву зардолу, санҷид,46…47, кунор, олуча48 ва…49. Даҳ (гуна) он аст, ки дарунро шояд хӯрдан, берунро нашояд хӯрдан, монанди гарду, бодому норгилу50 фундуқу51 шоҳбулуту дарахти гургонӣ, ки писта низ хонанд ва чизе беш аз (ин) аст, аммо моявар ин чанд аст.
Онро, ки аз пайванди52 ду дарахт нишонанд, монанди биҳ-хурмал ва олуча-бодом (?)53 ва дигар аз ин гуна, пайвандӣ хонанд.
Инро низ гӯяд, ки ҳар гуле аз они Амшоспандест; ва бошад, ки гӯяд: муруду ёсуман Ҳурмаздро хеш аст ва ёсумани сапед Баҳманро, марзангуш Ардибиҳиштро, шоҳиспарғам Шаҳриварро, палангмушк Спандормадро, Савсан Хурдодро, чамбаг Амрдодро, бодранг Дай-ба-Озарро, (озар)юн Озарро, нилуфар54 Обонро, мурви сапед55 Хурро, наргис Моҳро, бунафша Тирро, мизварс56 Гаушро, кордак57 Дай(ба-Меҳр)ро, (гули) ҳамешабишкуфта Меҳрро, хайрии сурх Сурӯшро, настаран Рашнро, бӯстонафрӯз Фарвардинро, сунбул Баҳромро, хайрии зард Ромро, бодрангбӯя Бодро, Шанбалид Дай(ба-Дин)ро, гули яксадбарг Динро, ҳамешабаҳор Ардро, олола Аштодро, ҳауми сапед Осмонро, бонуиспарғам58 Зомиёдро, каркум59 Мороспандро, мурви Ардашерон Анағронро. Ҳауми эзидро Ҳаум аз се оин хеш аст.60 Дар бораи танаи61 гиёҳон гӯяд, ки ҳар танаеро сиришки обӣ беҳ таҳ аст ва оташ чаҳор ангушт аз пеши (он қарор дорад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор