Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Они шутурон10 чиҳил рӯз, они мардумону аспсардагону говон ва дигар аз ин гуна сӣ рӯз, они гӯсфандон шонздаҳ рӯз, они сагон даҳ рӯз, они рӯбоҳ ҳафт рӯз, они росу панҷ рӯз, они мушон шаш рӯз ба шусрӣ истад11. Пас се рӯз ба омезагӣ истад12: шусру хун. Сипас, чунон бувад, ки даштак13 рушд кунаду чашму гӯшу бинниву даҳон аз ӯ рӯяд. Дасту пою дигар андому ҳамаи устухону мӯй аз падарон аст, хуну гӯшт аз модарон. Сипас, они шутурон ба шаш моҳ, они мардумону аспсардагону говон ба панҷ моҳ, они росу ба як моҳ, они мушон ба понздаҳ рӯз бар модар пайдо шаванд. Ҳар хӯришеро, ки хӯрад, эшонро низ аз он афзоиш бувад. Пас, ба дувоздаҳ моҳ шутур, ба даҳ моҳ мардуму аспсардагону говон, ба панҷ моҳ гӯсфандон, ба панҷ моҳ сагон, ба се моҳ рӯбоҳу хук, ба ду моҳ росу, ба як моҳ мушон зоянд.
Дар бораи мурғон гӯяд, ки олуҳ,14 долман15 ва симурғу дигар мурғҳои бузургтар чиҳил рӯз ба шусрӣ, сӣ рӯз ба омезагӣ, понздаҳ рӯз ба хоя, даҳ рӯз ба пар рӯидаанд. Дигарон ҳафт шаб дар шуср (ӣ), ҳафт (шаб) ба омезагӣ ва ҳафт (шаб) ба хояанд то ба аз тухм дар омадан16 ва ҳафт (шаб) то пар ба рӯидан.
Ин низ ҳамоно монанди шир асту бача. Аз зарда ҳастӣ ёбад, ӯро сапеда чун (шири) гӯсфандон аст, зеро (дар) хоя, аз зарда гӯшту (аз) сапеда хӯрок аст. То дар (хоя) сапеда аст, бад-он ҳамзиянд, монанди нобурноён, ки чун, зода шаванд, ба шир зиянд. Ҳангоме ки он сапедаро хӯрад, монанди ҳангомест, ки бача (аз) шир (гирифта) шавад. Пас, ба берун ояд, бошад, ки худ чина чинад монанди хурӯс ва бошад, ки ба сабаби пар надоштан, модар чина диҳад.
Хурӯс, ки мурғи пародарш17 ва пешдахша18 низ хонда шавад, ба ҳар рӯз тухме кунад, бошад, ки ниҳонӣ, бошад, ки ошкоро миёни мардумон ринад. Дар (миёни) мурғон, танҳо хурӯс бад-ин гуна аст.
Соригар, ки ҳилоли дарии19 (?) кӯчак низ хонда шавад, дар тобистон ба гармсер ва дар зимистон ба сардсер равад, дар соле се бор бача кунад. Як бори нахуст, бачаи ӯ ба зимистон (ояду) бизияд, як бори дигар дар сардогарм (ояду) бизияд, як бор дар тобистон (ояду) бачаи ӯро кирм бихӯрад.
Низ ин чаҳор чизро нар (ва ин) чаҳорро мода хонанд: осмон, филиз, боду оташ наранду ҳаргиз ҷуз ин набошад. Обу замину гиёҳу моҳӣ модаанд ва ҳаргиз ҷуз ин набошад. Дигар офаридагон нару мода бошанд.
Дар бораи моҳиён чунин гуяд, ки ба ҳангоми фарзандхоҳӣ, бар он оби тозон, ба об фурӯ шаванд ба дарозои як ҳоср, ки як чаҳоруми фарсах аст. Ду-ду ба об фурӯ шаванду як ҳосрро ба ҳамон гуна ба пазираи об боз оянд ва дар он омаду шуд танро ба якдигар фароз соянд ва эшонро хай20 гунае биафтад, то ҳарду обистан шаванд. Ба дарёи Фарохкард ва дарёи Камруд ва дигар об(ҳо ва) дарё(ҳо), ки пуру обҷар21 ва ҳаракати об бад-онҳо нест, чун бод дар афтаду обро биронад, моҳиён бад-он ҳаракати об, ба ҳамон гуна (ҳаракат) кунанду эшонро чунон дар назар ояд, ки он об тозон аст. Ин моҳиён ба танукоб фарзандхоҳӣ кунанд ва ба жарфоб зоянд.

пешина
аз 314
навбатӣ