Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи чигунагии занон
Ҳурмазд, ҳангоме, ки занро офарид, гуфт, ки: «Туро низ офаридам (дар ҳоле) ки туро сардаи патёра аз Ҷаҳӣ1 аст. Туро аз наздики кундаҳоне офаридам, ки ҷуфт гирӣ туро чунон писанд афтад, ки ба даҳон маззаи ширинтарин хӯришҳо; (ва) аз ман туро ёрӣ аст, зеро мард аз ту зода шавад; (бо вуҷуди ин) маро низ, ки Ҳурмуздам, биозорӣ. Аммо агар махлуқеро меёфтам, ки мардро аз ӯ кунам, он гоҳ ҳаргиз туро намеофаридам, ки туро он сардаи патёра аз Ҷаҳӣ аст. Аммо дар обу замину гиёҳу гӯсфанд, бар баландии кӯҳҳо ва низ он жарфои русто хостаму наёфтам махлуқе, ки марди парҳезгор аз ӯ бошад ҷуз зан, (ки) аз (сардаи) Ҷаҳии патёра аст».
Инро низ гӯяд, ки чун фарра аз Ҷам бишуд, ба сабаби бим аз девон, деверо ба занӣ гирифту Ҷамак, хоҳар(аш)-ро ба занӣ ба деве дод. Каптиву хирси бешаии дунбдор ва дигар сардаҳои табоҳкунанда аз эшон бибуду пайванди ӯ нарафт2.
Зангиро гӯяд, ки Заҳҳок дар подшоҳии (худ) бар зане ҷавони дев барҳишт ва ҷавонро бар парӣ ҳишту эшон зери нигоҳу дидори ӯ ҷимоъ карданд. Аз ин куниши навоин зангӣ падид омад. Чун Фаридун омад, эшон аз Эроншаҳр гурехтанд, ба канораи дарё нишаст карданд. Акнун дар пайи тохтани тозиён боз ба Эроншаҳр тохтаанд3.
Дар бораи чигунагии зоишҳои ҳар сарда
Дар «Дин» (чунин) гӯяд, ки зан чун (худро) аз даштон1 бишӯяд, то ба даҳ шаб чун ба наздикии ӯ шаванд, пеш-обист2 бошад. Эдун низ аспу хару гӯр ба ҳафт шаб3 ва сагу хук ба панҷ шаб, мешу буз ба як шаб ва низ чунин аст…4, низ чунин андар сӯрохзиёну обзиён ба як шаб.
Занро даштону гӯсфандонро вардагӣ5 аст, зеро (ҳангоме) ки гӯсфандон варда шаванд, хун мезанад6. Занро то даштон боз ҳамеояд, бошад, ки обистон шавад, аммо дар он даҳ шаб пеш-(обист) бошад. Чун аз даштон шуста шавад ва ҳангоме ки замони обистанӣ омада бошад, агар тухми мард нерумандтар аст писар, агар они зан нерумандтар аст, духтар падид меояд. Агар ҳарду тухм баробар бошад, дугонаву сегона аз ӯ ояд. Агар тухми нарон пеш (аз ҳангоми обистанӣ) ояд, пиҳ шавад ва ба мода афзояд, аз он фарбеҳ шавад. Агар тухми мода пеш (аз расидани тухми мард) ояд, хун шавад, мода аз он низор шавад. Тухми модагон сарду хавид асту тозиш аз паҳлуст ва ранги сурху зард аст. Тухми нарон гарму хушк асту тозиш аз мағзи сар аст ва ранги сапеду кабуд. Тухми модагон пеш биёяд, дар заҳдон фароз гардад, тухми нарон бар (он) биистаду он заҳдонро пур бикунад. Ҳарчи аз он бозмонад боз ба хун шавад, ба рагҳои модагон дар шавад, ба ҳангоми зоиш, (чун) шир ба пистон бозояд; ӯро, ки зоиш аст, бад-он фарзанд парворад7, зеро ҳамаи шир аз тухми нарон бошад. Пас, он тухми нарон дар модагон бимонанд шир афрӯша8, пила бандад ва он даҳони заҳдон (ба якдигар) омезад9.

пешина
аз 314
навбатӣ