Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Гӯянд, ки марди парҳезгор, ки чизе бад-ӯ дарфганад, пазирад; агар парҳезгор нест, боз ба берун афганад. Бунчашмаи он ба Фарохкард пайваста аст. Дарёчаи Зарувманд ба Ҳамадон аст. Пайдост, ки дарёчаи Асуостро обе покиза аст, ки ба дарёҳо ҳамвора метозад. Он гуна, равшану фараҳманд аст, ки гӯяд, ки: «Фурӯғи Хуршед омад ё дарёчаи Асуостро дидам?» Он об барои оростани (мурда) дар Фаршкард боиста аст. Дарёчаи Хусрав ба чаҳорфарсангии Чайчаст аст. Дарёи Садвис он аст, ки навишт(ам) дар миёни дарёи Фарохкард ва он Пудиг аст. Гӯяд ба Дамандон8 жарфое ҳаст, ки ҳамвора дуд аз он ояд. Ҳар чизе бад-ӯ афгананд, ҷуз ҷонвар, напазирад. Чун ҷонвар бад-ӯ афгананд, фурӯ барад. Мардумон гӯянд, ки чашмаи дӯзах дар ӯст. Дарёчаи Урвиш ба Ҳугари баланд аст.
Дар бораи чигунагии ҷонварон1 ба панҷ шакл
Дар «Дин» гӯяд, ки чун Гови яктоофарида даргузашт, он ҷо, ки ӯро мағз бипароганд2, панҷоҳу панҷ гуна донаву дувоздаҳ гуна гиёҳи дармонӣ бозруст. Чунин гӯяд, ки аз мағз кунҷиду гигир3, ки ба сабаби мағзи табъӣ, худ низ мағзест. Аз шох мажу4, аз бинӣ бану5 ва аз хун кӯдаки раз6, ки май аз ӯ кунанд ва бад-ин рӯй май барои хун афзудан зӯрмандтар аст. Аз шуш спандон7, аз миёни ҷигар росан8 ва овешан (барои) боздоштани ганди Акуману муқобила кардан бо дард, дигар як-як чунонки ба Авесто гӯяд.
Гӯяд, ки (чун) гунаи донаро дар оғози офариниш офарид, дар (ахтарон) оби пайкар9 офарид. Ин гуна онҷо буд, пас ба Арвандрӯд оварда шуд. Бошад, ки биринҷ, бошад, ки гандуми обхор хонда шавад.
Мании гов ба Моҳпоя боло бурда шуд, он ҷо полуда шуду ҷонвари пургуна фароз офарида шуд. Нахуст ду гов, яке нару яке мода, пас, аз ҳар гунае ҷуфте бар замин, ба Эронвиҷ, бар ҳашт ҳоср, ки дуруст се фарсанг аст, пайдо шуданд. Чунин гӯяд, ки: «Ман ба сабаби арҷмандии гов (ӯро) ду бор офаридам. Як бор ба (сурати) гову як бор бо ҷонвари пургуна. Сӣ шабонарӯз эшон нохӯранда буданд. Эшон нахуст об, сипас гиёҳ хӯрданд.10 Ӯ ҷонваронро ба (се) «карда» фароз офарид11, ки нахуст офарид чароарзониву12 он, ки гаришак13 аст, ки фарохрафтор аст; ва (дигар) парранда, ки эшон дастомӯз нестанд; седигар (ҷонварони) обиро14 офарид. Чунон аст, ки дар ин се карда панҷ оина15 аст. Нахуст оина он ду кофтпойи чароарзанда аст, ки аз эшон шутури меҳрину бузи гипон16 кеҳтарин аст (ки) навзод аст.
Дигар оина харпой, ки аз эшон асби зибол17 бузургтарину хари гургонӣ18 фурутарин аст. Седигар оина он панҷангуштпанҷа аст, ки аз эшон саг бузургтарину мушконбарон19 фурӯтарин аст. Чаҳорум оина парранда аст, ки аз эшон симурғи сеангушт бузургтарину тар20 фурӯтарин аст. Панҷум оина он обист, ки аз эшон кармоҳӣ бузургтарин аст ва …21 (ки) майгу [малахи дарёӣ] аст фурӯтарин. Ин панҷ оина ба дувисту шасту ду сарда22 бахш шуд: нахуст, буз панҷ сарда: харбуз…23, позан, ранг24, буз. Дигар, меш панҷ сарда: он ки дунбадору он ки бедунба аст ва сагмеш (?) ва меши тагалу каришакмеши асбмонанд, ки шохе бузург, яккупа дорад; ӯро ба борагӣ гиранд25. Чунин гӯяд, ки: «Манучеҳр, ниёи мо, каришакеро ба бора дошт». Седигар шутур ду сарда аст: кӯҳиву чароарзанда зеро якеро ба кӯҳ шояд доштан ва якеро ба дашт ва бошад, ки яккӯҳонаву дукӯҳона (гӯяд). Чаҳорум, гов шонздаҳ сарда аст: сапед, хашин26, сурх, зард, сиёҳ, песа27 гавазну говмешу уштурговпалангу говмоҳиву хушонгов28 (?), паргов29, ғажгов30 (?) ва дигар анвои гов. Панҷум, асп шаш сарда аст: тозиву порсиву устуру хару гӯру аспи обиву дигар анвои асб. Шашум, саг даҳ сарда аст: саги гала31, ки шӯбон аст: хонабон32, ки нигаҳбони хона аст ва вуҳуназаг33, ки саги шикорӣ34 аст ва бабари обӣ35, ки саги обӣ хонанд, рӯбоҳу распу, ки росу хонанд, жужа36, удра37 ва мушконбарон38, ки аз онҳо ду сарда омӯхта ба сӯроханд, чун рӯбоҳу росу; ва беша омӯхта чун удра ва (он) ки хор ба пушт дорад (ки) жужа аст. Ҳафтум саҳуг, ки харгӯш аст, панҷ сарда: ду сарда дудандона, як сарда (якдандона?), яке сӯрохзӣ, яке бешазӣ. Ҳаштум, росу ҳашт сарда: самура сиёҳсамуру санҷобу…39 хазу қоқуму қоқуми сапеду дигар анвои росу. Нуҳум, муш40 ҳашт сарда: яке он ки ба муш будан ошност; яке мушкнофа, он ки барои аз миён бурдани ганд аст; (яке) бешмуш, ки беш хӯрад; (яке) муши сипоҳист, ки душмани гурза аст ба дарёбор бештар аст ва дигар анвои муш. Даҳум, як саду даҳ сарда: сездаҳ сардаи эшон чун симурғ, каршефт, олуҳ41, каркас, ки долман хонанд, калоғ, пуш42, хурӯс (ки) пародарш43 хонанд ва куланг аст. Ёздаҳум, шабкӯр, аз эшон дутоянд (ки) шир доранд, ба пистон бачаро ғизо диҳанд: симурғу шабкӯр. Чунин гӯяд, ки шабкӯр ба (ҳамонандии) се сарда офарида шудааст: саг, мурғ, мушшакл, зеро чун мурғ парвоз кунад ва ҳарду дандони ӯ чун саг асту сӯрохзӣ аст чун муш. Ӯ ин як саду даҳ сарда мурғонро ба ҳашт гуна биёфарид ва эшонро он гуна бипароканд, ки марде чун тухм пароканад, он тухмро бузургу миёнаву кӯчак дар ангушт бар замин ҳилад. Дувоздаҳум, моҳӣ офарида шуд даҳ сарда: нахуст, моҳии арз44 ва арзуко марзуко ва дигарон, ки номи (эшон дар) Авесто аст. Пас аз ҳар сардае, сарда дар сардае45 ҷудо шуд то ба ҳадди дувисту шасту ду сарда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор