Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи Афросиёб гӯянд, ки дар дарёи Киёнса як ҳазор чашмаи обро, чи бузургу чи кӯчак, ба баландии асб, ба баландии шутур, ба баландии гов ва ба баландии хар поймол карду дар ҳамон дарё, чашмаи Заровмандро, ки (ҷуз) Ҳилманд рӯди тафт аст, поймол кард. Дигар Ватаинирӯду шаш оби Ноуруро дар ҳамон дарё поймол кард36 ва мардуми нишондаро берун кард. Дар «Дин» аз ҳафдаҳ гуна об (сухан) гӯяд, ки яке (шаб) нам аст, ки бар гиёҳон нишинад; дигар он ки кӯҳтоз аст, ки рӯдҳост; седигар он оби боронист; чаҳорум он (оби) чоҳист, он ки оромтарин аст ва дигар (обҳои) ношинос; панҷум мании гӯсфандону мардумон; шашум гумези гӯсфандону мардумон; ҳафтум хадуи [оби даҳон] гӯсфандону мардумон; ҳаштум обе, ки дар пӯсти гӯсфандону мардумон аст; нуҳум ашки гӯсфандону мардумон; даҳум хуни гӯсфандону мардумон; ёздаҳум равғане, ки дар (гӯсфандон аст ва) ба ҳарду ҷаҳон (ба) орзуст; дувоздаҳум обе, ки дар ҷуфтгирии гӯфандону мардумон аст; сездаҳум хайи гӯсфандону мардумон; чаҳордаҳум он (обе), ки дар заҳдони гӯсфандону мардумон аст, ки бачаро бад-ӯ парваранд; понздаҳум (обе), ки зери соқаи гиёҳон аст, чунонки гуфта шуд, ки: «Ҳар соқаеро сиришки обе ба таҳ (бошад), оташ чаҳор ангушт пеш (аз он) аст; шонздаҳум он (обе), ки дар гиёҳон омехтааст, ки (онро) оби тан-тухма хонанд; ҳафдаҳум шири гӯсфандону мардумон. Ин ҳама ба вахшоӣ ё танкирдӣ37 боз бад-ин рӯдҳо омезанд, зеро об танкирдӣ ва вахшо, ҳарду аст.
Инро низ гӯяд, минуи ин се рӯд:…38 ва Марврӯду Ҳилмандрӯд нохурсанд буданд (ва хостанд), ки ба сабаби бадиву палидиву рокидмонданӣ, ки диданд, дар ҷаҳон натозанд (то он ки Ҳурмазд ба эшон гуфта, ки Зартуштро биофаринад(?)), ки дар даврони тозиши Аҳриман, Ҳауму Зуваҳр парешон резаду дуруст бозсозаду паҳрез39 бигӯяд.
Инро низ гӯяд, ки обе, ки дар ӯ палидӣ каму зуваҳр40 беш омадааст, ба се сол боз ба сарчашма равад. Он ки дар ӯ палидӣ ва зуваҳр ҳарду баробар баромадааст, ба шаш сол бозрасад. Он ки (дар ӯ) палидӣ бешу заваҳр кам аст, ба нуҳ сол бозрасад. Чунин аст низ равиши гиёҳон, ки бад-ин тартиб неру ба бун диҳанд. Чунин аст низ офарине, ки парҳезгоре ба парҳезгоре кунад, ки бад-ин тартиб боз ба худи (ӯ) расад. Дар бораи рӯди Ваетаини гӯяд, Афросиёб (онро) ба гурз (бар) афганд. Чун Ушедар расад, ба баландии асбе бозтозад. Чунин аст низ чашмаҳои дарёи Киёнса.
Дар бораи чигунагии дарёчаҳо
Дар «Дин» гӯяд, ки ин чанд чашмаи обҳо ба пайдоӣ (омаданд), ки дарёча хонда шавад. Ҳамонанди чашми мардумон, инҳо чашмаи обҳоянд, монанди дарёчаи Чайчаст1, дарёчаи Субар2, дарёчаи Хоразму дарёчаи Фраздон3 ва дарёчаи Асуост, дарёчаи Хусрав, дарёчаи Садвису дарёчаи Урвиш. Тафсили эшонро гӯям: дарёчаи Чайчаст ба Озарбойҷон аст. Намакин оби4 бе зиндагӣ5, ки дар ӯ ҳеҷ ҷонманде нест ва буни ӯ ба дарёи Фарохкард пайваста аст. Дарёчаи Субар ба Абаршаҳрбум6 бар сари кӯҳи Тӯс аст; чунон гӯяд, ки суд ба ҳар некхоҳеву беҳӣ, баракату родӣ аз ӯ биёфарида шудааст. Дар бораи дарёчаи Хоразм гӯяд, ки ӯро Аҳришванг хоста, тавонгарӣ, шодӣ7, боистагӣ ва хуррамӣ додааст. Дарёчаи Фраздон дар Систон аст.

пешина
аз 314
навбатӣ