Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар бораи чигунагии рӯдҳо
Дар «Дин» гӯяд, ки ин ду рӯдро Ҳурмазд аз Абохтар нима, аз Албурз, фароз тозонид: яке ба Ховарон (шуд), ки Арванд1 ва
яке ба Хуросон шуд, ки Веҳ2 хонанд. Аз паси эшон ҳаждаҳ рӯд аз ҳамон сарчашма фароз тозиданд, ба ҳамон Албурз ба замин фурӯ шуданд, ба Хванирас ба пайдоӣ (омад)анд, ки дигар рӯдҳо аз эшон ба бисёр шумор фароз тозиданд.
Чунин гӯяд, ки чунон зуд-зуд ҳар як аз паси дигаре битозиданд, ки марде «Ашем воҳу»-еро аз оғоз (аз паси ҳам) бисарояд. Он рӯдҳо ҳама боз ба ин ду рӯд, ки Арангрӯду Веҳруд аст, омезанд. Ин ҳарду бар канораи Замин гарданду ба дарёҳо гузаранд ва ҳамаи кишварҳо аз он заҳобҳо сероб шаванд3 ва сипас, ҳарду ба дарёи Фарохкард ба ҳам расанду боз ба сарчашмае расанд (ки) аз он битозанд. Чунин гӯяд, ки (ин ба) ҳамон гуна аст, ки равшанӣ ба Албурз дар ояду ба Албурз биравад. Инро низ гӯяд, ки ба сабаби дӯстиву ёрии яке бо дигаре, минуи Арванд аз Ҳурмазд хоста, ки нахуст ҳама гуна хушнудиро4, ки аз он Веҳрӯдро некист, биофарин, сипас, ба ман бемаргӣ бидеҳ; минуи Веҳрӯд низ аз Ҳурмазд ба ҳамон гуна барои Арванд дархост кард. (Ҳарду рӯд) ба ҳамнерӯӣ фароз тозиданд, зеро пеш аз омадани Аҳриман бетозиш буданд. Ҳангоме ки Дуруҷро нобуд кунанд, боз бетозиш гарданд.
Он ҳаждаҳ рӯди моявар, ҷуз Арванду Веҳ ва дигар рӯдҳое, ки аз эшон битозиданд, онро, ки номитар аст, бигӯем:
Арвандрӯд, Веҳруд, Деглатрӯд5, ки Дегтал низ хонанд, Фуротрӯд6, Даитирӯд7, Даргомрӯд, Зиндарӯд, Ҳарирӯд, Марврӯд, Ҳилмандрӯд, Хоншеррӯд, Вотеанирӯд8, Зиштмандрӯд, Хуҷандрӯд, Бухлрӯд, Меҳронрӯд, ки Ҳиндугонрӯд низ хонанд, Сапедрӯд, Тартрӯд, ки Кӯр низ хонанд, Авваларӯд, ки Масргон низ хонанд, Ҳазоррӯд, Турмедрӯд9, Пайдогванешрӯд10, Дороҷарӯд11, Косарӯд, Шедрӯд12, Меҳинрӯд, ки Чеҳрумеҳноб13 аст, Мукристон равад.
Тафсили эшонро гӯям:
Дар бораи рӯдҳои номвар14
Арангрӯд он аст, ки гуфта шуд, ки аз Албурз битозад, ояд ба Суғдбум, ки Гом низ хонанд15 ва ба Гиптусбум, ки Миср низ хонанд, бигзарад; ӯро он ҷо рӯди Ниюгиптус16 хонанд. Веҳрӯд17 ба Хуросон бигзарад, ба Синдбум шавад, ба Ҳиндугон резад, ӯро он ҷо Меҳронрӯд хонанд, Ҳиндугонрӯд низ хонанд. Фуротрӯдро сарчашма аз марзи Рум18 аст, ба Осуристон19 гузарад, ба Даҷла резад. Ӯро Фуротӣ ин ки бар замин обёрӣ кунанд 20 Пайдост, ки он сарчашмаро Манучеҳр канд ва ҳамаи обро ба яке (рӯд) боз афганд. Чунин гӯяд, ки: «Ситоем Фуроти пурмоҳиро, ки Манучеҳр барои равони хеш канду об бистаду бихӯронид». Даҷларӯд аз Дайлмон21 биёяд ба Хузистон ба дарё резад. Даитирӯд аз Эронвиҷ биёяд, ба…22 бишавад; аз ҳамаи рӯдҳо храфастр дар ӯ бештар аст. Чунин гӯяд, ки: «Даитирӯди пурхрафастр». Даргомрӯд ба…23 аст. Зиндарӯд ба кӯҳи Панҷистон24 гузарад, боз ба Арангрӯд резад. Ҳарирӯд аз Абарсинкӯҳ битозад. Ҳилмандрӯд ба Систон аст. Ӯро сарчашма аз Абарсинкӯҳ аст. Ин ҷуз он аст, ки Афросиёб поймол кард. Рӯди Хоншер ба Кумиш аст. Зишмандрӯд ба ноҳияти Суғд25, ба Хуҷандрӯд бозрезад. Хуҷандрӯд ба миёни Самарқанду Фарғона биравад, ӯро рӯди Ҷахшарт26 хонанд. Марврӯди фараҳманд ба Хуросон, аз Абарсинкӯҳ битозад. Балхрӯд аз Абарсинкӯҳи Бомиён дар ояд ба Веҳрӯд27 резад. Сапедрӯд ба Озарбойҷон аст, гӯянд, ки Заҳҳоки офт аз Аҳриманудевон он ҷо хост. Туртрӯд28, ки Кӯр низ хонанд, аз дарёи Серов29 биёяд ба дарёи Гургон резад. Заҳобак он рӯд аст, (ки) аз Озарбойҷон биёяд ба Порс ба дарё резад30. Авваларӯдро31 сарчашма аз Сипоҳон аст, ба Хузистон бигзарад, ба Даҷларӯд фароз резад. Ӯро ба Сипоҳон Масргонрӯд хонанд. Ҳазоррӯд ба Табаристон аст. Онро сарчашмаи обҳо32 аз кӯҳи Дунбованд аст. Турмерӯд низ ба Веҳрӯд бозрезад. Вандишрӯд он ки (дар) Порт аст, ки Сакон низ хонанд. Косарӯд ба оби Тӯсшаҳр33 биёяд. Онро он ҷо Касафрӯд хонанд. Ин ҳамон рӯди Веҳ аст34, (ки) он ҷо Коса хонанд, дар Синд35 низ Коса хонанд. Вотаенирӯд ба Систон асту сарчашма аз Киёнса буд. Пайдост, (ки) Меҳнрӯд, ки Чеҳрумеҳноб аст ба Кангдиж аст. Дороҷарӯд ба Эронвиҷ аст, ки хонаи Пуршасб, падари Зартушт, бар бори (он) буд. Дигар бешумор обу рӯдхонаву корезҳо аст, ки заҳобаи эшон фароз х(в)орда мешавад. Сарчашмаи ин рӯдҳоро ба шаҳр-шаҳру ҷой-ҷой, ба ном-ном хонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор