Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Дар бораи чигунагии дарёҳо
Дар «Дин» гӯяд, ки дарёи Фарохкард, ба ноҳияти Нимрӯз, канораи Албурз аст, ки як савуми ин заминро (дар бар) дорад. Аз он рӯй Фарохкард (номида шуд), ки як ҳазор дарё дар ӯ дошта шудааст. Бошад, ки (онҳоро) чашмагони Ардвисур ва бошад, ки хонигони1 дарё хонад. Ҳар дарёеро обхонест, ки об бад-он бар ояд, дар дарё резад. Ҳар дарёеро ва ҳар обхонеро паҳнову дарозо чандон аст, ки агар марде асбе некуро битозонад, ба чиҳил рӯзу шаб перомуни (онро) бигардад, ки як ҳазору ҳаштсад фарсанг бузург аст. Аз он рӯй, ки он об ба гармӣ, хавидиву покӣ бартар аз дигар обҳост, ҳар рӯз аз чашмагони Аредвисур ба сӯи Нимрӯзу кӯҳи Албурз, бар он ҷо (ки) яксад ҳазор ноизаи2 заррин сохта шудааст, метозад. Он об ба гармии табиӣ, бад-он ноиза, ба Ҳугари баланд бар шавад. Бар болои он (кӯҳ) дарёчаест, дар он дарёча резад, пок бишавад, ба ноизаи заррини дигаре боз ояд, ба баландии як ҳазор мард. Аз он ноиза шохае кушода ва заррин фароз ба кӯҳи Усиндом ҷаҳад (ки) миёни дарёи Фарохкард аст. Аз он ҷо баҳре барои покизагии дарё фароз ба дарё резад; баҳре ба ҳамаи ин замин ба (сурати) наму пашанг бирасад. Ҳамаи офаридагон хавидиву дармон аз ӯ ёбанд ва хушкии фарозро аз миён бибарад. Чунин гӯяд, ки Ҳугари баланд (он аст, ки) аз ҳамаи сӯрохҳои заррин, ки бад-ӯст, Аредвисури наёлуда ба баландии як ҳазор мард фароз ҷаҳад.
Се дарёи шӯри моявар ҳаст, ки яке (Пудиг3 ва яке Камрӯд ва яке) Сиёҳбун4 аст. Аз ҳар се, Пудиг бузургтар аст, ки дар он ҷазру мадд аст; ҳамноҳияти дарёи Фарохкард ва ба дарёи Фарохкард пайваста аст. Миёни ин дарёи Фарохкард ва паҳлуи он Пудигро дарёе гирифтааст, ки дарёи Садвис хонанд. Ҳар ситабриву шӯрӣ ва нопокӣ аз дарёи Пудиг ба дарёи Фарохкард гирд ояд5, равад, ба боде бузургу баланд аз он дарёи Садвис боз зада шавад; ҳарчи поку равшан аст ба Фарохкард ва чашмаҳои Аредвисур шавад, он дигар ба Пудиг боз резад. Банди ин дарё ба Моҳу Бод пайваста аст, ба афзоишу коҳиши (Моҳ) бар ояд ва фуруд шавад. Аз он рӯй, ки гардиши ӯ ба Нимрӯз аст. Банди дарёи Садвис низ ба Садвис ситора пайваста аст, ки дарёҳову ноҳияти Нимрӯз дар посбонии ӯст, ҳамон гуна, ки ноҳияти Абохтар дар посбонии Ҳафтавранг аст.6 Дар бораи ҷазру мадд гӯяд, ки аз пеши Моҳ (ба) ҳар гоҳ, ду бод мевазад, ки ҷойгоҳи эшон дар дарёи Садвис аст. Якеро Фурудоҳанҷ ва якеро Бароҳанҷ7 хонанд. Ҳангоме ки он Бароҳанҷ вазад, мадд, ҳангоме ки он Фурудоҳанҷ вазад, ҷазр бошад. Ба дигар дарёҳо, аз он ҷо, ки гардиши Моҳ ба-д-эшон нест, ҷазру мадд набошад.
Дарёи Камруд он аст, ки (ба) Абохтар аст, ба Табаристон гузарад. Он Сиёҳбун ба Рум аст. Аз дарёҳои кӯчак, он обгир8 (?) ва дарёи Киёнса аст, ки ба Систон аст. Дар оғоз храфастру мору вазағ дар (он) набуд ва оби он ширин (буд). Дигар дарёҳои кӯчакро низ (ки) об ширин аст, ин дарёҳо низ шӯр (буду) ба сабаби ганд то ҳосре ба наздик намешуд рафт; андак-андак дар пай нобудии палидиву риманӣ9, он ганду шӯре нобуд (ва) чун Фарашкард расад боз ширин шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор