Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Инро низ гӯяд, ки ҷуз Албурз Абурсинкӯҳ бошад, ки Абарсин хонда шавад, бузургтарин аст, кӯҳи ҳамаи Порт32 аст. Буни ӯ ба Систону сараш ба Чинистон33 аст. Теғае (аз ӯ) низ ба Хуросон аст. Дигар кӯҳи Мануш бузургтар; он кӯҳ, ки Манучеҳр бад-ӯ зода шуд. Дигар кӯҳҳои Порт34 аз эшон фароз рустанд. Чунин гӯяд, ки деҳкада(ҳои) Фурудобиву Обсарӣ перомуни ин се кӯҳ бештар падид омадааст. Кӯҳи Ириз ба Моҳу Ҳамадон то Хорзам аз кӯҳи Абарсин рустааст. Кӯҳи Мануш (ки) ба Хуросон ба марзи Туркистон аст, низ ба Абарсин пайваста аст. Кӯҳи Қоф аз ҳамон кӯҳи Абарсин рустааст. Кӯҳи Ушдоштор ба Систон аст. Арзуркӯҳ он аст, ки ба ноҳияи Рум аст. Патешхоргаркӯҳ он аст, ки ба Табаристону Гелону он ноҳия аст. Ревандкӯҳ ба Хуросон аст, ки озари Бурзинмеҳр бад-он нишинаду ӯро ревандӣ ин аст, ки романд35 аст. Бодғискӯҳ36 он ки ба марзҳои Бодғис аст, он ноҳияи пурдору пурдарахт. Багиркӯҳ он аст, ки Афросиёби Тур ба бору дошт ва он хонаро даруни он сохт ва имрӯза дар он Шаҳри Роми пирӯзу (низ) даҳ ҳазор шаҳристон (бун) афканда шудааст. Кӯҳи Басшигифт он ки ба Порт аст, аз ҳамон кӯҳи Абарсин аст. Кӯҳи Сиёҳманду кӯҳи Барфманд он аст, ки аз эшон Кобулу он ноҳияҳо то ба ноҳияи Чин рустааст. Испандиёркӯҳ бар дарёчаи Реванд аст. Кӯҳи Кадарвасп кӯҳест ба Тӯсшаҳр, ки дарёчаи Субар бар сари он аст. Кӯҳи Куерос ба Эронвиҷ аст. Усиндкӯҳ [Аснунд (?)] ба Озорбойҷон аст. Рӯишмандкӯҳ он аст, ки гиёҳ бар ӯ рӯяд. Бумкӯҳ он ки ҳама ҷо ба бум-буму шаҳр-шаҳр асту кишту ободонӣ бад-он кунанд, бисёр ному бисёр шумор аз ҳамин кӯҳҳо, ки баршумурда шуд37 рустааст, монанди онҳо, ки номашон ба дафтарҳо38 ва навиштаҳо пайдо аст.
Кӯҳи Гунобад, кӯҳи Аспрӯз, кӯҳи Паҳргар, кӯҳи Дунбованд, кӯҳи Роваг, кӯҳи Заррин, кӯҳи Дайбод (ки) кӯҳи Довод аст, кӯҳи Мизан, кӯҳи Марғ ҳама аз Абарсин, Мануш ва дигар кӯҳҳо, ки баршумурда шуд, рустаанд, зеро Доводкӯҳ, ки ба Систон39 (?) пайваста аст, ҳам аз Абарсинкӯҳ аст. Дунбовандкӯҳ он ки Беваросб бад-ӯ баста шудааст, аз ҳамон Патешхор аст. Низ кӯҳи Кумишу Гургон (бад-он) пайваста аст, ки кӯҳи Кумиш(ро ба) кӯҳи «Омад ба фарёд» хонанд, он аст, ки Гуштосп Арҷосбро бад-он шикаст дод. Кӯҳи Миёндашт аз он кӯҳи он ҷо гусастааст. Гӯяд ба корзори дин чун шикаст бар эрониён расид, (кӯҳи Миёндашт) аз он кӯҳҳо бигусаст, миёни дашт фуруд афтоду эрониён ба (ёрии) он раҳоӣ ёфтанд ва (онро) «Омад ба фарёд» хонанд. Гунобадкӯҳ ба ҳамон пуштаи Гуштоспон аст. Он ҷо ба Реванд, ки хонаи Озарбурзинмеҳр аст, нуҳ фарсанг ба Ховаронсӯй (қарор) дорад. Ровагбашн ба Заровад аст. Ин ҷойро бошад, ки Заровад, бошад, ки Ровагбашн ва бошад, ки Калод40 хонанд. Аз ду сӯй кӯҳ ва роҳ миёни (дара) аст. Дижи Фуруд41 (он ҷост). Ба сабаби диже, ки он ҷо сохта шудааст, ин ҷойро Калоддиж хонанд. Дар буми Сарахс42 кӯҳи Аспрӯз болои Чинистон, Дайбод ба Порт, Паҳргар ба Хуросон, кӯҳи Марғ ба Лоран, кӯҳи заррин ба Туркистон, кӯҳи Беҳистун ба Сипоҳони Кармишон43, дигар аз ин шумор, ки маҳалли рафт(у омаданд), дар дини Маздаяснон, кӯҳи Бум ангошта шавад. Худи кӯҳ он аст, ки пора-пора ба ҷой-ҷой рустааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор