Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи чигунагии заминҳо
Гӯяд дар «Дин», ки замин сиву се навъ аст. Чунонки пеш дар фасли Замин навиштам, ҳангоме, ки Тиштр он боронро сохт,
ки дарёҳо аз ӯ падид омаданд, заминро ҳама ҷой нам бигрифт, ба ҳафт пора бигусаст, дорои зеру забару баландиву нишеб бишуд. Порае ба андозаи нимае (дар) миёну шаш пораи (дигар) перомуни (он қарор гирифт). Он шаш пора ба андозаи Хванирас аст. Ӯ (онҳоро) кишвар ном ниҳод, зеро (эшонро) марз1 бибуд, чунон (ки) пораеро, (ки) ба ноҳияи Хуросон аст, кишвари Араза; пораеро (ки) ба ноҳияи Нимрӯз аст, кишвари Фрададафш ва Видадафш; ду пораро (ки) ба ноҳияи Абохтар аст, кишвари Вурубарешан, Вуруҷарешан хонанд. Онро, ки миёни эшон ва ба андозаи эшон аст. Хванирас хонанд.
Аз кишвар ба кишвар ҷуз ба иҷозаи2 эзидону варҷованде нашояд рафт. Чунин гӯяд, ки миёни Аразаву Сава ва Хванирас дарёст. Чунонки баҳре аз дарёи Фарохкард перомуни (онҳо)-ро бидошт. Аз миён, Фрададафшро бешае гирифтааст. Миёни Вурубарешану Вуруҷарешан кӯҳе баландбараст, ки то аз кишвар ба кишвар пайванд набувад, ки то (аз) яке ба дигаре рафтан нашояд. Аз ин ҳафт кишвар ҳама (гуна) некӣ дар Хванирас беш офарида шуд, Аҳриман низ, ба сабаби садамае, ки аз он бинад, бо Хванирас беш набард кунаду бадӣ ба Хванирас беш офаринад; зеро каёну ялон дар Хванирас офарида шаванд. Беҳдини маздаяснон низ ба Хванирас офарида шуд ва сипас ба дигар кишварҳо бурда шуд. Саошйансро низ дар Хванирас зоиданд, ки Аҳриманро нобуд кунаду растохезу тани пасин кунад.
Чунин гӯяд, ки бештари мардум дар Хванирасанд ва Хванирас нерумандтар аст. Дар Хванирас ин Дуруҷ бадтар аст. Аз ин (кишвари) Дуруҷро саранҷом низ он кишварҳо берун (бояд).
Дар бораи чигунагии кӯҳҳо
Дар «Дин» гуфта шудааст, ки нахустин кӯҳе, ки фароз руст, Албурзи эзидибухт буд. Аз он пас ҳамаи кӯҳҳо(и дигар) ба ҳаждаҳ сол фаро рустанд. Албурз то ба сар расидани ҳаштсад сол1 меруст: дувист сол (то) ба ситорапоя, дувист сол то ба Моҳпоя, дувист (сол) то (ба) Хуршедпоя, дувист сол то ба болои осмон.
Чунин (гӯяд, ки) дигар кӯҳҳо аз Албурз фароз рустанд, ба шумори ду ҳазору дувисту чиҳилу чаҳор кӯҳ, ки аст: Ҳугари2 баланд; Тираги Албурз3, ки чакоди Даити4 (дар миёни он) аст; Арзур Грева5; Усиндомкӯҳ6; кӯҳи Абурсин7, ки бошад (онро) Абарсин хонад; кӯҳи Заредаз8, ки Манушкӯҳ9 аст; кӯҳи Ерез10, кӯҳи Қоф11, ки Капк аст; кӯҳи Ушдоштор12; кӯҳи Арзур13, Бумкӯҳ14; Руишмандкӯҳ15; Патешхоркӯҳ16, ки Маҳисти Фаррахорикӯҳ низ хонанд; кӯҳи Реванд17; кӯҳи Дороспанд18 ва Багир19; кӯҳи Басшигифт20; кӯҳи Сиёҳманд21; кӯҳи Барфманд22; кӯҳи Испандиёр23; (кӯҳи) Кадарвасп24; кӯҳи Аснванд25; кӯҳи Куирос26; кӯҳи Доб27; кӯҳи Андаркангдизд28, ки «Асониманд аст». Инон кӯҳҳои некуфарраи ногузароанд.29 Тафсили эшонро гӯям: Албурз перомуни ин замин ба осмон пайваста аст. Тирги Албурз он аст, ки ситораву Моҳу Хуршед бад-ӯ фурӯ гарданду бад-ӯ бозоянд.30 Ҳугари баланд он аст, ки оби Ардвисур аз ӯ фуруд ояд як ҳазор мард боло. Усиндомкӯҳ он аст, ки аз Хумоҳан, аз гавҳари Осмон миёни дарёи Фарохкард аст, ки об аз Ҳугар бар ӯ фурӯ резад. Чакоди Даити он аст, ки миёни ҷаҳон яксад мард болост, ки Чинводпул бар ӯ истад. Говонро бад-он ҷо омор кунанд. Арзур Грева чакоде ба дари дӯзах аст, ки ҳамвора сукунати31 девон бад-ӯст, ки ҳама дурӯғварзӣ он ҷо кунанд. Чунин гӯяд, ки Замин кадом ҷой мустамандтар аст? Гуфта шавад: «Арзур Грев бар дари дӯзах, ки сукунати девон бад-ӯст».

пешина
аз 314
навбатӣ