Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ин нахустин набардро ахтарон24 бо Аҳриман карданд. Нуҳум набардро эзидони минуӣ бо Аҳриман карданд. Ҳангоме ки (девонро) заданду шикаст доданду ба дӯзах афганданд. Чунин гӯяд: «Бад-он набард кардан, эзидони минуӣ навад шабонарӯз бехобу беташнагӣ буданд».
Даҳум (набардро) ситорагони ноомезанда карданд, ҳангоме, ки нагузоштанд торикиву базеҳ ба болотар биёмезад. Чунин гӯяд, ки фарраи беҳдини маздаяснон ба монанди Аюнгаҳон, ки монанди кустист, ситоранишону минувон офарида, се тоҳ бар се гиреҳ - перомуни Осмонро бад-он поя нигаҳ дошт. Он ситорагон бо (абохтарон) ба набард истоданд то фарҷом, чунонки худ навишта шуд, ки ҷавҳари разми қатъии покӣ дар (даврони) омезиш хонда шавад.
БАХШИ НУҲУМ
Дар бораи наҳваи он офаринишҳо
Дар «Дин» гӯяд, ки чун Аҳриман дартохт, на ба сол, моҳу рӯз (буд); тез дар замон биёмад. Нахуст бар як савуми ин замин, дигар бар як савуми ин замин ва седигар бар ҳамаи ин замин биёмад. Пас бар обу гиёҳ ҷаст. Ҳурмазд он тани эшонро баргирифт, бар он ситорапоя бурду фароз ба ситорагон дод, ки равшании он ситорагон аст, ки акнун бар гетӣ бозтобад. Чунин гӯяд, ки ахтарон обсиришту заминсиришту гиёҳсириштанд. Он обсиришташон (иборатанд аз) Тиштр, Таришагу Падиспару Пешпарвизу ҳафт ситора, ки Парвиз хонанд.1 Эшон оби сардгонанд. Он заминсиришт(он) Ҳафтаврангу Мехи миёни осмонанд. Эшон замини сардгононад. Он гиёҳсиришт(он)и дигар (ситорагон) ҷуз эшонанд.
Пас Аҳриман бар Гов омад. Гов, ба сӯи Нимрӯз, бар дасти рост афтод. Нахуст он пойи ростро барҳам бурд. Ҳурмазд он тану оинаи2 Говро баргирифт, ба Моҳ супурд, ки ин равшангарии Моҳ аст (ки) гиёҳон бозтобанд. Чунин гӯяд, ки Моҳ гӯспандтухма аст, зеро оинаи говону гӯспандон ба Моҳпоя истад. Сипас, чун бар Каюмарс омад, Каюмарс ба сӯи Нимрӯз, бар тарафи чап афтоду нахуст низ он пойи чапро барҳам бурд. Ҳурмазд он тани ӯро баргирифту ба Хуршед бурд, ки ин равшании Хуршед аст, ки бар ҷаҳон тобад; зеро Гов чунон буд, ки Моҳу Каюмарс чунон буд, ки Хуршед. Ҳурмазд(шон) ба гетӣ фароз офариду чун Аҳриман омад, (эшонро) фароз ба боло бурд, ки то боз ба бунаи хеш тобаду девонро низ он фарра3 ба хешӣ4 нарасад, ки бад-он неруманд шаванд. Агар чунин мекард, он равшанӣ ба гетӣ наметофт, ҳамчун оташ, ки равшанӣ аз равшании бекарон бад-ӯ пайваста аст, агар (ӯро) бифрӯзанд, равшанӣ ба боло диҳад, ба бунаи хеш, ки аз он омад. Инро низ гӯяд, ки чун бар Каюмарс марг бар омад, нахуст Аҳриман бар он пойи рост бад-он ангушти кӯчак фароз тохт, сипас, бар дил гуруснагӣ фароз ҳишт. Ҳурмазд (ба муқобилаи) Аҳриман он ҷо биистад, то гӯшту равған ба Каюмарс бихӯронад, ки то девон ӯро ба нохӯрдан надоранд. Бад-он сабаб ҷон дар тани Каюмарс ба сина сахттар бишуд. Сипас, бар шонаи (ӯ) омад, сипас, ба болои сар тохт. Аз тани Каюмарс равшанӣ чунон бирафт, ки оҳани гарми сурхро чун путк барзананд, сиёҳ бишавад Акнун низ мардум дар гетӣ бад-ин шева миранд, ки нахуст пой, сипас, дигар андом(ҳо) то синаи5 шахс хушкад. Сипас, ҷон дар сина сахтар бишавад, хӯриш хӯрад. Басо, ки мардум бад-он гумроҳ шаванд, ки он тан беҳтар шавад, пас зуд (бошад, ки) мирад. Чун мирад, ранг баргардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор