Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Сагро гӯяд, ки аз ситорапоя аст, ки аз он ноҳияти ситораи Ҳафтавранг аст ва ӯро барои посбонии гӯсфандон (ба фосилаи) йуҷйасти46 аз мардумон фароз офарид чунон омезае аз ҷонварону мардумон. Аз он рӯй саг хонда шавад, ки сеяки ӯ аз мардумон аст47. Ӯро чобуку хешмӯзаву хешҷома48, бехобу кӯшову бедору чаҳордаҳдандону тездандону рамасолор офарид, зеро он рамае аз гӯсфандон дертар пояд, ки бо он саге буд. Бад-он пурбимтарин (гоҳ) ки шер ва бад-он (камбимтарин гоҳ) ки шағол расад, посбонӣ кунад.
Ҳурмазд чун мурғи шоҳинро49, ки мурғи шикорист, офарид, гуфт, ки: «Ту – мурғи шоҳинро офаридам, аз ту маро ранҷ беш бошад, ки хушнудӣ, зеро коми Аҳриман беш варзӣ, ки они ман. Ба монанди мардуми дурванд, ки аз хоста сер нашавад, ту низ аз мурғ куштан50 сер нашавӣ. Аммо агар ту, мурғи шоҳинро намеофаридам, он гоҳ Аҳриман гурги пардодро ба сони тани ту51 меофариду намегузошт офаридагон зист кунанд».
Ӯ ҷонваронро бад-ин ҳама сарда аз он рӯй офарид, ки агар Аҳриман якеро нобуд кунад, яке (дигар) бимонаду ба сабаби нотавонӣ дар аз миён бурдан кӯшиш ба нобуд кардан кам кунад.
Инро низ гӯяд, ки ӯ ҷонварро нахуст бад-он моҳи (оғозини) тобистон – моҳи Фарвардин, рӯзи Ҳурмузд, оғози тобистон52 – фароз офарид. Соли дигар, Фарвардинмоҳ обистан буданд. Аз эшон, он ки нахуст ба фарзанд53 хостан андешид, шутуру асб, он ки пас аз ҳама андешид, хук буд. Ба нуҳ сол он ҷонварон ба ҳафт кишвари замин биёмаданд. Ба се сол ба шаш кишвар ва ба шаш сол ба Хванирас.
Чунин гӯяд, ки нахуст кармоҳӣ ва араз ба оби Арванд фуруд ба Сава шуданду гӯсфандон бирафтанд ба Вурубарешан ва Вуруҷарешан, Симурғ ба дарёи (Фарохкард), аспи неруманд ба Фрададфшу Видадафш. Эшон шаш моҳ пеш аз паррандагон бад-он ҷо шуданд ва дар дарозои соле он (ҷонварони) кӯҳзӣ биёмаданд ба ҷуз симурғ. Ба ду сол он (ҷонварони) обзиву сӯрохзӣ биёмаданд, ба ҷуз кармоҳӣ. Ба се сол он чароарзонӣ(ҳо) биёмаданд, ба ҷуз асп. Дар (миёни) говон, (гове) аст, ки гови сарисуг54 (ё) ҳадайа55 хонанд, дар харон (хареро) хари сепою дар мурғон (мурғеро) чамруш ва дар моҳиён (моҳиеро) воси панҷасадурон (хонанд). Кирдори эшонро ба дари хеш гӯем56.
Дар бораи чигунагии мардумон
Ба «Дин» гӯяд, ки ман мардумонро даҳ гуна фароз офаридам: нахуст он Каюмарси равшану сапедчашм аст то даҳ гуна, ки яке (ҳамон) Каюмарс аст ва (то) нуҳум аз Каюмарс боз буд. Даҳум каппӣ аст (ки аз) мардумон фурӯтарин хонда шавад. Чун Каюмарсро беморӣ бар омад, бар дасти чап афтод. Аз сар сурб, аз хун арзиз ва аз мағз сим, аз пай оҳан, аз устухон рӯй ва аз пиҳ обгина ва аз бозу пӯлод, аз ҷони рафтанӣ зар ба пайдоӣ омад, ки акнун ба сабаби арзишмандии (зар, онро) мардумон бо ҷон бидиҳанд. Аз он (ангушти) кӯчак1 марг ба тани Каюмарс даршуд ва ҳамаи офаридагонро то Фаршкард марг бар омад. Чун Каюмарс ба ҳангоми даргузашт тухма бидод, он тухмаҳо ба равшании хуршед полуда шуд ва ду баҳри онро Нарйосанг нигоҳ дошт ва баҳреро Спандормад пазируфт. Чиҳил сол (он тухма) дар замин буд. Бо ба сар расидани чиҳил сол, ребос тане як сутун2, понздаҳ барг, Маҳливу Маҳлиёна (аз) замин рустанд. Дуруст (бад-он) гуна, ки эшонро даст бар гӯш бозистад, яке ба дигаре пайваста, ҳамболову ҳамдеса буданд. Миёни ҳарду эшон фарра3 бар омад. Он гуна (ҳар се) ҳамболо буданд, ки пайдо набуд, ки кадом нару кадом мода ва кадоми он фарраи Ҳурмаздофарида (буд, ки) бо эшон аст, ки фарраест, ки мардумон бад-он офарида шуданд.

пешина
аз 314
навбатӣ