Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданБИСТУ ДУ ВОЖА АЗ ОЗАРБОДИ МАҲРАСПАНДОН
- Бисту ду вожа аз Озарбоди Маҳраспандон – матнест аз андарзҳои Озарбоди Маҳраспандон, ки дар бахши 62 «Ривоёти паҳлав�» омада ва бо
хоҳиши шогирди Озарбоди Маҳраспандон баён шудаанд. Озарбод ин вожаҳоро аз устоду омӯзгори хеш Меҳр Ҳурмузд шунида ва Меҳр Ҳурмузд онҳоро аз Одаруг ном шахсе ба ёдгор гирифтааст. Омӯзиш, тарҷума ва шарҳу нашри ин асарро Е.Б.Дҳабҳар, М. Мирфахроӣ, Р.Гиселен, Р.Аша, Р.Афифӣ, Д.Саймиддинов анҷом додаанд. - Родӣ – бахшиш, бахшояндагӣ. 3. Некпаймонӣ – вафо ба аҳд. 4. Паймонгарӣ – эътидол. 5. Мену – рӯҳ; менуӣ – ҷаҳони рӯҳонӣ. 6. Тани пасин – тани охирин; зиндагӣ дар ҷаҳони пасин; тане, ки дар охири ҷаҳон офариниш ё мавҷудот бо он омезиш ёбад; тане, ки мурдагон дар растахез бо он бармехезанд; зиндагии ҷовидона пас аз растохез.
- Маъхаз: Адабиёти паҳлавӣ (Пажуҳиш, тарҷума ва ташреҳ). Ба саъю эҳтимоми Додихудо Саймиддинов. – Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2003.- С.166-170.
ДАР БОРАИ ПАЙМОНИ КАДХУДОӢ - Дар бораи паймони кадхудоӣ – матне иборат аз 11 банд дар маҷмӯаи мутуни паҳлавӣ аст, ки ба чигунагии шеваҳои хостгорӣ ва ӯҳдадории ҳамсарон нисбат ба якдигар бахшида шудааст. Матни мазкур тибқи нашри донишманди эронӣ Саиди Урён (Матнҳои паҳлавӣ, Теҳрон, 1382) интихоб гардид.
- Андар моҳи баҳмани соли шашсаду бисту ҳафт, пас аз соли бистуми (салтанати) Яздигурд – ин таърихро замони тадвини асари мазкур маҳсуб кардаанд (Ниг.: Матнҳои паҳлавӣ. Пажуҳиши Саиди Урён, Теҳрон, 1382-.С.28).
- Аҳлу дод – амали писандида ва нек. 4. Беҳдинӣ – эътиқод ба дини маздоясно. 5. нагардам – рӯй барнатобам. 6. занӣ – заношӯӣ. 7. шӯйварӣ – ҳамсарии зан дар баробари шӯй. 8. шаҳроварш- пули дар он замон роиҷи кишвар. 9. Гуҳрӣ- маблағе, ки домод ба сифати навъе замонати иҷроӣ дар баробари ӯҳдадориҳояш ба арӯс мепардохт ва ин маблағ ҷузви моликияти зан маҳсуб мешуд. Эҳтимолан баробари маҳрия аст.
- Дорандагӣ ва хешӣ – моликият дар назар аст. 11. Хосторӣ кунад – бихоҳад. 12. Ихтиёрдорӣ – низ ба маънии моликият доштан. 13. Маъхаз: Матнҳои паҳлавӣ (Тарҷума, овонавишт). Гирдовардаи Ҷомосп Ҷӣ дастури Манучеҳр Ҷӣ Ҷомосп Осоно. Пажуҳиши Саиди Уриён.- Теҳрон: Созмони мероси фарҳангии кишвар, 1382.- С.145-146.
ВИЗИДАГИҲОИ ЗОДСПРАҲМ
(Гузидаҳои Зодспарам) - Визидагиҳои Зодспраҳм – аз намунаҳои барҷастаи насри паҳлавӣ аст, ки ба қалами яке аз мӯбадони бузурги зартуштӣ дар садаи севуми ҳиҷрӣ Зодспраҳм навишта шудааст. Дар ин китоб бо такя ба Авестои замони Сосониён зиндагиномаи достонии Зартушт нақл шудааст. Чунин бармеояд, ки матолиби китобҳои Динкард, Визидагиҳои Зодспраҳм, Визаркарди диниг ва Зартуштнома аз маъхази ягона, Авестои замони Сосониён бармеояд. «Визидагиҳои Зодспраҳм» чандин бор тарҷума ва нашр шуда, аз ҷумла тарҷумаи Муҳаммад Тақӣ Рошиди Муҳассил дар Теҳрон (Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти Фарҳангӣ, 1366) ба табъ расидааст. Матни ҳозир аз китоби «Мутуни шарқӣ ва суннатии зартуштӣ» - пажуҳиш ва навиштаи Ҳошими Разӣ (ҷилди аввал, Теҳрон, 1383, с. 139-161) баргардонӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор