Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Навоз (Navaza) – ба номи Навоз ва руди Рангҳо Ranha (Аранг) чандин дафъа ҳамчун номи дарё ёд шудааст. Бартоломе номи аввалро «киштирон» шарҳ додаст.
  2. Бикунад, ки аз ту даҳ писар оянд… - дар бораи писарони Гуштосп дар Фарвардиняшт иттилооте ҳаст.
  3. Се тан аз онон монанди кишоварзони ғаллапарвар (вастриюшон) шаванд – дар ин ҷо аз се гуруҳи мардуми Эрон ёд гардидааст: Атхраван ё Асраван athravan Ратаиштар rathaestar, Вастрия vastrya.
  4. Хуршед, Моҳ, Озар, Меҳр, Сурӯш-номи эзадон. 12. Рашн ва Баҳроми Аҳуроофарида – номи эзадон. 13. Бикунад монанди Роми хостар – Ром номи эзад аст ва сифати он «хвастра» ба маънии дорандаи чарогоҳи хуб.
  5. Бикунад монанди Кайхусрав аз беморӣ барканор ва бемарг шавӣ – Кайхусрав, ки дар оини Эрон нақши ҷовидонӣ дорад, ҳангоми падид омадани Сушиянт дар нав кардани ҷаҳон аз зумраи ёрони вай аст.
  6. Маъхаз: Виспарад. Бахше аз Авесто (Офарин Пайғамбари Зартушт, Оташ, Ҳафт кишвар, Савганднома). Гузориши устод Иброҳими Пурдовуд. – Теҳрон: Асотир, 1381.- С.80-82.
    АНДАРЗИ ОЗАРБОДИ МАҲРАСПАНДОН
  7. Андарзи Озарбоди Маҳраспандон – Андарзномаи Озарбоди Маҳраспандон, ки мубади замони Шопури 2 (309-379 м.) шоҳи сосонӣ маҳсуб меёбад. Баргардонии матни мазкур тибқи нашри профессор Д. Саймиддинов (Адабиёти паҳлавӣ. Пажуҳиш, тарҷума ва ташреҳ. –Душанбе, 2003. –С. 149-156) сурат гирифт. 2. Бадогоҷ – ҷоҳил. 3. Ба миён бувад – бар ҷой бувад. 4. гарудмонӣ – он ки ҷои ӯ дар гарудмон – болотарин табақа ва беҳтарин ҷой дар биҳишт бошад.
  8. Маъхаз: Адабиёти паҳлавӣ (Пажуҳиш, тарҷума ва ташреҳ). Додихудо Саймиддинов. –Душанбе: Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, 2003. – С.149-156.
    ЧАНД ВОЖАИ ОЗАРБОДИ МАҲРАСПАНДОН
  9. Чанд вожаи Озарбоди Маҳраспандон – вопасин суханест, ки зимни даргузашт Озарбоди Маҳраспандон ҳамчун ёдгор ба ҷаҳониён гуфтааст. Тарҷума ва нашри ин асарро Ҷамасп-Асана, М.Рана, З.Зехнер, Р.Афифӣ, М. Навобӣ, О. Чунакова, А.Тафаззуалӣ, З.Аша, Д.Саймиддинов, С.Урён анҷом додаанд. Ҳангоми таҳия дар ихтиёри мо тарҷума ва нашри Д.Саймиддинов («Чанд вожаи Озарбоди Маҳраспандон») ва Саиди Урён («Сухане чанд (аз) Озарбоди Мораспандон») қарор гирифт.
  10. Пули Чинвод – Чинводпул, пули Сирот, пуле аст, ки барои озмоиши равон дар гузаштагон сохта шуда, дар сари он кирдори нек аз бад шинохта мешавад. Ин гузаргоҳ барои покон ва некон ба паҳнои нуҳ найза (ҳар найза ба баландии се тир) кушода мешавад, вале барои бадон ва гунаҳкорон устувор боқӣ мемонад.
  11. Гуҷаста – малъун. 4. Озварӣ – ҳирс. 5. Каффора – ҷуброн. 6. Маъхазҳо: Адабиёти паҳлавӣ (Пажуҳиш, тарҷума ва ташреҳ). Ба саъйу эҳтимоми Додихудо Саймиддинов. – Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2003. – С. 160-165; Матнҳои паҳлавӣ (Тарҷума, овонавишт). Гирдоваридаи Ҷомосп Ҷӣ дастури Манучеҳр Ҷӣ Ҷомосп Осоно. Пажуҳиши Саиди Урён. – Теҳрон: Созмони мероси фарҳангии кишвар, 1382. – С. 147-152.
пешина
аз 314
навбатӣ