Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Girgir, гиёҳест шабеҳи боқило, вале кӯчактар аз он. Донаҳояш резтар аз як нахӯду сиёҳранг аст. Форсӣ чиргир.
  2. Mijūg. Форсӣ: мажу. Адас аст. 5. Wēnōg. Форсӣ: бансурх, ба маънои адас ва банусиёҳ ба маънои мош. 6. Кӯдаки раз, ба маънои ангур, мафҳуми ноошное дар адабиёти форсӣ нест:
    Модари майро бикард бояд қурбон, Бачаи ӯро гирифту кард ба зиндон.
  3. Spadān. Форсӣ: спандон ба маънои донаи хардал, вале ин вожа муҳтамилан ба маънои испанддона аст. Испанддонаро дар оташ мерезанду бӯй ва дуди он бино ба суннат фазоро аз олудагӣ пок мекунад. Онро барои аз миён бурдани чашмзахм низ ба кор мебаранд.
  4. ТД1: L''t; ТД2:Lys't; дар «Динкард»: L'sk' (ДМ, 795-5); Дар «Бундаҳишн» (ТД2 118-8): L'st'. Зоҳиран: rašt, Авесто: urvasna-; занҷабили шомӣ.
  5. 'Sp klp'n. Қироати номушаххас. Шояд ābkirban (ситорагони) обпайкар.
  6. Барои баробари авестоии ин банд, н. к. «Моҳ-яшт», муқаддима ва банди 7.
  7. Дар ҳар се дастнавис, пас аз ин вожа 15 вожа изофӣ аст (аз cygwn mo GMR' ).
  8. ДН ду бор вожаи YHBWN-t-ро изофа дорад ва ду дастнависи дигар ҳар як як бор.
  9. Авесто: gairi. šak-, паҳлавӣ: gelišag, garišag, дар кӯҳ бошанда. Ду истилоҳи чароарзонӣ ва гаришак баробари ду истилоҳи имрӯзини мо: «аҳлӣ ва ваҳшӣ», «дому дад» аст.
  10. Баъд аз ин вожа ҳар се дастнавис вожаи uniq, ба маънои сӯрохзиро изофа доранд. Чун сӯрохзиён худ аз чаҳорпоёнанд, ки баъдан ёд хоҳад шуд.
  11. Ба маънои навъ, гуна ва шакл. 16. Buz ī gēpān, бузи тудилӣ. Gēpā, дар форсӣ: гипо. 17. Zibal. Форсӣ: зиболу зибил тундраву сареъ. 18. Ҳар се: wwišnwwg. Шояд gurgānīg xar. Хари гургонӣ (н. к. ба «Дар бораи чигунагии гиёҳон», ёддошти 51). Манзур гӯрхари биёбонӣ дар Кавир аст.
  12. Muškan-pa (d) –rān. Н. к. ТД2, р. 156, ки дар он ҷо mušk ī wuzurg, mwšk y LB зоҳиран иштибоҳи имлоӣ барои mušk-gurbag аст. Ҳамон ҷонваре, ки дар форсӣ вайро «зубодғолия» мехонем. Ҷонварест гурбасон, ки дорои моддае хушбӯ дар миёни ду рон аст.
  13. Tarr, форсӣ: тари, ба маънои саъва. 21. ТД1: ph'k; ТД2, ДН: phyk. Номи гунае аз мегӯ қироати номушаххас, шояд payg.
  14. Авесто: sareδa, паҳлавӣ: sardag, қисм, навъ, гуна. 23. Ҳар се: kyn'. Шояд kyn', gōspand: вале бо матлаб ҳамоҳанг нест. 24. ТД1 ва ДН: Wlk/wlyk; ТД2 Wlk/wlk. Муҳтамилан: rang, lnk, навъе бузи кӯҳӣ. Форсӣ: ранг. Шояд сурати кӯтоҳшудаи ранг: раг.
  15. Паҳлавӣ: kurišk/kurišag (?). Ҳамон ҷонвари афсонаӣ ва маъруфе, ки дар адабиёти фаранг unicorn номида мешавад ва ба сурати асп ё гӯспанде бузург бо як шох тасвир мегардад. Дар «Гузидаҳои Зодспарам» ба сурати mēš kurišk/kurišag ёд мешавад, ки бинобар ин на чун асп, балки гӯсфанде бузург бояд буда бошад: «Дар шаб Баҳману Сурӯш меши каришаки ширпистонро ба сӯрохи (гург) бурданд. Ӯ то рӯз гувора-гувора шир ба Зартушт медод. Дар бомдод модари Зартушт бад-он умед, ки устухони вайро аз сӯрох биоварад мумкин бошад, ба он ҷой шуд ва каршак берун омад, фароз давид ва модар андешид, ки гург аст». (VZ,рр 63-64).
пешина
аз 314
навбатӣ