Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Авесто: taēra -, паҳлавӣ terag. Муҳтамилан ин риштакӯҳи афсонаӣ дар миёни ҷаҳон, дар Эронвиҷ карор дорад ва дар миёни он қуллаест, ки бар сари қулла фурӯрафтагии амиқ вуҷуд дорад, ки дар буни он дарвозаи дӯзах аст. Пӯли Чинвод бар ду сари қуллаву бар фарози ин дарвоза аст.
    Дар Авесто Тираг номи кӯҳест дар канори дигар кӯҳҳо ва аҳамияти он дар ин аст, ки гирдогирди он ситорагону Моҳу Хуршед давр мезананд («Рашн-яшт», банди 25). Ҳамин бардошт дар адабиёти паҳлавӣ такрор мешавад ва вуҷуди шабу рӯз ба ин қуллаи куҳ марбут мегардад.
  2. Авесто: dāityā, паҳлавӣ dati, маъмулан ин номи яке аз рӯди афсонаӣ аст, вале дар ҷо номи ҳамон қуллаест, ки дар миёни Тираги Албурз қарор дорад.
  3. Авесто: arəzura grīva-, паҳлавӣ arzur griwag. Имлои паҳлавии ҳар се дастнавис чунин тасҳеҳ шавад: 'Lzwl glywk. Чунончи дар ёддоштҳои қаблӣ дида шуд, дарвозаи дӯзах дар буни чагоди Даити аст ва дар ин ҷо низ дари дӯзах бар Арзур Грева аст.
  4. Авесто: ғs. handava, паҳлавӣ: usindam. Номи ин кӯҳ дар «Тир-яшт» (бандҳои 32-33) меояд. Бинобар он ин кӯҳ дар миёни дарёи Фарохкард ҷой дорад ва аз ин кӯҳ аст, ки пас аз пирӯзии Тиштр бар Апаошдев, меҳу абр мехезаду бар ҳафт кишвар меборад.
  5. Авесто: upairi. Saēna, паҳлавӣ: abursēn/abarsēn, ба маънои фарози (парвози) симурғ, болотар аз ҳадди парвози симурғ. Зоҳиран бахше аз кӯҳҳои Ҳиндукуш.
    Агар saēna дар Авесто (ба маънои симурғ) бо вожаи syena – (ба маънои уқоб) дар санскрит яке бошад, муҳтамил аст симурғ дар назди ҳиндуэрониён дар асл ба маънои уқоб будааст.
  6. Авесто: zarədaza, паҳлавӣ: zaredaz. 9. Авесто: manuša,- паҳлавӣ: manuš. 10. Авесто: ərəziša, паҳлавӣ: erez, кӯҳҳои Моду Ҳамадон то Хоразм, ки муҳтамилан баробар бо кӯҳҳои Албурзи феълӣ аст.
  7. Дар Авесто наомадааст, паҳлавӣ kōf kap/kōf kapk. Дар матнҳои динии армании куҳан низ ба сурати kap ва kapk омадааст (Эроншаҳр, с. 94). Номи вожаи Қафқоз муҳтамилан бо номи ин кӯҳ марбут аст. Ин ҳамон аст, ки дар форсӣ ба сурати кӯҳи Қоф бозмондааст.
  8. Авесто: uši. darəna, паҳлавӣ ušdāštār ба маънои доранда ва ҳофизи саҳар. Сифати ин кӯҳ дар Авесто XvaØra-aša ба маънои дорандаи хориву осоиш аст. Ҷои ин кӯҳро дар Систон донистаанд. Мумкин аст бо кӯҳи Хоҷа марбут бошад. Номи дигари он дар Авесто uši. dam аст.
  9. ТД1: 'LtL, ТД2 ва ДН 'Lwtl. Муҳтамилан 'Lzwl, Авесто arazura, паҳлавӣ arezur/arzuz, номи кӯҳест дар самти Рум ё дар Шимол ва ҷои девон аст. Н. к. ёддошти 5.
  10. Авесто būmya-, паҳлавӣ: būmkof. Аз матни авестоӣ («Зомиёд-яшт», банди 2) бармеояд, ки номи кӯҳест воҳид; вале дар адабиёти паҳлавӣ, дар ҳамин фасл аз он ба унвони кӯҳҳои маҳаллӣ, ки дар ҳар ҷо ва ҳар шаҳр номе дигар дорад, сӯҳбат мешавад.
пешина
аз 314
навбатӣ