Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳамаи шоҳоне, ки бар тахт нишастанд, аз ҳамаи манотиқи ҷаҳон; аз дарёи Илё то дарёи Сафло,18 ки дар {шаҳрҳо}
    зиндагӣ мекунанд, шоҳони Омуро, ки дар зери чодарҳо зиндагӣ мекунанд, ҳама барои ман хироҷи сангине оварданд ва дар Бобул поҳои маро бӯсиданд;19 аз Замбан, аз Митурну, аз Дер то сарзамини Гӯтӣ, то шаҳрҳои {он сӯи} Даҷла, ки пояҳояшон аз муддатҳо пеш раҳо шуда буданд, Худоёнеро, ки манзилгоҳашон он ҷо буд, дубора баргардондам ва барои онҳо манзилгоҳе ҷовидона сохтам; ҳамаи мардумро як ҷо фароҳам овардам ва онҳоро муҷаддадан дар манзилҳояшон мустақар кардам.
  2. Ва Худоёни Сумер ва Аккадро, ки ба рағми хашми Худои Худоён Набунаид ба Бобул бурда буд, онҳоро дар миёни шодӣ, ба дастури Мардук, дар маобадашон, дар манзиле, ки дилро шод мекард, қарор додам; ҳамаи Худоёне, ки ман ба шаҳрҳояшон баргардондам, ҳар рӯз дар баробари Бил ва Набу бо лутф бихоҳанд дарозии рӯзҳои зиндагии маро; ки барои ман сахт лутфомез бар забон оваранд ва ба Мардук, Худои ман бигӯянд:
  3. Куруш, ки туро меситояд ва писараш Камбуҷия, битавонанд салтанати {...} шон {...} ман ҳамаи онҳоро дар манзиле ором мустақар кардам {...}, {...як} ғоз, ду ӯрдак ва даҳ кабӯтар, барои ғозҳо, ӯрдакҳо ва кабӯтарон {...}.
  4. {...} ман афзудам {...} девори Имгур – Ийилил, бо рӯи бузург Бобулро, ки хостам сохтмонашро истеҳком бахшам ва {...}; канораҳо бо оҷур, дар канораи хандақҳои шаҳр, ки шоҳи пешин, сохтан {...} {оғоз} карда буд дар беруни {...}, коре, ки ҳеҷ шоҳе накарда буд, гурӯҳҳояш бо бегорӣ (?) {...} дар Бобул {...} бо {қир} ва оҷур сохтам, {...} ҷадид ва {...} бо пӯшише аз муфаррағ, даргоҳҳо ва аз {забонаҳо}.
  5. {...} катибае аз Ошурбонипол {...} шоҳе, ки пеш аз ман буд {...} {...} то абад.
    КАТИБАИ ДОРО ДАР БИЙСТУН1
    I
    Ман Доро [ям] шоҳи бузург, шоҳиншох, (шоҳи шоҳон), шоҳи порс, шоҳи диҳон, пури Виштосп, навоҳи Аршама, Ҳахомаиишй.
    Дорои шоҳ мегӯяд: падари ман Виштосп [аст], падари Виштосп-Аршама, падари Аршама Ариярамра, падари Ариярамра Чишпиш, падари Чишпиш-Ҳахоманиш.
    Дорои шох мегӯяд: аз ин рӯ моро Ҳахоманишӣ мегӯянд. Аз овони бостон мо аз озодагонем, аз овони бостон [аст] ки тухми (парваз) мо шоҳ аст.
    Дорои шоҳ мегӯяд: Ҳашт [кас] аз тухми (парваз) ман пештар шоҳ буданд. Ман нуҳумам. Нуҳ кас пайдарпай шох будем.
    Дорои шоҳ мегуяд: ба бузургии Ахурамаздо аст ки ман шоҳам. Аҳурамаздо маро шоҳӣ бидод. Дорои шоҳ мегӯяд: ин аст он диҳоне (кишвар) ки [зери дасти] ман омаданд; ба бузургии Аҳурамаздо ман шоҳшон будам: порс, Хузистон (Элам), Бобируш. Ассуриа, Арабиа, Миср [кишвари онҳое ки] фаросуи дарёанд, Спарда, Иониа, Мод, Армина, Каппадокиа, Парфиа, Дрангиана, Ариа, Хваразмиа, Бохтриш, Сугд, Гандора, Сака (Скифиа), Саттагидиа, Арахозиа, Мака фароҳам (дар маҷмӯъ) 23 диҳ.
пешина
аз 314
навбатӣ