Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан- Ман, ки бад-он ҷоям, Ҳама-Динро4 ситоянд, барои подоши шодӣ Ҳадухтро ситоиш фармоянд.
Фарҷомид ба дуруд, шодӣ ва ромиш. Шоду фарруху дерзисту пирӯзгару росткирдору комгор бод он ки навишт, он ки бо худ дошт ва он ки (инро) хонд. Ашем.
МОДИГОНИ ЧАТРАНҶ1
(Шатранҷнома)
Ба номи Яздон Чунин гӯянд, ки дар даврони подшоҳии Хусрави Анӯшервон Девсарм - шаҳриёри бузург, шоҳи ҳиндувон бар озмудани хираду доноии эрониён ва низ андешаи суди хеш ин шатранҷи ҷуфти понздаҳто аз зумруд ва понздаҳто аз ёқути сурхро бисохт ва фиристод. Бо ин шатранҷ ҳазору дусад шутур бор зарру сим ва гуҳару марвориду ҷома, наберад фил дороӣ бо (он) фиристод. Ва Тахтаритусро, ки дар Ҳинд баргузида буд, бо (он) фиристод.
Ба нома чунин навишт, ки Шумо ном ба шоҳаншоҳӣ (доред ва) ба мо шаҳриёред, бояд, ки доноёни Шумо аз они мо донотар буванд. Рози ин шатранҷ таъбир кунед, вагарна суду бож фиристед.
Шоҳаншоҳ се рӯз замон хост ва ҳеҷ кас набуд аз доноёни Эроншаҳр, ки рози ин шатранҷ таъбир кардан тавонад.
Рӯзи севум Бузургмеҳри Бухтагон бар пой истод ва гуфт, ки ҷовидон бодо! Ман рози ин шатранҷ то имрӯз таъбир накардам, то Шумо ва ҳар ки дар Эроншаҳранд, бидонед, ки дар Эроншаҳр ман марди донотарам. Ман рози ин шатранҷ ба осонӣ таъбир кунам ва суду боҷ аз Девсарм ситонам ва ҳамчунин розе кунам ба Девсарм фиристам, ки ӯ таъбир кардан натавонад (ва) аз ӯ дубора суд гирам. Ва ба ин бегумон бошед, ки Шумо ба шоҳаншоҳӣ сазоворед ва доноёни шумо аз они Девсарм донотаранд.
Шоҳаншоҳ се бор гуфт, ки бизиҳ, Бузургмеҳри мо! Ва ӯ ҳазору дусад дирам ба Бузургмеҳр додан фармуд.
Рӯзи дигар Бузургмеҳр Тахтаритусро ба пеш хост ва гуфт, ки Девсарм ин шатранҷро ба корзор монанд кардааст. Ва ӯ монанд (ба ин) ду фармонраво сохтааст. Шоҳ ба миён, рух ба паҳлуи чапу рост монанд, фарзин ба солори артиш монанд, фил ба солори посбонон монанд, пиёда ба он пиёда монанд, ки пешразм (аст).
Пас Тахтаритус шатранҷ ниҳод (ва) бо Бузургмеҳр бозид. Ва Бузургмеҳр се даст Тахтаритусро бибурд ва аз он хурсандии бузург ба ҳама кишвар расид.
Пас Тахтаритус бар пой истод ва гуфт, ки «ҷовидон бодо, ки Яздон ин шукӯҳу фарр ва тавоноиву пирӯзгарӣ ба Шумо дода. Эрон ва ғайри Эронро подшоҳед. Чанд доноёни Ҳинд ин шатранҷро ҷуфт ниҳоданд ва кӯшишу ранҷ ба ҷой оварданд, (аммо) ҳеҷ кас таъбир кардан натавониста буд. Бузургмеҳри Шумо аз он хиради хеш ба чунин осониву сабукӣ инро таъбир кард ва ӯ ин чанд дороӣ ба ганҷи шоҳаншоҳ афзун кард.
Шоҳаншоҳ рӯзи дигар Бузургмеҳрро ба пеш хост ва ба Бузургмеҳр гуфт, ки Бузургмеҳри мо: Чист он чиз, ки ту гуфтӣ, ки «кунам (бисозам) (ва) ба Девсарм фиристам?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор