Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳристони Арҳестро58 Шопури Ардашерон кард. Шаҳристони Адбил59 ва шаҳристони Веҳ-Ардашерро60 (Ардашери) Спандидотон кард. Ва ӯ Удоги Ҳагар - марзбони дусару бурҷилро ба дарёчаи Тозиён гумошт. Шаҳристони Гаи61 гуҷаста Искандар писари Филип кард. Ҷойгоҳи яҳудиён он ҷо буд. Ба шаҳриёрии Яздигирди Шопурон бурда (шуданд), ба хоҳиши Шишендухт, ки зани ӯ буд. Шаҳристони Эрон-осон-кардро62 Каводи Пирӯзон кард. Шаҳристони Ашкарро63 Баҳроми Яздигирдон кард. Шаҳристони Одурбодагонро Эрон-Гушасп сипоҳбади Одурбодагон64 (кард). Шаҳристони Ванро65 Вани Гулахшон кард ва ба зании Каи Кавод даромад. Ба такягоҳи Арвандосп- Тури Бротуруш, ки шакл ба ҷодуӣ карда буд, (барои) нигаҳбонии ҷони хеш.
Дар Самти Одурбодагон (Шимол) шаҳристони Ганҷаро66 Афросиёби Тур кард. Шаҳристони Омардро67 Зандяқи пурмарг кард. Зартушти Спитамон аз он шаҳр буд.
Шаҳристони Бағдодро Абӯ Ҷаъфар, чунон ки ӯро Абӯ Давониқ хонанд, (бунёд) кард. Ба пирӯзӣ мӯҳр карда шуд.
Фарҷом.
АБДИҲУ САҲИГИҲИ САКАСТОН1
(Шигифтӣ ва шоистагии Систон»)

  1. Шигифтӣ ва шоистагии сарзамини Систон аз дигар кишварҳо аз ин рӯй бартару беҳтар (аст):
  2. Яке ин ки рӯди Ҳедуманду дарёчаи Фраздон ва дарёи (баҳри) Консеву кӯҳи Ушдоштор дар сарзамини Систон(анд).
  3. Зоишу парвариши Ушидару Ушидармоҳ (ва) Сушиянси Зартуштону Спитамон ва растохез кардани он (ин ҷост).
  4. Яке ин ки пайванду нажоди Кайон - шаҳриёрони ин кишварро дар ин ҷо газанд омад.
  5. Аз фарзандони Фаридун Серим (Салм), ки кишвари Рум ва Туз (Тур), ки Туркистон ба шаҳриёрӣ доштанд, Эриз (Эраҷ), (ки) шаҳриёри Эрон буд, ӯро куштанд.
  6. Ва аз фарзандони Эриз ҷуз духтаре каси дигар намонд. 7. Ва пас Фаридун (ӯро) ба дарёчаи Фраздон бурд ва пинҳон дошт, то даҳум пайванд, ки аз он духтар писар зода шуд.
  7. Пас Фаридун ба дарёчаи Фраздон омад, аз Ардвисур Анаҳит ниёз хост, ба боз оростани Эроншаҳр ва фарри Кайон (ва) дигар шоҳон, ки дар Систон ҷои бартар . Ниёз ёфт, бо Манучеҳру эрониён боз .
  8. Яке ин ки Гуштоспшоҳ Динро ба дарёчаи Фраздон раво кард, нахуст ба Систон ва пас ба дигар кишварҳо.
  9. Ва Гуштоспшоҳ ба гуфтугӯи Зартушту Сен (писари) Аҳумстуди Бустӣ, (ки) аз пайравони Зартушт, нахустсарвари пайравони ӯ буданд .
  10. Дар Систон барои раво доштани омӯза2 панҷоҳу панҷоҳ (сад) ба хонаводаи беҳтарин фаро рафтанд.
  11. Наск3, ки у\у-йасн низ хонанд, чӣ гуна Сен (ва) Бурзмеҳри Зартуштон ба виростории (танзими) он буданд, (низ) ошност.
  12. Чун Искандари Румӣ ба Эроншаҳр омад, ононеро, ки ба фарри муғон рафтанд, гирифтор кард ва бикушт.
  13. Марду ҷавоне чанд ба Систон омаданд. 15. Буданд занон, буданд ҷавононе, ки Наски у\¥- йаснро низ меомӯхтанд ва аз бар мекарданд. Бад-ин роҳ Дин (Авесто) ба Систон боз гашт ва сипас ороставу вироста (шуд); ба ҷуз дар Систон, дар ҷои дигар аз бар (намешуд).
пешина
аз 314
навбатӣ