Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Анҷомид бо дуруду шодиву ромиш. Нобуд бод Ахти ҷодугар бо ҳама девону палидону ҷодуёну париён. Анҷом пазируфт ин «Достони Йушти Фриён» бо ин «Арда Вироз» ба рӯзи Амурдод, моҳи Шаҳривар, соли 618 порсӣ. Ман бандаи дин Рустами Миҳрабони Марзбони Даҳишнёри ҳирбад аз дастнависи ҳирбад Меҳрпаноҳаги Сурӯшёри Нишопурии ҳирбад навиштам. Ба хости Яздон бод.
Анҷом пазируфт ин «Арда Вироз» ва ин «Достони Йушти Фриён» дар рӯзи Фарвардин, моҳи Баҳман, соли 766 яздигурди шоҳаншоҳи Ҳурмуздагон. Ман бандаи дин ҳирбадзода, устод Пешотан Ром Камдани Шаҳриёр Нериосанги Шоҳемарди Шаҳроёри Баҳроми мӯбад, Уҳрмаздёри ҳирбад Ромёр аз дастнависи ҳирбад Рустами Миҳрабон навиштам. Ба хости Яздон бод. Аз шаҳристони Баҳруч.
КОРНОМАИ АРДАШЕРИ БОБАКОН1
Ба номи Яздон Ба ному нерӯ ва ёрии офаридагор Ҳурмузди ройманду фараҳманд. Тандурустӣ ва дарозумрии ҳама некону росткорон, ба вижа он ки барояш навишта мешавад.
I
Дар дидани Бобак Сосонро ба хоб ва додани духтари хеш бад-ӯ
Ба Корномаи Ардашери Бобакон чунин навишта шуда, ки пас аз марги Искандари Румӣ Эроншаҳрро 240 кадхудой2 буд. Исфаҳону Порс ва навоҳии наздики он ба дасти Ардавон солор буд. Бобак марзбону шаҳриёри Порс ва аз гумоштаи Ардавон буд. Ардавон ба Истахр менишаст. Ва Бобакро ҳеҷ фарзанди номбардор набуд. Сосон шубони Бобак буд ва ҳамвора бо гӯсфандон ва аз нажоди Дорой Дороён. Ва дар фармонравоии Искандар ба гурезу ниҳон буд ва бо шубонони курд бирафт. Бобак намедонист, ки Сосон аз нажоди Дорой Дороён будааст.
Бобак шабе ба хоб дид, ки чӣ гуна хуршед аз сари Сосон битобад ва ҳама ҷаҳон рӯшной кунад. Дудигар шаб чунин дид, ки чӣ гуна Сосон ба пиле оростаи сафед нишаста ва ҳар ки дар кишваранд, перомуни Сосон истода ва бад-у намоз баранд ва ситоишу офаринаш кунанд. Седигар шаб низ чунин дид, ки чӣ гуна Оташи Фарнбай ва Гушнаспу Бурзен-Миҳр ба хонаи Сосон ҳаме фурӯзанд ва рӯшноӣ ба ҳама ҷаҳон ҳаме диҳанд.
Бобак чун ин дид, тааҷҷуб кард. Ӯ доноёну хобгузоронро ба пеш хост ва он хоб, ки ҳар се шаб дида буд, пеши эшон боз гуфт.
Хобгузорон гуфтанд, ки он ки ин хоб дидааст, ӯ ё аз фарзандони он мард касе ба подшоҳии ҷаҳон расад, чи хуршеду пили оростаи сафед чирагиву тавоноиву пирузӣ ва Оташи Фарнбай диндонишии меҳмардону муғмардон ва Оташи Гушнасп артишдорону сипоҳбадон ва Оташи Бурзен-Миҳр шубонону барзгарони ҷаҳонанд. Ва ҳама ин подшоҳӣ ба он мард ва ё фарзандони он мард расад.
Бобак чун он сухан бишнид, кас фиристод ва Сосонро ба пеш хосту пурсидаш, ки ту аз кадом гуҳару нажодӣ? Аз падарону ниёгони ту касе подшоҳиву сардорӣ карда? Сосон аз Бобак пуштибониву зинҳор хост, ки газанду зиёнам макун! Бобак пазируфт ва Сосон рози хеш, чунон ки буд, пеши Бобак гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор