Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Пурсиши сивум ин пурсид, ки кадом асп нектар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Аспи нари чобуки ба гуҳар нек, ки нигоҳдориашон ба аспони шоҳӣ шояд.
Пурсиши сиву якум ин пурсид, ки чист он чӣ хушк насӯзад ва чист он чӣ тар бисӯзад? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он хок аст, ки хушк насӯзад ва равған аст, ки тар бисӯзад.
Пурсиши сиву дувум ин пурсид, ки кадом подшоҳ нектар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он подшоҳ нектар, ки меҳрубонтар ва дар хираду дониш некӯ ва ӯро ёрии офариниш (бувад).
Пурсиши сиву севум ин пурсид, ки ту Йушти Фриёнро дороӣ чанд аст? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Маро се дороист. Яке он ки хӯрам, яке он ки пӯшам ва яке он ки ба дарвешону шоистагон диҳам.
Пас Йушти Фриён гуфт, ки сиву севум пурсиш ту аз ман пурсидӣ, ҳама ба ростӣ посух додам. Акнун ман аз ту се пурсиш бипурсам. Агар посух надиҳӣ, ҳамон замон туро бикушам. Ахти ҷодугар гуфт, ки пурс то таъбир кунам. Ва Йушти Фриён гуфт, ки арзиши як мушт тухм ба замин чанд аст? Дигар ин пурсид, ки гови барзаро арзиш чанд аст? Седигар ин пурсид, ки дар никоҳ ба наздикон арзиши кори нек чанд аст? Ахти ҷодугар надонист ва гуфт, ки (чун) пешоб ояд, пурсиш пурсанд, на бояд посух дод. Йушти Фриён гуфт, ки бирав ба ҷои наздик биншин ва пешоб кун ва зуд биё, ба ин се пурсиш рост посух гӯй. Чи агар гӯӣ, ки надонам, он гоҳ туро ҳамон замон бикушам. Ахти ҷодугар ба ҷодугарӣ ба дӯзах давид ва ба Аҳриман гуфт, ки замини нафринро арзиши як мушт тухм чанд (аст)? Ва дигар гови барзаро арзиш чанд? Ва седигар арзиши кори нек дар никоҳ бо наздикон чанд (аст)? Аҳримани малъун ба Ахти ҷодугар гуфт, ки ман ин пурсиши ту посух натвонам кардан. Чи агар бигӯям, офариниши ман ҳама бо девону палидону париён берун шавад. Ва ман туро дусттар надорам, ки офариниши худро. Ин пурсишҳо, ки ту аз ман пурсидӣ, агар посух диҳам, ҳама офариниши ман табоҳ шавад ва офариниши Ҳурмузд ба кор ояд ва ҳамзамон растохезу тани пасин бувад. Бирав, гардан пеш гир, меҳшиканиро чора дор. Чун замон фаро омад, гаштан натавон. Чи ҷои ту дӯзах ва ҷазои ту сахттар, чунон ки ҳама дурӯғпешагонро. Ахти ҷодугар аз дӯзах ноумед бидавид, ҳуш ӯро ба пеши Йушти Фриён овард. Ахти ҷодугар ба Йушти Фриён гуфт, ки фаррухиҳои ту Йушти Фриён (аз он буда), ки Ҳурмузд амаҳраспандон бо ту буданд ва он чӣ надонистӣ, туро бигуфтанд. Ман, ки умед ба Аҳриману девон доштам, се пурсиш аз Аҳриману девон пурсидам, маро посух надонад. Пас Йушти Фриён Ахти ҷодугарро ба корди барсумчин8 ва ба афсуни динӣ табоҳ кард. Ва палидро низ дар тани ӯ табоҳ кард. Ҳар ки ин номаро бипазирад ва пайваста бихонад ва дар андеша «йаса-аҳуваирио»9 бигӯяд, ба равони вай кори нек чунин бувад, чунон ки мореро ба сеҳри Авесто бикушад. Ва чунон ки се сол суруди Гоҳон парастида бошад. Дастур гуфт, ки (он ки аҳун хонад), ӯро як соли носитоишӣ аз бун набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор