Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Пурсиши бисту севум ин пурсид, ки чӣ сардтар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. На чунин (аст), чунон ки ту андешӣ, чунин (аст), чунон ки ман донам. Ту чунин андешӣ, ки барф сардтар, ки бар кӯҳ нишинад ва ҳаргиз хуршед бад-у натобад. На чунин (аст), чунон (аст), ки ту Ахти ҷодугарро бародарест дурӯғпеша, ки ӯро дар дил чанд мушт заҳр истода. Ту онро на ба хуршеду на ба оташ гудохтан натавонӣ. Ва ман чун ба мушт гирам бигудозам. Ва пас Ахти ҷодугар фармуд то бародари хеш оварданд, куштанд ва заҳр аз дил бистонданд, на ба хуршеду на ба оташ гудохтан натавонистанд. Ва Йушти Фриён дар мушт фаро гирифт ва ӯро бигудохт.
Пурсиши бисту чаҳорум ин пурсид, ки чӣ гармтар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Чи мушти марди некӯкор гармтар. Ва нишони (он) ин аст, ки заҳри бародари туро на ба хуршеду на ба оташ натавониста буданд гудохтан ва ман чун ба мушт фаро гирифтам, бигдохтам.
Пурсиши бисту панҷум ин пурсид, ки чун фурӯ шавад, чӣ беҳ ва чун сард шавад чӣ беҳ ва чун бимирад чӣ беҳ? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Чун фурӯ шавад, об беҳ ва чун сард бувад оташ беҳ ва чун бимирад палиди дурӯғпеша чун ту беҳ. Чи агар об фурӯ нашавад ва оташ сард нашавад ва палиди дурӯғпеша чун ту намирад, ин ҳама ҷаҳон пур аз обу оташ ва пур аз палиди дурӯғпешаи ситамкор чунон ки ту (ҳастй), ҷаҳонро доштан нашояд.
Пурсиши бисту шашум ин пурсид, ки аз кӯҳ чӣ гаронтар ва аз корди пӯлодин чӣ тезтар ва аз ангубин7 чӣ ширинтар ва аз думбаи меш чӣ чарбтар ва аз родон кӣ родтар ва аз ростон кӣ росттар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Аз кӯҳ дурӯғ гаронтар ва аз корди пӯлодин забони мардумон тезтар ва аз ангубин падару модарро фарзанди рӯзбеҳ ширинтар ва аз думбаи меш Спандармад замин ва борон чарбтар ва аз родон Тиштар Изад родтар ва аз ростон Рашни нек росттар, ки ҳеҷ касро аз ӯ газанд набувад ва пора наситонад ва шоҳу бандаро бо ҳамдигар рост дорад.
Пурсиши бисту ҳафтум ин пурсид, ки кадом пой нектару некӯтар, чи бисёр пой, ки ман дидам, он пои нектару некӯтар, ки дидам, пои Ҳуфриҳи хоҳари туст, ки зани ман (аст). Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Пои об некӯтару нектар. Ва туро эшон ин ки он ҷо ки об пой ниҳад, (чизи) тар бирӯяд ва он ҷо, ки Ҳуфриҳ пой ниҳад, хушк шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор