Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Пурсиши ҳафтум ин пурсид, ки чист он чиз, ки мардумон пинҳон кардан хоҳанд, аммо онро пинҳон кардан нашояд?
Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он Зӯрвон аст, ки кас пинҳон кардан натавонад. Чи Зӯрвон худ пайдо набуд.
Пурсиши ҳаштум ин пурсид, ки кадом (аст) он мардуми зинда, ки Аствиҳодро бинад, мирад ва ӯро орзу чунин бувад, ки боз зинда шавад ва бори дигар Астивҳодро бинаду бимирад ва ӯро хор намояд? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он мардумест, ки ситоиш накардааст ва пароҳум нахӯрдааст ва дигар он мардум, ки ба ҷойгоҳи занон омадаанд ва зан накардаанд, седигар он мардум, ки равони зиндаро ситоиш накардааст ва хайр надодааст ва ситоиши Яздон накардааст ва ӯ гуфт, ки ба мардумони нек хайр додаам, аммо надода буд. У мирад орзуи ӯ чунин (бувад), ки боз зинда шавад ва бори дигар бимирад, (чун) Астивҳодро бинад, ба ӯ хор намояд.
Пурсиши нӯҳум ин пурсид, ки пилу аспу шутуру хару гову гӯсфанду занону сагу хуку гурба ба чанд моҳ зоянд? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Пил ба се сол, аспу шутуру хар ба дувоздаҳ моҳ зоянд ва гову зан ба нуҳ моҳ зоянд ва гӯсфанд ба панҷ моҳ зояд, сагу хуг ба чаҳор моҳ зоянд ва гурба ба чиҳил рӯз зояд.
Пурсиши даҳум ин пурсид, ки кадом мардум оромтару осонтар зиянд? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Он мардум оромтару осонтар зиянд, ки бебимтару хурсанду доротаранд.
Пурсиши ёздаҳум ин пурсид, ки чист он чиз, ки гетӣ ба Ҳурмузду амаҳраспандон монанд (аст)?
Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон ба дӯзах афтад. Дар гетӣ шаҳриёр ба Ҳурмузду амаҳраспандон монанд (аст) ва ҷои шаҳриёрон монанди рӯшании биҳишт ва пасояндагони шаҳриёрон монанди амаҳраспандонанд. Дарбориён ҳаммонанд ба он ситора, ки Парвиз хонанд. Дигар мардум, ки хешкору устуво-ранд, монанд ба дигар ситорагони хурданд, ки ба осмонанд.
Пурсиши дувоздаҳум ин пурсид, ки кадом хӯриш хуштару хушмазатар? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамгари мурдагон ба дӯзах афтад. Он хӯриш хушмазатару хуштар, ки аз дари кӯшиши некӯӣ андӯхта шудааст ва аз ӯ боз кори нек хӯраду дорад.
Пурсиши сездаҳум ин пурсид, ки як чист, ду чист, се чист, чаҳор чист, панҷ чист, шаш чист, ҳафт чист, ҳашт чист, нуҳ чист ва даҳ чист? Йушти Фриён гуфт, ки зиндагон дар шукӯҳ буванд, палиди дурӯғпешаи ситамкори мурдагон дар дӯзах афтад. Як – хуршеди нек, ки ҳама ҷаҳон рӯшан дорад. Ду – омадану рафтани нафас. Се – ҳумату ҳухту хваршт. Чаҳор – обу замину рустаниву сутур. Панҷ – панҷаи нек. Шаш – шаш гоҳи гоҳонбор6. Ҳафт – ҳафт амаҳраспандон. Ҳашт оштӣ – ва нишасти нек. Нӯҳ – нӯҳ сӯрохи дар тани мардумон ва даҳ – даҳ ангушти ба дасти мардумон.

пешина
аз 314
навбатӣ