Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Аҳриман андешид, ки ҳамаи офаридагони Ҳурмаздро аз кор афгандам, ҷуз Каюмарс. Астувиҳодро бо як ҳазор деви маргкирдор бар Каюмарс фароз ҳишт. Эшон, ба сабаби замони муқадар13, куштанро чора наёфтанд. Чунин гӯяд, ки ба оғози офариниш, ҳангоме, ки Аҳриман ба патёрагӣ омад, замони зиндагиву худойгонии Каюмарс ба сӣ сол бурида шуд. Чунонки пас аз омадани патёра сӣ сол зист. Каюмарс гуфт ки: «Акнун ки Аҳриман омаду аз тухмаи ман бошанд, ин беҳтар чизест агар кор карефа кунанд».
Пас бар Оташ омад. Дуду тирагиро бад-ӯ даромехт. Ҳафт абохтар бо бисёрии девони ҳамкор (барои) набард бо ахтарон ба сипеҳр омехтанд. Ӯ ҳамаи офаринишро чунон полуд, ки аз оташ ҳама ҷо дуд бархосту низ ба ҷойгоҳи абаргарон биёмехт. Эзидони минуӣ бо Аҳриман ва ҳамаи девон навад шабонарӯз ҷангиданду дар гетӣ ҳамнабард буданд, то эшонро ба сутӯҳ оварданду ба дӯзах афганданд ва бо рӯй осмонро сохтанд то патёра натавонад бад-он омехт.
Дӯзах дар миёнаи замин, он ҷост, ки Аҳриман заминро суфту бад-он дартохт. Чунин аст, ки (аз он пас) ҳама чизи гетӣ бар гирди ду бун, набарди (ду) душман ва омехтагии фарозу фурӯд падидор шуд.
Инро низ гӯяд, ки чун Гови яктоофарида даргузашт, бар дасти рост афтод; Каюмарс, пас аз он ки даргузашт бар дасти чап. Гаушурван, ки равони Гови яктоофарида аст, аз тани Гов берун омад, пеши Гов биистод, чун он як ҳазор мард, ки ба як бор бонг кунанд, ба Ҳурмазд гила кард, ки: «Ту солории офаридагонро ба кӣ биҳиштӣ, ки заминро ларза дар афтод, Гиёҳ хушку Об озурда шуд. Куҷост он мард, ки гуфтӣ (ме) офаринам то парҳез14 бигӯяд?»
Ҳурмазд гуфт, ки: «Беморӣ, Гаушурван! Аз он бемории Аҳриман; девонро бар худ ҳамвор кардаӣ. Агар он мардро дар ин замон мешуд офарид, Аҳриманро ин ситамгарӣ намебуд». Гаушурван ба ҳамон оин ба ситорапоя фароз рафту гила карду фароз(тар), то Моҳпоя ба ҳамон оин гила кард, фароз Хуршедпоя ба ҳамон оин гила кард.
Сипас, (Ҳурмазд) Фраваҳри Зартуштро (бад-ӯ) бинмуд, ки: «Бидиҳам ба гетӣ касеро, ки парҳез бигӯяд». Гаушурван хурсанд шуду пазируфт, ки: «Домро бипарварам», (яъне) ки дар (бораи) офариниши дубораи чаҳорпо ба ҷаҳон ҳамдостон шуд.
БАХШИ ШАШУМ
Дар бораи душмании ду мину, камолагондевон ва эзидони минуӣ, ки ба чӣ оин ба минуе ба душманӣ омаданд
Чунон гӯяд, ки Аҳриман бар (зидди) Ҳурмазд; Акаман бар (зидди) Баҳман; Андар бар (зидди) Ардибиҳишт, Саул бар (зидди) Шаҳривар; Ногаҳис, ки Тарумад (аш) низ хонанд, бар (зидди) Спандормад; Тариз (зидди) Хурдоду Зариз бар (зидди) Амрдод; Хашм бар зидди Сурӯш; Дурӯғи майҳухт бар (зидди) Ростӣ; сухани ҷодӯӣ бар (зидди) Мантраи пок; Фарраи буду бебуд бар (зидди) Миёнаравӣ, ки Дини беҳ аст; андешаи бад, гуфтори баду кирдори бад бар (зидди) андешаи нек, гуфтори неку кирдори нек. Астувиҳод, ки Войи бадтар хонда шавад, бар (зидди) Ром, ки Войи некӯст; Варани бероҳ бар (зидди) Оснхирад; Ашкунӣ, ки инкор аст, бар (зидди) минуи Таваҷҷӯҳ; Ажгаҳонӣ бар (зидди) Кӯшоӣ; Бушосп бар (зидди) Хоб; Кин бар (зидди) Оштӣ; Дард бар (зидди) Ромиш; Ганд бар (зидди) Хушбӯӣ; Торикӣ бар (зидди) Равшанӣ; Заҳр бар (зидди) Ануш; Талхӣ бар (зидди) Ширинӣ; Пастӣ бар (зидди) Родӣ; Табоҳгарӣ бар (зидди) Офариниши бихрадона1; Зимистон бар (зидди) Тобистон; Сардӣ бар (зидди) Гармӣ Хушкӣ бар (зидди) Хавидӣ; дӯзахӣ будан бар (зидди) биҳиштӣ будан; Табаҳкорӣ бар (зидди)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор