Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дурусткорӣ; Ашмуғӣ бар (зидди) Тақво; Пирӣ бар (зидди) Ҷавонӣ; Шаб бар (зидди) Рӯз; Ноомурзидорӣ бар (зидди) Бахшоиш; Таногӣ2, ки аз миён бурдан аст, бар (зидди) Афзунӣ; Риманӣ бар (зидди) Покӣ: Палидӣ бар (зидди) Таҳорат; Нохурсандӣ бар (зидди) Хурсандӣ; дигар арвоҳи девӣ бар (зидди) арвоҳи эзидӣ, монанди девон, дуруҷон, ҷодувону мазаниҳо бар (зидди) эзидон, Бағону Амшоспандон. Дар гетӣ низ тирагӣ бар (зидди) Осмон, Ташнагӣ бар (зидди) Об; Палидиву Храфастру вазағ бар (зидди) Замин; Кирм бар (зидди) Гиёҳ; гуруснагиву ташнагӣ бар (зидди) гӯсфандон; маргу сиҷу тангсоливу дарди гуна-гуна бар (зидди) мардумон. Низ супоридани сӯзиш бар тани оташон, он ки мардуму гӯспандро ба хушкӣ сӯзонад. Ба сурати моддӣ: шеру гурги сардгони дузд бар (зидди) сагону гӯсфандон; вазағ бар (зидди) моҳиён; буф3 бо дигар храфастрони пардор бар (зидди) мурғон; ашмуғони табаҳкор бар (зидди) мардони парҳезгор; Ҷаҳӣ4 бар (зидди) занон; зиновандии5 бад бар (зидди) зиновандии хуб; Дуруҷи нобудагӣ бар (зидди) бақои насл6; дигар дуруҷҳои моддӣ бар (зидди) эзидони ҷаҳони моддӣ омаданд. Дар сипеҳр низ Меҳри торик бар (зидди) Хуршед, Моҳи торик бар (зидди) Моҳи гӯсфандтухма омаданд. Эшонро (Хуршеду Моҳ) ба ҳампаймонагӣ7 бар гардунаи хеш бастанд. Дигар ҷодувону париён, бо абохтарони ҳарзаи марговар, бар (зидди) ахтарон; ҳафт абохтар сипоҳбад бар (зидди) ахтарони (сипоҳбад); чун Тири (абохтарӣ) бар (зидди) Тиштр; Ҳурмазди абохтарӣ бар (зидди) Ҳафтавранг; Баҳроми абохтарӣ бар (зидди) Вананд; Аноҳиди абохтарӣ бар (зидди) Садвис; Кайвон, ки сипоҳбадон сипоҳбади абохтарон аст, бар (зидди) мехи миёни Осмон; Гузаҳр ва низ Мушпарии дунбдор бар (зидди) Хуршеду Моҳу ситорагон омаданд. Хуршеду Мушпариро ба ҳампаймонагӣ ба гардунаи хеш баст, ки то гуноҳ кардан кам тавонад; (зеро) агар ҳарза шавад, то бозгирифтан бас бадӣ бахшад. Дар абрпоя низ Испанҷруш бар (зидди) Оташи вазишт; Апаоши дев (зидди) Тиштр ва ҳамкорони Тиштр омад. Дигар бешумор чашмакон девон бар (зидди) эзидони боду боронсоз омаданд. Эшонро тафсил дароз аст. Ҳаракату набарди эшон дар баҳиза ва диранг8 ба ахтаршуморӣ низ пайдост.
БАХШИ ҲАФТУМ Дар бораи зиҷи геҳон, ки чӣ гуна иттифоқ афтод
Дар «Дин» гӯяд, ки моҳи Фарвардин, рӯзи Ҳурмазд (ба) нимрӯз, ки рӯзу шаб баробар буд, Аҳриман дартохт. (Аз) Ҷонон (ки) Харчанг аст, нуздаҳ дараҷа гузашта (буд, ки баробари) Хурдаи азараг аст. Ситораи Тиштр дар (Осмон) ва аз абохтарон Ҳурмазд дар (Ҷонон) буд1. Хостагон Шер аст, Бародарон хӯша. Педшатонро (ки) Тарозу аст, Кайвон дарҷаста (буд). Фарзандон Каждум аст. Гаштагонро (ки) Нимасб аст, Зунаб Гузаҳр дарҷаста (буд). Баюгонро (ки) Буз аст, Баҳром дарҷаста (буд). Маргон Далв аст. Кордогонро (ки) Моҳист Аноҳиду Тир дарҷаста (буд). (Худоён, ё) миёни Осмонро (ки) Барра аст, Меҳр дар хурдаи (Падиспар) дар (ҷаста буд). Фаррухонро (ки) Гов аст Моҳ дар (ҷаста буд). Душфаргонро (ки) дустпайкар аст, сари Гузаҳр дарҷаста буд2.

пешина
аз 314
навбатӣ