Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Сипарӣ шуд он замон, зеро агар (ҳам) мехост, (дигар) наметавонист додан.
Пас, Аҳриман бо ҳамаи неруҳои девӣ ба муқобилаи равшанон бархост. Он осмонеро дид, ки (пештар ба ӯ) ба минуӣ нишон дода буданд, (бад-он гоҳ) ки (ҳанӯз) ба сурати моддӣ офарида нашуда буд. Ба рашки комиле бартохт, осмонро, ки ба ситорапоя истода (буд) ба тиҳигӣ фурӯ кашид (ҳамон тиҳигӣ), ки дар оғоз навиштам, ки миёни бунаи равшанону торикӣ буд. (Ӯ он торикиро, ки бо худ дошт дар осмон оварду осмонро)4 он гуна (ба торикӣ биёмехт), ки дар болои ситорапоя, аз даруни осмон, (торикӣ) то як савум биистод. Ӯ чун море осмони зери ин заминро бисуфту5 хост, (ки онро) фароз бишканад. Моҳи Фарвардин рӯзи Ҳурмазд (ба ҳангоми) нимрӯз дартохт. Осмон он гуна аз ӯ битарсид, ки гӯспанд аз гург.
Пас бар Об омад, ки гуфтам, ки зери ин Замин қарор ёфта буд. Ӯ, сипас, миёнаи Заминро бисуфту дар омад; пас, бар Гиёҳ омад; пас бар Гову Каюмарс омад; пас бар Оташ бар омад. Чун магасе бар ҳамаи ин офариниш битохт. Ҷаҳонро ба Нимрӯз чунон сахт6 тира бикард чун он шаби тира. Осмони зеру забари Заминро торикӣ бигирифт. Минуи Осмон ба Аҳриман гуфт, ки: (То) вопасин замон бояд нигаҳбонӣ кунам, ки туро берун (шудан) бинагзорам».
Ӯ Обро бадмазагӣ фароз бурд. Минуи об гуфт, ки: «Диҳиши Баҳману Ардибиҳишту Шаҳриварро, ки эдун ба ман расонад; зеро акнун, ки патёра омад (а аст), он маза куҷост?».
Ӯ храфастронро бар замин ҳишт, храфастрони газандаву заҳрогин, чун аждаҳо, мору каждуму чалипоса7 ва сангпушту8 вазағ, он гуна ки аз ӯ тануманд падид омаданд, ки (ба андозаи) теғи сӯзане замин аз храфострон раҳо нашуд9. (Минуи) Замин гуфт, ки: «Он кинатузонро бад-ин диҳише, ки доданд, кини ман хоҳад расид».
Ӯ бар Гиёҳ заҳр чунон фароз бурд, (ки) дарзамон бихушкид. Минуи гиёҳ гуфт, ки: «Ба сабаби он бузургвор10 (= Зартушт?) Ҳурмазд гиёҳро хоҳад рӯёнид».
Ӯ озу ниёзу сиҷ11, дарду беморӣ12 ва ҳавасу Бушоспро ба (тани) Гову Каюмарс фароз ҳишт. Пеш аз омадан бар гов, Ҳурмазд манги дармонбахшро, ки банг низ хонад, барои хӯрдан ба Гов доду пеши чашми (вай) бимолид, ки то ӯро аз нобудӣ ва базаҳ газанду нооромӣ кам бошад. Дар замон, низору бемор шуду шири (ӯ) бирафт, даргузашт. Гов гуфт, ки: («Ба сабаби) куниши эшон, он офариниши гӯсфандонро кор бартарин дастур аст».
Пеш аз омадан ба Каюмарс Ҳурмазд хобро бар Каюмарс фароз бурд, чандон ки байте бихонанд. Чун Ҳурмазд он хобро бар тани марди понздаҳсолае равшану баланд офарид. (Каюмарс ба хоб рафт). Чун Каюмарс аз хоб бедор шуд, ҷаҳонро чун шаби торик дид. Замин чунон (буд), ки теғи сӯзане (аз он) аз тозиши храфастрон нараста буд. Сипеҳр ба гардишу Хуршеду Моҳ ба ҳаракат истоданд. Ҷаҳон аз ғурридани девони мазанӣ ва набард бо ахтарон пуртанин шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор