Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Шашум аз минуиён Хурдод аст. Ӯ аз офариниши моддӣ обро ба хеш пазируфт. Ба ёриву ҳамкории вай Тиру Боду Фарвардин дода шуданд, ки Тир Тиштр аст, ки дар (даврони) аҳриманӣ он обро ба ёрии Фарвардин, ки Фраваҳри парҳезгорон, аст, ситонад ба минӯӣ, ба Бод биспорад. Бод он обро ба шитоб ба кишварҳо роҳбар шавад, бигзаронад, ба афзор абр бо ҳамкорон биборонад.
Ҳафтум аз минуён Амрдод аст. Ӯ аз офариниши моддӣ гиёҳро ба хеш пазируфт. Ба ёриву ҳамкории вай Рашну Аштоду Зомиёд дода шуданд, се фарра он ҷо ба Чинводпул, ки (дар даврони) аҳриманӣ равони мардумонро ба неку баде, ки кардаанд, биоморанд. Бешумор дигар махлуқи минуӣ21 ба ҳамкории эшон қарор гирифтаанд, монанди он чи дар бораи сипеҳри ахтарон навишта шуд. Ӯ рӯзро22 низ ба таври мутавассит23 ҳар як ба панҷ ҳангом бахш кард бар ҳар ҳангоме минуӣ гуморд, чунонки бомдодгоҳро Ҳован24 мину, нимрӯзгоҳро Рапишвин25 мину, айвор26 гоҳро Узаирин27 мину, Абодйаван28 (гоҳ)-ро Аивисрусрем29 мину, Ушаҳин30 гоҳро Ушаҳинмину ба хешӣ доранд. Ӯ инонро низ ба ҳамкории (Амшоспандону эзидон) бахш кард; зеро ӯ Ҳованро ба Меҳр, Рапитвинро ба Ардибиҳишт, Узаиринро ба Бурзэзид, Аивисрусремро ба фраваҳрҳои парҳезгорону Баҳром, Ушаҳинро ба Сурӯшу Рашн барои ҳамкорӣ гумошт, зеро донист, ки чун Аҳриман расад, рӯз бад-ин панҷ ҳангом бахш шавад.
То пеш (аз он) ки Аҳриман омад, ҳамеша нимрӯз буд, ки Рапидвин аст. Ҳурмузд бо ёрии Амшоспандон ба Рапидвин(гоҳ) минуи йазишро фароз сохт. Ба (ҳангоми) йазиш кардан ҳамаи офаридагонро биофарид ва бо бӯй ва фраваҳри мардумон бисиголиду хиради ҳама-огоҳро ба мардумон фароз бурду гуфт, ки: «Кадом шуморо судмандтар дар назар ояд? Агар шуморо ба сурати моддӣ биофаринам ва ба тан бо Дуруҷ бикӯшеду Дуруҷро нобуд кунед, шуморо ба фарҷом дурусту ануша бозорему боз шуморо ба гетӣ офаринам, ҷовидона бемарг, бепирӣ ва бедушман бошед, ё шуморо ҷовидона посдорӣ (аз) Аҳриман бояд кард?» Эшон бад-он хиради ҳама-огоҳ (он) бадиро ки аз Аҳримани Дуруҷ бар фраваҳрҳои мардумон дар ҷаҳон расад, диданд ва раҳоии вопасин аз душмании патёра ва ба тани пасин ҷовидона, дурусту ануша боз буданро (диданд) ва барои рафтан (ба ҷаҳон ҳамдостон) шуданд.
БАХШИ ПАНҶУМ
Тозиши Аҳриман бар офариниш
Дар «Дин» гӯяд, ки Аҳриман ҳангоме ки аз корафтотагии хешу ҳамаи девонро аз марди парҳезгор дид, гич шуд ва се ҳазор сол ба гичӣ фурӯ афтод. Дар он гичӣ девони камола ҷудо-ҷудо гуфтанд, ки: «Бархез, падари мо! Зеро он корзор кунем, ки Ҳурмазду Амшоспандонро аз он тангиву бадӣ (расад)». Эшон ҷудо-ҷудо бадкирдории хешро батафсил баршумурданд, он Аҳримани табаҳкор ором наёфт ва ба сабаби бим аз марди парҳезгор, аз он гичӣ барнахост; то он ки Ҷаҳии табаҳкор бо ба сар расидани се ҳазор сол, омад, гуфт, ки: «Бархез, падари мо! Зеро ман дар он корзор чандон дард бар марди парҳезгору гови варзо ҳилам, ки ба сабаби кирдори ман зиндагӣ набояд. Фарраи эшонро бидуздам, Обро биёзорам, Заминро биёзорам, Оташро биёзорам, Гиёҳро биёзорам, ҳамаи офариниши Ҳурмаздо- фаридаро биёзорам». Ӯ он бадкирдориро чунон батафсил баршумурд, ки Аҳриман оромиш ёфт. Аз он гичӣ фароз ҷаст. Сари Ҷаҳиро бибӯсид. Ин палидӣ, ки даштонаш хонанд, бар Ҷаҳӣ ошкор шуд. Аҳриман ба Ҷаҳӣ гуфт, ки: «Туро чӣ орзу бошад, бихоҳ, то туро диҳам». Он гоҳ Ҳурмазд ба хиради ҳама-огоҳ донист, ки бад-он замон он чиро Ҷаҳӣ хоҳад Аҳриман тавонад додан. (Ҳурмазд) бад-он силоҳ кор1, он тани зиштгунаи (чун) вазағи Аҳриманро2 чун марди ҷавони понздаҳсолае ба Ҷаҳӣ нишон дод. Ҷаҳӣ андеша ба он баст3. Ҷаҳӣ ба Аҳриман гуфт, ки: «Мардкомагиро ба ман деҳ то ба солории ӯ дар хона биншинам». Аҳриман гуфт, ки: «(Аз ин пас) ба ту нагӯям, чизе бихоҳ, зеро (танҳо) бесуду бадро метавонӣ хостан».

пешина
аз 314
навбатӣ