Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ӯ фармуд ба оташ (ки: «Туро хешкорӣ» ) дар (даврони) аҳриманӣ парастории мардум кардан, хӯриш сохтану аз миён бурдани дард6 аст. Ҳангоме ки туро чиз-чиз барниҳанд7 берун ой8, чун ҳезум барниҳанд фароз гир9.
Ӯ ҳамаи Амшоспандонро ба ҳамкорӣ (дар) набарди офаридагон чунон гумориду истонд, ки чун Аҳриман омад, ҳар кас он душмани хешро ба набард фароз гирад, фармони тозае дарнабояд. Чигунагии онро фарозтар гӯям:
Нахуст аз минуиён Ҳурмазд аст. Ӯ аз ҷаҳони моддӣ буни мардумро ба хеш гирифт10. Ӯро ҳамкор он се Дайанд, яке Гоҳ, яке Дин ва яке Замон; ҳама Дай ном11, ки минуи ҳама офариниш аст.12 Ӯ мардумро ба панҷ бахш фароз офарид: тан, ҷон, равон, оина13 ва фраваҳр; чун тан, он ки модда аст; ҷон он ки бо бод пайваста, дам овардану бурдан; равон, он ки бо бӯй14 дар тан аст: шунавад, бинаду гӯяду донад; оина, он ки ба Хуршедпоя истад; фраваҳр, он ки пеши Ҳурмаздхудой аст. Бад-он рӯй чунин офарида шуд, ки дар (даврони) аҳриманӣ, (чун) мардум миранд, тан ба Замин, ҷон ба Бод, оина ба Хуршед, равон ба Фраваҳр пайвандад, то равони эшонро тавони мирондан набошад.
Дигар аз минуиён Баҳман аст. Ӯ аз офариниши моддӣ анвои гӯспандро ба хеш пазируфт. Ба ёриву ҳамкории ӯ Моҳу Гаушу Рому Сипеҳри Худой ва Зурвани бекаронаву Зурвани дирангхудой дода шуданд. Ӯ гӯспандро ба панҷ бахш фароз офарид: тан, ҷон, равон, оинаву мину, ки то дар (даврони) аҳриманӣ Гаушурван тухмаи гӯспандро аз Моҳпоя бипазирад ва ба ёрии Роми неку дар ҷаҳон ривоҷ бахшад. Чун миранд, тан ба (замин, ҷон ба) Гаушурван, равон ба Ром, оина ба Моҳ, мину ба Баҳман пайвандад то15 тавони ба миронидан набошад.
Седигар аз минуиён Ардибиҳишт аст. Ӯ аз офариниши моддӣ оташро ба хеш пазируфт. Ба ёриву ҳамкории ӯ Озар, Сурӯш, Баҳром ва Нарйосанг дода шуданд, бад-он рӯй, ки дар (даврони) аҳриманӣ, оташро (ки) дар хона нишонда ва сомон ёфтааст, Баҳром паноҳ диҳад, Сурӯш посбонӣ кунад. Чун16 шавад, аз Баҳром ба Сурӯш аз Сурӯш ба Озар, аз Озар боз ба Ардибиҳишт пайвандад, то девонро тавони мирондан набошад.
Чаҳорум аз минуиён Шаҳривар аст Ӯ аз офариниши моддӣ филизро ба хеш гирифт. Ба ёриву ҳамкории ӯ Хуру Меҳру Осмону Анағрон, Сауги некӯ, Ардвисуру Ҳуми Эзид, Бурзязду Даҳмон-офарин дода шуданд; зеро филизро устуворӣ аз Осмон асту Осмонро бун-гавҳар обгинагун филиз аст ва ӯро қарор аз Анағрон аст – Анағрон (ҳамон) Анағри равшан, хонаи заррини гавҳарнишон аст, ки (дар) боло (ба) Амшоспандон пайваста аст – то бад-ин ҳамкорӣ девонро дар (даврони) аҳриманӣ тавони аз миён бурдани филиз набошад.
Панҷум аз минуиён Спандормад аст. Ӯ аз офариниши моддӣ заминро ба хеш пазируфт. Ба ёриву ҳамкории ӯ Обон, Мороспанд17, Дин, Ард, (ки) Аршишванг аст ва Ардвисур Аноҳид дода шуданд; чунонки Обон18 минуи поккунандаи замину тухмаи обҳост ва Мороспанд, ки Мансраспанд, сухани Ҳурмазд аст, дар ӯст; ва Арду Дин дар Фарраи19 хона аст. Дар бораи Аршишванг гӯяд фарраи парҳезгор биҳиштӣ аст. Ардвисур Аноҳид падару модари обҳост. Бад-ин ҳамкорӣ (ки) дар (даврони) аҳриманӣ тартиб ёфтааст, ин минуиёни ҳамкор фарраро нигоҳ20 доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор