Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
БАХШИ ЧАҲОРУМ
Дар бораи чигунагӣ ва иллати офариниши офаридагон барои набард
Ҳурмузд номи сӣ Амшоспандро бад-он сӣ рӯз чунин ниҳод, ки нахуст Ҳурмузд аст, сипас шаш Амшоспанд, (ки ме)шавад ҳафт. Ҳаштум Дай (ки) додор аст, сипас шаш Амшоспанд, (ки) мешавад ҳафт. Ҳаштум Дай (ки) додор аст, сипас ҳафт Амшоспанд, (ки) мешавад ҳашт.1 Нуҳум Дай, (ки) додор аст, сипас ҳафт Амшоспанд, (ки) мешавад ҳашт. Чунон (ки) номи хешро ба чаҳор ҷой дар моҳҳо ҷой дод. Ҳурмузду он се Дай яке ном, яке гоҳ, яке Дин ва яке замон аст, ки ҳамеша будаанд.
Ҳангоме ки Аҳриман ба патёрагӣ омад, Ҳурмузд замони дирангхудойро ба тани марди понздаҳсолаи равшану сапедчашму баланду неруманд фароз офарид, ки ӯро нерумандӣ аз ҳунармандист на аз дуздиву ситамгарӣ. Ӯ худ ҷомаи сапед пӯшиду шукӯҳи осурванӣ дошт; зеро ҳамаи доноӣ бо осурванон аст, ки бар касон намудор аст (ки) ҳар кас аз ӯ омӯзанда аст. Ҳурмуздро низ хешкории офариниш буд; офаринишро ба доноӣ метавон офарид ва бад-ин рӯй аст, ки ҷомаи доноён пӯшад (ки) осурванест. Войи некуҷомаи заррин, симин, гавҳарнишон волғунаи2 басранг пӯшид (ки) ҷомаи артишорист, зеро фарозраванда (будан) аз паси душманону патёраро аз миён бурдан ва офаринишро посбонӣ кардан (хешкории ӯст). Чунин гӯяд, ки Войро он хешкорӣ аст (ки) дар (худ) ҳарду офариниши рақибро таҳаммул кунад. Чи онро, Спанд-мину офариду низ онро, ки Аҳриман; барои он ки чун3 набард сар бигирад, офаридагони Ҳурмуздро ҳамебияфзояду они Аҳриманро аз миён бибарад.
Сипеҳрро аз замон офарид, ки тани Зурвани диранг-худой ва тақдири эзидӣ аст. Ӯ ҷомаи кабуд4 пӯшид, ҷомаи вастрйушӣ дошт; зеро некбахтӣ (ба) ҷаҳон хешкории ӯст; ҳамон гуна, ки вастрйушон муносиби варзидани ҷаҳон офарида шуданд. Ҳамон гуна, ки Ҳурмазд номи хешро (ба) миёнаи ҳар шаш Амшоспанд ҷой дод. Офариниши минуву гетиро низ ба ҳамон оин офарид. Ҳамон гуна, ки (ба) мину Ҳурмазд ва он шаш Амшоспанд: Баҳман, Ардибиҳишт, Шаҳривар, Спандармад, Хурдод ва Амрдод ба ҳамон гуна низ осмонро ҳафт поя аст: нахуст абрпоя, дигар сипеҳри ахтарон, седигар ситорагони наёмезанда, чаҳорум биҳишт, (ки) Моҳ бад-он поя истад; панҷум гарудмон, ки Анағри равшан хонда шавад ва Хуршед бад-он поя истад; шашум гоҳи Амшоспандон; ҳафтум равшании бекарон, ҷойи Ҳурмазд ба ҳамон гуна низ офариниши моддиро ба ҳафт (бахш) офарид: нахуст Осмон, дигар Об, седигар Замин, чаҳорум Гиёҳ, панҷум Гӯсфанд, шашум Мардум, ҳафтум Оташ, ки дурахшиши (ӯ) аз равшании бекарон, ҷойи Ҳурмазд аст. Ӯ оташро дар ҳамаи офариниш чунон бипароканду фароз офарид ба монанди хонахудое, (ки) чун дар хона шавад, андар ҳима оташ ниҳад5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор