Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Бар он ахтарон чаҳор сипаҳбад ба чаҳор сӯй гуморда шуд. Сипоҳбаде бар он сипоҳбадон гуморда шуд. Бас бешумор ситораи номбурдор барои ҳунарвариву нерудиҳандагӣ (ба) он ахтарон ба сӯй-сӯй ва ҷой-ҷой гуморда шуд. Чунин гӯяд, ки Тиштр сипоҳбади Шарқ, Садвис сипоҳбади Нимрӯз, Вананд сипоҳбади Ғарб, Ҳафтавранг сипоҳбади Шимол, мехгоҳ, ки мехи миёни осмонаш хонад. Сипоҳбадон сипоҳбад5, Поранду Маздадод ва дигар аз ин шумор сардорон посдори навоҳианд. Ахтаршуморон ин ситорагонро акнун ситорагони нобиёбонӣ мехонанд ва бузургу кӯчаку миёна (эшон)-ро (эшон)-ро бузурге нахустин, бузурге (дигар ва бузурге) седигар хонанд.
Ин сипеҳр ба ҳамонандии соле ниҳода шуд: дувоздаҳ ахтар чун дувоздаҳ моҳ, ҳар ахтаре сӣ дараҷа аст, чун ҳар моҳе сӣ шабонарӯз. Ӯ Ҳафтаврангро ба ноҳияти Шимол гуморд, он ҷо, ки чун Аҳриман дархост, дӯзах шуд. Барои идораи кишварҳои дар (даврон) омехтагӣ, аз ҳафт кишвар, аз ҳар кишваре банде бад-ӯ пайваста аст ва бад-он рӯй аст (ки) Ҳафтавранг хонда мешавад.
Ӯ сипеҳри он ахтаронро чун чархае ниҳод, ки дар омехтагӣ ба ҳаракат истанд; сипас, бар фарози эшон, ситорагони наёмезандаро қарор дод, ки чун Аҳриман расад, ба набард (ӯро) супуранду нагзоранд ба болотар биёмезад. Ӯ фарраи беҳдин маздаясноро барои он сипоҳбадон гуморд, ки ҷавҳари разм хонда шавад (ки) ошкор шудани покист дар (баробари) омехтагӣ. Бад-он рӯй ситораи наёмезанда хонда шавад, ки чун Аҳриман омад, эшон (бо ӯ) наёмехтанд. Ахтаршуморон (сипеҳри эшонро) сипеҳри забарсипеҳр мехонанд. Бад-эшон ангораи баҳиза нест, зеро омехтагон наметавонанд чизи поконро баршуморанд. Моҳи гӯспандтухма бар болои он офарида шуд; Хуршеди тезасб болои он офарида шуд.
Ӯ Моҳу Хуршедро ба болои он ахтарони омехтаву наёмехта гуморд, ки эшонро ҳама банд ба Хуршеду Моҳ аст. Гоҳи Амшоспандон бар болои Хуршед офарида шуд, ки ба равшании бекарон, (ба) гоҳи Ҳурмузд пайваста аст. Инро низ шаш поя аст, ки шаш офариниш аст, ҳамонанди шаш офариниши моддӣ. Миёни ин сипеҳр гуморда шуд Бод, Абру Оташ Вазишт, ки чун Аҳриман расад, ба иттифоқи он минуи бузург, он Тиштр, об ситонанд, борон боранд. Ӯ эшонро низ ҳамчунон ба Хуршед, Моҳу ситорагон банд кард. Дигар (ин ки) Оташи Вазишт, Боду Ир ҳамкору ёвари Тиштр, сипоҳбади Шарқанд.
Аз он ситорагон, он ки бузургтар аст ҳамчанди хонае сангӣ аст; он ки миёна аст ҳамчанди чархае дурушт аст; ва он ки кӯчактар аст ҳамчанди сари гови хонагӣ аст. Моҳ хамчанди аспресе (ба андозаи) ду ҳоср аст, ки ҳар ҳосре бар замин ба андозаи фарсангест. Хуршед ҳамчанди Эронвиҷ аст.
Моҳу Хуршеду он ситорагон то омадани Аҳриман, истоданду нарафтанд. Замон ба покӣ мегузашту ҳамвора нимрӯз буд. Пас аз омадани Аҳриман ба ҳаракат истоданд ва то фарҷом аз он ҳаракат наистоданд. Ҳаракати Хуршед чун бузургтар тири сепарра аст, агар он бузургтар марз аз он бузургтар камон биафганад. Моҳро ҳаракат ҳамсони се парра тире миёна аст, агар он миёнамард аз он миёнакамон биафганад. Ситорагонро ҳаракат чун сепарра тири кӯчак аст агар он кӯчакмард аз он кӯчак камон биафганад. Аз он ахтарон Тиштр, Башн, Таришагу Азараг, Падиспару Пешпарвиз тезравтаранд. Хуршед аз он гоҳ ки ахтареро биҳилад, то он дигареро биёбад, миёнгини диранг ба андозаи (замонест, ки) марде санге барситонаду биафганад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор