Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳар моҳе сӣ рӯзу як моҳ сиву панҷ рӯз. Бар ҳар рӯзе номи Амшоспанде ниҳода шуд. Чигунагии онро гӯям:
Нахуст Осмонро офарид ба чиҳил рӯз, ки аз рӯзи Ҳурмазд, моҳи Фарвардин то рӯзи Обон, моҳи Ардибиҳишт аст. Панҷ рӯз диранг кард18 то рӯзи Дай ба Меҳр. Он панҷ рӯз Гоҳанбор ва онро ном Мадйозарм19 аст. Онро гузориш ин ки20 зистгоҳи Меҳу Моҳ21 ва сабзӣ ба пайдоӣ омад.
Дигар, Обро офарид ба панҷоҳу панҷ рӯз, ки аз рӯзи Меҳр, моҳи Ардибиҳишт аст то рӯзи Обон, моҳи Тир, панҷ рӯз диранг кард то рӯзи Дай ба Меҳр, он панҷ рӯз Гоҳанбор ва онро ном Маидйошам22, ки онро гузориш ин ки ӯ обро равшан бикард, зеро нахуст тира буд.
Седигар Заминро ба ҳафтод рӯз офарид, ки аз рӯзи Меҳр, моҳи Тир то рӯзи Ард, моҳи Шаҳривар аст. Он панҷ рӯзро диранг кард то рӯзи Анағрон. Он панҷ рӯз Гоҳанбор ва ӯро ном Падишҳа23 аст. Ӯро гузориш ин ки ба пой рафтани офаридагонро бар замин падид овард.
Чаҳорум Гиёҳро офарид ба бисту панҷ рӯз (ки аз рӯзи Ҳурмазд моҳи Меҳр то рӯзи Ард аст). Панҷ рӯз диранг кард то24 рӯзи Анағрон. Он панҷ рӯз Гоҳанбор ва ӯро ном Аёсарем25 аст, ки ӯро гузориш ин ки баргу бӯю рангу сабзӣ пайдо шуд.
Панҷум гӯсфандро офарид ба ҳафтоду панҷ рӯз, ки аз рӯзи Ҳурмазд, моҳи Обон то рӯзи Дай ба Меҳр, моҳи Дай аст. Панҷ рӯз диранг кард то (рӯзи Баҳром). Он панҷ рӯз Гоҳанбар ва ӯро ном Мадйорем26 аст, ки ӯро гузориш ин ки анбори замистонро барои домҳои хеш фароҳам бикард.
Шашум мардумро офарид, ки Каюмарс аст, ки ба ҳафтод рӯз, ки аз рӯзи Ром, моҳи Дай то рӯзи Анағрон, моҳи Спандормад аст. Панҷ рӯз диранг кард то (рӯзи Ваҳиштаишти-гоҳ). Он панҷ рӯз Гоҳанбор аст, ки он панҷ рӯзи тарӯфта аст, ки дуздида хонанд, ӯро ном Ҳамаспаҳмадем27 аст, ки ӯро гузориш ин ки ҳаракати ҳамаи сипоҳ ба гетӣ пайдо шуд, зеро фраваҳри мардумон ба ҳамсипоҳӣ рафтанд. Номи он панҷ рӯз, ки тарӯфта аст, ки панҷ гоҳ гоҳонест, ки панҷаи некӯ хонад, ба сурати динӣ ин аст: Аҳунавайд-гоҳ, Уштавайд-гоҳ Испандумад-гоҳ, Воҳухушатр-гоҳ, Ваҳиштаишт-гоҳ.28 Номи он сӣ рӯз, ки бар моҳҳо ниҳода шудааст, ин29 аст: Ҳурмазд, Баҳман, Ардибиҳишт, Шаҳривар, Спандормад, Хурдод, Амурдод, Дай, Озар, Обон, Хур, Моҳ, Тир, Гауш, Дай, Меҳр, Сурӯш, Рашн Фарвардин, Баҳром, Ром, Бод, Дай, Дин, Ард, Аштод, Осмон, Зомиёд, Мороспанд, Анағрон.
Он дувоздаҳ моҳро ном аз ҳамон Амшоспандон аст: Фарвардинмоҳ, Ардибиҳиштмоҳ, Хурдодмоҳ, Тирмоҳ, Амурдодмоҳ, Шаҳривармоҳ, Меҳрмоҳ, Обонмоҳ, Озармоҳ, Даймоҳ, Баҳманмоҳ, Спандормадмоҳ.
Чигунагии эшонро як-як фароз гӯям.
БАХШИ САВУМ
Дар бораи фароз офаридани равшанон
Ҳурмазд дар миёни осмону замин равшанонро1 фароз офарид: (нахуст) ситорагони ахтарӣ ва низ он ноахтариро; сипас, Моҳ ва сипас Хуршедро (дар он) биистонид. Чун ӯ нахуст сипеҳрро офарид, ситорагони ахтариро бар он гуморд (ки) моявари ин дувоздаҳ (ахтар)анд, ки эшонро ном Барра, Гов, Дупайкар, Харчанг, Шер, Хӯша, Тарозу, Каждум, Нимасб, Буз, Далв ва Моҳӣ аст, ки эшонро дар баршумории манозили Қамар тақсим ба бисту ҳафт аст, ки эшонро ном ин аст:2 Падиспар, Пешпарвиз, Пайиг (?), Бузисар, Башн, Рахват, Таришак3, Азараг, Нахв, Маён, Авдум, Мошоҳа, Успур, Ҳусрав, Сирӯй, Вар, Дил, Дирафша, Варант, Го, Юғ, Мӯрӣ, Бунзаҳ, Каҳтсар, Каҳтмиёну Каҳт. Ӯ барои ҳамаи офариниши оғозини ҷаҳон ҷойгоҳ сохт, ки чун Аҳриман расад, ба муқобилаи душмани хеш кӯшанду офаридагонро аз он патёрагон раҳоӣ бахшанд, ҳамсони сипоҳу гунд, ки дар (майдон)-и корзор бахш шаванд. (Барои) ҳар ахтаре аз эшон шаш ҳазор – ҳазору чаҳорсаду ҳаштод4 ҳазор ситораи хурд ба ёрӣ фароз офарида шуд. (Ин) он аст, ки акнун ахтар шуморанд, ҷуз он бешумор (ситорагоне), ки ба ёрии ин (ахтарон) истанд.

пешина
аз 314
навбатӣ