Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Ӯ ба ёрии осмон шодиро офарид. Бад-он рӯй барои ӯ шодиро фароз офарид, ки акнун, ки омехтагӣ аст, офаридагон ба шодӣ даристанд, сипас аз гавҳари осмон обро офарид чандин марде, ки ду даст бар замин ниҳоду ба дасту пой равад (ва) он гоҳ об то шиками ӯ биистад; бад-он баландӣ об битохт. Ба ёрии ӯ бод, борон, меҳ, абри боронӣ ва барф12 офарида шуд. Седигар, аз об заминро офарид гирд, давргузар, бенишебу бефароз, дарозо бо паҳнову паҳно бо жарфо баробар, рост миёни ин осмон қарор бигирифта. Чунин гӯяд, ки ӯ нахуст як савуми ин заминро фароз офарид сахт чун сангзор, дигар, як савуми ин заминро фароз офарид гирд оганда; се дигар, як савуми ин заминро фароз офарид аз гили нарм13. Ӯ гавҳари кӯҳҳоро дар замин биофарид, ки пас аз он аз замин болиданду рустанд. Ӯ ба ёрии замин офарид оҳан, рӯй, гӯгирду бӯраву гач ва низ ҳамаи (он чиро, ки аз) тухмаи он сахт заминанд, ҷуз аҳҷори карима14. (сангҳои қиматбаҳо – алмос, фирӯза ва ғ.), ки аз тухмае дигаранд. Заминро чун он марде сохту офарид, ки ҳама сӯи тани вайро ҷома (бар) ҷома сахт даргирифтааст. Зери ин заминро ҳама ҷо об биистад.
Чаҳорум гиёҳро офарид, нахуст бар миёнаи ин замин фароз руст чанд пой боло, бешоха, бе пӯст, бе хору тару ширин. Ӯ ҳама гуна неруи гиёҳонро дар сиришт дошт. Ӯ обу оташро ба ёрии гиёҳ офарид, зеро ҳар танаи15 гиёҳро сиришки обе бар сар ва оташи чаҳор ангушт пеш (аз он аст). Бад-он неру ҳамеруст.
Панҷум, гови яктоофаридаро дар Эронвиҷ офарид, ба миёнаи ҷаҳон, бар бори16 рӯди Веҳ-Даитӣ, ки (дар) миёнаи ҷаҳон аст. (Он гов) сапеду рушан буд чун моҳ, ки ӯро боло ба андозаи се ной буд. Ба ёрии ӯ офарида шуд обу гиёҳ, зеро дар (даврони) омехтагӣ ӯро зӯру боландагӣ аз эшон бувад.
Шашум Каюмарсро офарид равшан чун Хуршед. Ӯро ба андозаи чаҳор ной боло буд. Паҳно(ш) чун (ш); рост бар бори рӯди Даити, ки (дар) миёнаи ҷаҳон истад. Каюмарс бар сӯи чапу гов бар сӯи рости (Ҳурмазд офарида шуданд). Дурии эшон яке аз дигаре ва низ дурӣ аз оби Даити ба андозаи болои худи (эшон) буд. Каюмарс дорои чашм, дорои гӯш, дорои забону дорои дахшак17 буд. Дахшак доштан ин аст, ки мардум аз тухмаи ӯ бад-он гуна зоданд. Ба ёрии ӯ хоби осоишбахшанда офарида шуд; зеро Ҳурмазд он хобро ба тани марди баланди понздаҳсолаи равшан фароз офарид. Ӯ Каюмарсро бо гов аз замин офарид. Ӯ аз равшаниву сабзии осмон нутфаи мардумону говонро фароз офарид, зеро ин ду нутфаро (ки) оташтухмаанд на обтухма, дар тани гову Каюмарс бидод, то афзоиш ёфтани мардумону гӯсфандон аз он бошад.
Ӯ ин шаш офаринишро ба шаш гоҳи Гоҳанбар биофарид, ба соле, ки сесаду шасту панҷ рӯз ба шумор асту дувоздаҳ моҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор