Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Офаридагони Ҳурмазд ба минуӣ ончунон парварда шуданд, ки бе андеша, ногирифтанӣ ва бе ҷунбиш чун манӣ ба тарӣ истоданд. Пас аз тарӣ омехтагӣ буд, ба монанди манӣ ва хун; пас аз омехтагӣ овардагӣ22 буд, ба монанди даштак23; пас аз овардагӣ бахш шудан буд чун дасту пой; пас аз бахш шудан фурӯшудагӣ буд (чун) чашм, гӯш, даҳон; пас аз фурӯшудагӣ чандиш24 буд (ва он) ҳангомест, ки ба пешравӣ истод. Акнун низ ба гетӣ (фарзандон) бад-он шева дар шиками модар падид оянду зоянду парвариш ёбанд. Ҳурмаздро дар офариниш модарӣ ва падарии офаридагон аст; зеро ҳангоме ки офаридагонро ба минуӣ парвард, он модарӣ буд ва ҳангоме ки (эшонро) ба сурати моддӣ офарид, он падарӣ буд.
БАХШИ ДУВУМ
Дар бораи офариниши моддӣ
Чун Аҳриман ба гичӣ аз кор биафтод – чунонки фарозтар навиштам – се ҳазор сол ба гичӣ фурӯ монд. Дар он азкорафтодагии он Аҳриман, Ҳурмазд офаридагонро ба сурати моддӣ офарид. Аз1 равшании бекарон оташ, аз оташ бод, аз бод об, аз об замину ҳамаи ҳастии2 моддиро фароз офарид.
Чунин гӯяд ба «Дин», ки нахустин офарида ҳама оби сиришке буд, зеро ҳама (чиз) аз об буд ҷуз тухмаи мардумону гӯспандон, зеро ононро тухма оташ-тухма аст. Ӯ, нахуст, осмонро офарид барои боздоштани (Аҳриману девон), бошад, ки (он офаринишро) оғозин хонад3; дигар обро офарид барои аз миён бурдани Дуруҷи ташнагӣ, седигар заминро офарид ҳама моддӣ, чаҳорум гиёҳро офарид барои ёрии гӯспанд; панҷум гӯспандро барои ёрии марди парҳезгор (офарид); шашум марди парҳезгорро офарид барои аз миён бурдану аз кор афгандани Аҳриман ва ҳамаи девон; сипас, оташро офарид (чун) ахгаре4 ва бад-ӯ дурахшиш аз равшании бекарон пайваст. Он гуна тане некӯ (дошт), ки оташро дархур аст. Ӯ, сипас, бодро офарид ба (монанди ) тани мардумҷавони понздаҳсола, ки ин обу гиёҳу гӯспанду марди парҳезгор ва ҳар чизеро бибараду бидод. Чигунагии эшонро гӯям:
Нахуст осмонро офарид равшан, ошкоро, бисёр дур хоядиса5 (ба шакли тухм – Д.М.) ва аз хумоҳан, ки гавҳари алмоси нар аст; сари ӯ ба равшании бекарон пайваст. Ӯ офаридагонро ҳама дар даруни осмон биофарид, диж6 гуна бо рӯе, ки онро ҳар афзоре7, ки барои набарду боиста аст, дар миён ниҳода шуда бошад; ё ба монанди хонае, ки ҳар чиз дар (он) бимонад. Бунпояи8 осмонро ончанд паҳност, ки онро дарозост; ӯро ончанд дарозост (ки) ӯро болост; ӯро ончанд болост, ки ӯро жарфост; баробарандоза, мутаносиб9 ва беша10 монанд. Минуи осмон, (ки) андешаманду суханвару кунишманду огоҳу афзунгару баргузинанда аст, пазируфт давраи11 дифоъ бар зидди Аҳриманро, ки бозтохтани (вайро ба ҷаҳони торикӣ) наҳилад. Минуи осмон чун он гурди артишторе, ки зиреҳ пӯшида бошад то бе бим аз корзор раҳоӣ ёбад осмонро бад-он гуна (бар тан) дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор