Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳурмазд аз равшании моддӣ ростгӯиро (офарид) ва аз ростгӯӣ афзунгарии додор ошкор шавад (ки) офариниш аст; зеро ӯ тани бекаронро аз равшании бекарон фароз офарид ва офаридагонро низ ҳама дар тани бекарон биофарид. Тани бекарон (аз) гузароии замон ҷудо аст. Аз тани бекарон «Аҳунавар» фароз шуд, минуи «йата аҳу ваирйа», ки оғози офаринишу фарҷоми офаридагон аз ӯ ошкор (шавад); бошад, ки «Дин» (хонанд) чун «Дин» ба ҳамроҳи офариниш офарида шуд. Аз «Аҳунавар» минуи сол фароз шуд, ки акнун дар даврони омехтагӣ ниме равшану ниме торик, сесаду шасту панҷ рӯз аст, ки буриши замони диранг-худой аст ва ҳарду офариниш барои набард дар ӯ равоӣ ёфтанд, ки гуфт: «Офариниши Ҳурмазд ба худоиву дастурӣ, додмандӣ ва бартарпоягӣ, ба осоиш16 истод; офариниши Аҳриман ба султа17 ситамгарӣ ва гуноҳкориву фурӯпоягӣ, ба душворӣ истод».
Ҳурмазд ба Амшоспандон – ҳангоме ки эшонро офарида буд – мушаххас гашт, шаш18 сарваре, ки барои ҳастӣ мебоист фароз офарид (то) сипас, ба тани пасин бадиро аз он нопайдоӣ баранд. Ӯ офариниши минуиро ба минуӣ нигаҳ дорад ва офариниши моддиро (низ нахуст) ба минуӣ офарид ва сипас, ба сурати моддӣ офарид. Ӯ, нахуст, Амшоспандонро офарид (ба) шаш бун; сипас, дигар, он ҳафтумин худ Ҳурмазд аст. Аз (ҷумла) офаридагони моддӣ (ки) ба минуӣ офарид, нахуст шашто (буданд) ва он ҳафтумин худ, (Ҳурмазд) буд; зеро Ҳурмазд ҳарду аст: нахуст мину, (сипас) моддӣ. Пас аз (офариниши) войи диранг-худой, аз Амшоспандон, нахуст Баҳманро фароз офарид, ки ривоҷ ёфтани офаридагони Ҳурмазд аз ӯ буд19. Ӯ нахуст Баҳманро аз равиши неку равшании моддӣ фароз офарид. Ин ки (гӯянд): «Баҳмани маздаяснон бо ӯ буд», ин аст, ки он чиро то фирашкард бар офаридагон расад, ӯ медонист.
Сипас, Ардибиҳишт, сипас Шаҳривар, сипас Спендормад, сипас Хурдоду Амрдодро офарид, ҳафтум худи Ҳурмазд ва ҳаштум ростгӯӣ, нуҳум Сурӯши парҳезгор, даҳум Мороспанд, ёздаҳум Нарйосанг, дувоздаҳум Ради баланд, Рату бурзет, сездаҳум Рашни Рост, чаҳордаҳум Меҳри фарохчарогоҳ, понздаҳум Аҳришванги некӯ, шонздаҳум Поранд, ҳафтаҳум Хоб, ҳаждаҳум Бод, нуздаҳум Додмандӣ, бистум Пайкор: додхоҳиву дифоъ, оштиву афзунгарӣ.
Аз офаридагони моддӣ нахуст осмон, дигар об, седигар замин, чаҳорум гиёҳ, панҷум гӯсфанд, шашум мардум, ҳафтум худи Ҳурмазд (буд). Ӯ офаринишро ба ёрии войи диранг-худой фароз офарид, зеро, ҳангоме ки ӯ войи диранг-худойро фароз офарид, он (вой) низ афзоре шуд, ки вайро барои офариниш дарбоист.
Аҳриман бад-он патёрагӣ аз камоладевон нахуст Акаманро фароз сохт, сипас Андар, сипас Совул, сипас Ногаҳис, сипас Тарумад, сипас Тарезу Зареза, сипас дигар девон, ҳафтум худи Аҳриман (буд). Аҳриман ҳаргиз чизе некӯ наяндешид, нагӯяду накунад. Ӯро некӯии офаридагони Ҳурмазд боиста набуд,20 Ҳурмаздро нобудгарии21 офариниши Аҳриман боиста набуд. Ҳурмазд он чизро наандешад, ки онро натавонад кард, Аҳриман онро, ки натавонад кард, андешад, таҳдид низ фароз барад.

пешина
аз 314
навбатӣ