Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
ДОСТОНИ МЕНУ ХИРАД1
Ба ном ва ситоиши офаридагор Ҳурмузд, ки ҳама судҳо (аз ӯст) ва ҳама эзадони офарида дар мену ва гетӣ ва фарҳанги фарҳангҳо – дини маздопарастӣ, ки бунёди сарчашмаи доноӣ баргузида аз ӯст, ба фарру коми ду ҷаҳон ва омӯзишҳои фаровон (аз) офаридагор Ҳурмузд ва ҳама эзадони бас нерӯманд ва осоиши бекарон (аз) пардохти эзадон ва ҳама доноёне, ки корашон омӯзанда аст. Подошҳои нав ба нав ба (он ки) хирад бо хештан дорад. Барои ёфтани суди ду ҷаҳон ба тану равон шифо бахштарин хирад (аст).
Чунон ки дар дини поки маздиснон – аҷоибтарини аҷоибот, бегумону бемонанд, бинобар гуфтори офаридагор Ҳурмузд ва Зартушти Спитамон дар бисёр ҷой баён шудааст, ки офаридагори бас нек ин офаринишро2 ба хирад офарид ва ӯ нигаҳбони хирад аст. Ва хирад, ки судбахштарин аст, ононро бе офат ҷовидону бе марг ва судмандтар ба хештан кунад.
Ба ҳамин далел пайдост, ки доное буд, ки гуфт, ки агар ин ошност, ки дини эзадон ростӣ ва қонуншон некист ва бар офариниш некному бахшояндаанд, пас чаро бештари мардумон (дорои) кешҳову гаравишҳо ва равишҳои бисёранд.
Ва бештари он кешҳову қонунҳо ва гаравишҳо ба кори эзадон зиёнкор ва хуб нестанд. Ва инро низ андешид, ки барои баргузиниши ин чиз ранҷ бояд бурд ва ба ин чиз огоҳ бояд буд, ки ба фарҷом кори тан ба хок омехта бувад ва ҳар кас бояд барои равон ранҷ барад ва аз кори нек огоҳ бувад. Зеро он кори неке, ки мардум ноогоҳона кунанд, кори неки камтар бувад. (Лек) он гоҳ ки (аз) ноогоҳӣ кунанд, он гуноҳ бар онон бувад. Ва аз Авесто пайдост, ки он ки чизе барои равонаш накардааст, коре накардааст. Ва то кунун низ чизе намекунад, (агар) барои равонаш коре накунад. Чи мену ва гетӣ ду дижеро монанд, ки пайдост якеро биситонад, дигареро ситондан нашояд. Ва чун бад-ин гуна нигарист, ба хостории хирад дар ин ҷаҳон шаҳр ба шаҳр ва ноҳия ба ноҳия даромад ва аз бисёр кешҳову гаравишҳои мардумоне, ки ононро дар доноӣ бартар меандешид, пурсид ва пажӯҳиш карду огоҳӣ ёфт. Ва чун дид, ки яке бо дигар чунон мутазоду мухолифанд, он гоҳ, донист, ки кешҳову гаравишҳо ва фирқаҳое, ки дар ин ҷаҳон яке бо дигар чунон мутазоданд, наметавонанд офариниши эзадон буда бошанд. Зеро ки дини эзадон ростӣ ва қонуншон дурустист. Ва бад-ин бегумон буд, ки ҳар ки ба дини пок (нест), ба ҳар чиз дар гумон3 бувад ва ба ҳамин далел ошуфта шавад. Пас аз он дар пурсуҷӯи дини кӯшотар бишуд ва аз дастуроне, ки дар ин дин огоҳтар буданд, пурсид, ки дар нигаҳдории тан ва раҳоиши равон чӣ чиз беҳтару бартар (аст)? Ва эшон ба пайдоӣ аз дин гуфтанд, ки аз ҳама некие, ки ба мардумон расад, хирад беҳтар (аст). Чи гетиро ба нерӯи хирад метавон орост ва менӯро (низ) ба нерӯи хирад метавон ба хештан кард. Ин низ пайдост, ки Ҳурмузд ин офариниши гетиро ба хиради зотӣ офаридааст. Ва идораи гетиву мену низ ба хирад (аст).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор