Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
(4) Ба бедодӣ ба ин Эроншаҳр ва даҳбадон бори гарон расад; ва омори6 заррину симин ва низ басе ганҷ ва хоста анбоз кунанд.
(5) Ва ҳама нобин ва нопайдо шавад ва басе ганҷу хостаи шойгон низ ба даст ва подшоҳӣ (дар ихтиёри) душманон расад.
(6) Ва марги безамона7 андар эрониён гумезанд8, чунон ки эронӣ аз ноэронӣ пайдо набошад: Он эронӣ боз ноэронӣ бошад.
(7) Ва ба он ҳангоми бад тавонгаронро аз дарвешон фархундатар доранд ва дарвешон худ фархунда набошанд. Ва озодагону бузургон ба зиндагии бемаза расанд, эшонро марг чунон хуш намояд, ки падару модарро аз дидори фарзанд ва модарро ба кобини духтар бошад.
(8) Ва духтаре, ки зоида, ба баҳо бифрӯшанд ва писар падару модарро занад ва андар зиндагӣ кадхудоиро аз эшон ҷудо кунад (бигирад) ва бародари кеҳтар бародари меҳтарро занад ва хоста азаш9 бистонад ва барои ба даст овардани хоста зӯру дурӯғ гӯяд ва зан шӯи хешро ба марг арзон бидиҳад.10 (9) Ва мардумони номарди11 нопайдо ба пайдоӣ расанд ва зӯру гувоҳии норост ва дурӯғ фарох шавад.
(10) Шаб бо якдигар нон ва май хӯранд ва ба дӯстӣ раванд ва рӯзи дигар ба ҷони якдигар чора созанд ва бад андешанд.
(11) Ва андар он ҳангоми бад онро ки фарзанд нест, фаррух доранд ва онро ки фарзанд аст, ба чашм хор доранд. Ва бисёре мардум ба уздаҳакӣ12 ва бегонагиву сахтӣ расанд.
(12) Ва андар вайа13 ошуфтагӣ ва боди сарду боди гарм вазад ва урварон кам бибошад ва замин аз бар бишавад.
(13) Ва буми газандак14 бисёр бибошад ва басе вайронӣ бикунад ва борон беҳангом борад ва он ки борад, бесуд борида бошад ва абр бар осмон гардад.
(14) Ва дабирро аз навиштан бад ояд ва ҳар кас аз гуфту гуфтори навишта ва паймон боз истад.15
(15) Ва ҳар кас, ки ӯро андак беҳӣ16 аст, зиндагияш бемазатар ва бадтар бошад; ва кулбаи нокарда17хона бошад.
(16) Саворӣ пиёда ва пиёда савор бошад. Бандагон ба роҳи озодагон раванд, ҳарчанд озодагӣ ба танашон меҳмон набошад.18
(17) Ва мардумон бештар ба фусӯсгарӣ19 ва аворункунишӣ20 гарданд ва мазаи ростро надонанд. Меҳр ва дӯшорами21 эшон ба диҳӣ22 бошад.
(18) Мардуми барно зуд пир шаванд ва ҳар кас аз кирдори бади худ шод бошад, барӯмандаш23 доранд.
(19) Ва шаҳр-шаҳр ва деҳ-деҳ ва русто-русто бо якдигар кухшиш24 ва корзор кунанд ва аз якдигар чиз бистонанд.
(20) Ва сутург варзад25 ва марди ситамгарро ба некӣ доранд ва фарзона ва мардуми беҳдинро дев доранд. Ва касе низ чунон ки бояд ба коми хеш нарасад.
(21) Ва мардуме, ки бад-он ҳангоми бад зоянд, аз оҳан рӯйсахттар бошанд. Гарчи аз хуну гӯшт бошанд, ҳамон гуна аз санг сахтгар бошанд.
(22-23) Ва фусӯсу тамасхур пироя бошад; ҳар кас бо Аҳриман бегона аст, ба хушии ӯ расад. Ва меҳру дуруҷӣ ва гуноҳ, ки андар он ҳангом кунанд; тез ва зуд даст ба посух бирасанд, чун обе, ки ба дарё битозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор