Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Дар панҷум
(1) Зартушт аз Ҳурмузд пурсид, ки эй Ҳурмузд, менуи афзунӣ! Додори Ашуи ҷаҳони астумандон! Оё дар он ҳангоми сахт парҳезкорон ва диндороне ҳастанд, ки кистӣ ба миён дошта бошанд ва оини динро бо шохаи барсам34 ба ҷой оваранд ва дини хветудис35 ба дудмони эшон раво бошад?»
(2) Ҳурмузд ба Спитомон Зартушт гуфт, ки беҳтарин мард он бошад, ки дар он ҳангоми сахт кистӣ ба миён дорад ва оини дин ба барсам ба ҷо оварад, гарчи монанди худованде Гуштоспшоҳ набошад.
(3) Касе ки дар он ҳангоми сахт «итҳо озизмида»36 ва «ашим ваҳу»37 бигӯяд ва ёд кунад, монанди касе аст, ки дар худовандии Гуштоспшоҳ «дувоздаҳ ҳумист»38-ро ба зуҳар39 анҷом медодааст.
(4) Ва касе ки оини парастишро ба ҷо биёварад ва суруди Готҳоро бихонад,40 монанди ин аст, ки ӯ дар худованди Гуштоспшоҳ оини воҷ41 ва суруди Готҳоро баргузорда бошад.
(5) Ашутарин (мард) он бошад, ки ба дини маздояснон бошад, дини «хветудис» ба дудмони ӯ равад.
(6) Ҳурмузд гуфт: Эй Спитомон Зартушт! Дар ин нӯҳ ҳазор соле, ки ман Ҳурмузд додам, мардум андар он ҳангоми сахт саҳмгинтар бошанд.
(7) Чи дар худованде бад Аздидаҳок42 ва Афросиёби туронӣ мардум дар он ҳангоми сахт беҳтар мезистанд ва бештар мезистанд ва эшонро ранҷи душманӣ аз Аҳриман ва девон камтар бувад.
(8) Чи дар он худовандӣ бад-эшон дар Эроншаҳр панҷ деҳ вайрон набуд, чунон ки ҳазораи ту сар биравад, эй Спитомон Зартушт!
(9) Чи ҳамаи деҳҳои Эрон ба суми асби эшон канда шавад; дирафши эшон то ба Пазишхоргар43 бирасад; бо фармонравоии ситамгарона ҷойгоҳи динро аз он ҷо бибаранд ва тохту този эшон аз он ҷо хоҳад расид.
(10) Эй Спитомон Зартушт! Инро аз пеш гӯям. (11) Аз ҳистон44 дар парастиши он кас эдун бартар бошад, (ки язиши Ҳурмузд бештар кунад). Ҳурмузд аз ашуй ба ҳама чиз огоҳ аст (Ҳурмузд, ки аз ашуй огоҳ аст, музд ва подоши кори нек ва карбаро ҳар он чӣ ҳаст бидиҳад) ва ман (анҷуманони) нар ва модаро мепарастам (амшоспандон, ки низ нар ва ё низ мода бошанд, беҳтар ҳастанд).
Анҷом. Фарҷом ёфт ба хушнудӣ ва шодӣ ва ромиш! Ба коми Яздон бод! Чунин бод! Низ чунинтар бод!45
АЙЙОТКОРИ ҶОМОСП1
(1) Гуштоспшоҳ пурсид, ки: ин дини авижа чанд сол раво бошад ва пас аз он чӣ ҳангом ва замона расад?
(2) Ҷомоспи Битахш гуфташ, ки ин дин ҳазор сол раво бошад. Пас аз он мардумоне, ки андар он ҳангом бошанд, ҳама ба меҳрдуруҷӣ2 истанд; бо якдигар кину рашк ва дурӯғ кунанд ва ба он чам3 Эроншаҳрро ба тозиён биспоранд ва тозиён ҳар рӯз нерӯмандтар шаванд ва шаҳр шаҳрро фаро гиранд.
(3) Мардум ба аворунӣ4 ва дурӯғ гарданд ва ҳар он чӣ гӯянд ва кунанд, ба суди худашон бошад; аз эшон равиши фарорун5 озурда шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ