Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

(11) Дар ҳафтумин шабонарӯз ӯ хиради ҳаруяспи огоҳро аз Зартушт бозситонид.
(12) Зартушт пиндошт, ки: «(инро) ба хоби хуше, ки Ҳурмузд дод, дидам ва аз хоб бедор нашудаам».
(13) Ӯ ҳар ду дастро бурд ва ба тани хеш молид (ва андешид), ки: «дерзамоне аст хоб ҳастам ва аз ин хоби хуше, ки Ҳурмузд дод, бедор нашудаам».
(14) Ҳурмузд ба Спитомон Зартушт гуфт, ки: «ба хоби хуше, ки Ҳурмузд дод, чӣ дидӣ?»
(15) Зартушт гуфт, ки эй Ҳурмузди менуиафзунй! Додори ҷаҳони астумандон! Марди комравое20 бо басе хоста дидам, ки ба тани бадном ва равони гуруснаву низор ва ба дӯзах буд; хушоянд нанамуд.
(16) Дарвеше бечиз ва бечора дидам, ки равонаш фарбеҳ ва ба биҳишт буд, маро хушоянд намуд.
(17) Марди тавонгаре бефарзанд дидам, маро барозанда нанамуд.
(18) Марди шикастае бо фарзанди бисёр дидам, маро барозанда намуд.21
(19) Дарахте дидам, ки ҳафт шоха бад-он буд: Яке заррин, яке симин, яке руин, яке биринҷин, яке арзизин, яке пӯлодин ва яке аз оҳани олуда.
(20) Ҳурмузд гуфт, ки эй Спитомон Зартушт! Инро аз пеш гӯям.
(21) Дарахти якбун, ки ту дидӣ, он гетӣ аст, ки мани Ҳурмузд офаридам.
(22) Он ҳафт шоха, ки ту дидӣ, он ҳафт ҳангоме аст, ки хоҳад расид.
(23) Ва он заррин худовандии Гуштоспшоҳ22 аст, ки ману ту дар бораи дин бо ҳам гуфтугӯ кунем, Гуштоспшоҳ дин бипазирад ва колбади девон бишканад ва девон аз ошкорӣ ба дур шуда, дар ниҳони равише бимонанд ва Аҳриман, девон ва зоду рӯдашон боз ба тирагӣ ва торикии дӯзах ронда шаванд ва парҳези обу оташ ва растаниҳо ва Спандормаз замин пайдо бишавад.
(24) Он симин худовандии Ардашеркай аст, ки ба ҳамин писари Сипандод хонда шавад23, ки девонро аз мардумон ҷудо кунад, ҳамаи ҷаҳонро бипирояд ва динро раво кунад.
(25) Он руин худовандии Ардашер24, ороянда ва пероян-даи ҷаҳон ва он Шопуҳаршоҳ25 бошад, ки ҷаҳонро, ки ман, Ҳурмузд офаридам, орояд ва растагории басомони ҷаҳон раво кунад ва беҳӣ падидор бишавад ва Озарбоди пирӯзбахт, перосто-ри дини рост бо рӯй омода шуда, барои ин дин бо ҷудороҳон пайкор намояд ва боз онро ба ростӣ оварад.26 (26) Он биринҷин худовандии Вилошшоҳи27 ашконӣ аст, ки ҷудороҳоне, ки бошанд, аз ҷаҳон бибарад ва онро Аквон писари Гирикарсиёки28 друнад29 аз ҷудодинон роҳ табоҳ кунад ва аз ҷаҳон нобин ва нопайдо шавад.
(27) Он арзизин худовандии Баҳроми Гӯршоҳ30 аст, ки менуи ромишро31 бино ва ошкор кунад ва Аҳриман бо ҷодувон боз ба тирагӣ ва торикии дӯзах ронда шаванд.
(28) Он пӯлодин худовандии Хусрав писари Куводшоҳ32 аст, ки гуҷаста Маздак, писари Бомдод, душмани динро, ки бо ҷудороҳон бошанд, аз ин дин боздорад.
(29) Он аз оҳан олуда фармонравоии бедодонаи девони жӯлидамӯй33 аз тухмаи хашм бошанд, эй Спитомон Зартушт! Ҳазораи ту ба сар ояд, чун даҳумин сад соли ту ба поён расад, эй Спитомон Зартушт!

пешина
аз 314
навбатӣ