Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
(4) Пас ӯ пиндошт, ки (инро) ба хоб дид. (5) Чун Зартушт аз хоб бедор шуд, гуфт, ки: «Худой менуён ва гетиён ба ман намуд, ки буни дарахте дидам, ки чаҳор шоха бад-он буд».
(6) Ҳурмузд ба Спитомон Зартушт гуфт, ки: «Он дарахти якбун, ки ту дидӣ, он гетӣ аст, ки ман, Ҳурмузд офаридам.
(7) Он чаҳор шоха чаҳор ҳангоме аст, ки мерасад. (8) Он заррин он аст, ки ману ту гуфтугӯи динӣ кунем ва Гуштоспшоҳ дин пазирад ва колбади девон бишканад ва девон аз ошкорӣ ба дур шуда, дар равиши ниҳонӣ5 бошанд.
(9) Он симин худовандии шоҳ Ардашеркай6 аст». (10) Ва он пӯлодин худовандии анӯшаравон Хусрави писари Кувод7.
(11) Ва он аз оҳани олуда (ҳангоми) фармонравоии бедодонаи девони жӯлидамӯй аз тухмаи хашм8 аст, чун даҳумин сад соли ту ба сар равад, эй Спитомон Зартушт!»
Дар дувум
(1) Ба Занд Ваҳуманясн, Хурдодясн ва Оштодясн пайдост, ки як бор гуҷиста9 Маздак, писари Бомдод, душмани дин пайдо омад, то мардумонро душмани дини Яздон кунад.
(2) Он анӯшаравон Хусрав писари Кувод, Хусрав писари Мовиндод, Нӯшопуҳар писари Доз Ҳурмузд, дастури Озарпозагон, Озари Франбағи ростгӯ ва Озарбоз, Озармеҳр ва Бахтофаридро10 ба пеш хост.
(3) Ӯ аз эшон паймон хост, ки: «Ин яснҳоро ниҳон мадоред; ва ҷуз ба бастагони худи Занд маёмӯзед».
(4) Эшон ба Хусрав паймон карданд.
Дар севум
(1) Ба Занд Ваҳуманясн пайдост, ки Зартушт дигар бор аз Ҳурмузд анӯшагӣ хост.
(2) Ӯ гуфт: «Додоро! Миёни офаридагони ту ман парҳезкортар ва коргартарам, агар чун дарахти Ҷавидбеш11, Гукиптшо12, Йушти Фриён13 ваЧаҳрумиён14 писари Гуштосп, «маро анӯша кунӣ, агар маро чун эшон анӯша кунӣ, мардумон ба дини ту беҳтар биграванд (чун меандешанд, ки:) он пешвои дин чун дини беҳии вежаи15 маздояснон аз Ҳурмузд пазируфт, анӯша бибошад» ва низ он мардумон ба дини ту беҳтар гараванд.
(3) Ҳурмузд бад-ӯ гуфт: «Эй Спитомон Зартушт! Агар туро анӯша кунам, пас Турбротруш Карап16 анӯша бошад; ва чун Турбротруш Карап анӯша бошад, растохез ва тани пасин кардан нашояд».
(4) Зартуштро дар андеша душвор намуд. (5) Ҳурмузд ба хиради ҳаруяспи огоҳ донист, ки Спитомон Зартушти ашу17 чӣ андешид.
(6) Ӯ дасти Зартуштро фароз гирифт; ӯ, Ҳурмузди менуи афзунӣ, додори ашуи ҷаҳони астумандон18, хиради ҳаруяспи огоҳро ба сони об бар дасти Зартушт кард, ӯ (Ҳурмузд) гуфт, ки: «Фароз хӯр».
(7) Ва Зартушт онро фароз хӯрд, аз он хиради ҳаруяспи огоҳ ба Зартушт андар омехт.
(8) Ҳафт шабонарӯз Зартушт дар хиради Ҳурмузд буд. (9) Пас Зартушт мардумон ва гӯспандонро ба ҳафт кишвари замин бидид, (ки ҳар якро чанд то мӯй ба пушту сар ба куҷо доранд).
(10) Ӯ дору дарахт бидид (ки чӣ гуна бошад), ки урварон19 чанд реша бар Спандормаз замин доранд (ки чӣ гуна рустаанд ё ба якдигар омехта мебошанд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор