Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва сипас ман Ганнок Менуги пурмарги геҳон барҳамзани душдинро дидам ки дар дузахи друвандон афсусу рийорӣ нужханд: «Чиро нони Ҳурмузд мехурдеду кори ман мекардед ва чиро андешаи додори хеш накардед ва ба коми ман кор кардед?» Сипас чинин як афсусгариҳо (пужханд) ба друвандон мекард.
Пас Суруши аҳлав ва Озури изад он дасти ман гирифтанду аз он ҷойи торики саҳмгини бимгин фароз биоварданд ба он сари рушноиву анҷумани Ҳурмузду Мориспандон бибурданд. Чун ман хостам намоз бибарам, Ҳурмузд пеши ман буд осон (некбахт). У гуфт ки: «Дуруст (хуш) омадӣ, ту ай аҳлав Ардави-рози пайамбари маздеснон, бишав ба (у) ҳастии астуманд, чун дидиву донистӣ ростиҳо (рост) ба гетигиён бигу чи ман ки Ҳурмуздам, бо ишонам. Ҳар кас ки дурусту рост мегуяд ман мешиносам ва медонам. Бигу (ин чизҳоро) ба доноён». Чун (вақте ки) Ҳурмузд бад ин сон мегуфт ман шигифт бимондам чи (танҳо) рушноиро дидам ва танро надидам ва бонг шунидам ва донистам ки ин Ҳурмузд аст. Ва додор Ҳурмузд афзунтарин аз минуиён бигуфт: «Ту Ардавироз ба маздеснони гетӣ бигу ки «Роҳи аҳлавон ва роҳи парйуткешон як аст ва он дигар роҳҳо роҳ нест(анд) ва он як роҳро бигиред он роҳи аҳлавро ва на ба фарухӣ, на ба тангӣ на ба (хотири) ҳич роҳи дигаразиш нагардед. Ва ҳумату ҳухту ҳваршт биварзед. Ва бад-он дин розӣ бошед ки Зартушти Сипитам аз манаш пазируфта ва Виштосп дар гетӣ (геҳон) раво-ш карда».
Ва доди дурусту ҳақро (пос) бидоред ва аз (доди) ноҳақ бипарҳезед. Ва аз ин ҳамчинин огаҳ бошед ки хок хоҳад гашт гову аспу зару сим ва тани мардумон. Ва он як ҳич наомезад бо хок ки дар гетӣ аҳлавро ситояд ва кору кирфа кунад. Дуруст, ай Арда Вираф, ба диҳи (айнан: ободӣ) хеш бишав, чи ҳар (кори) покиву подйориҳе ки шумо аз худ ҳувайдо мекунед ва пос медоред (риоя мекунед) ва чизе ки тибқи қонун пос медоред (риоя мекунед), пок йоздаҳру йазишн варзед, ҳамаро ман медонам (пеши ман ошкор аст).
Ва чун он сухан(?) шунидам, ба Ҳурмузди Додор жарфтар намоз (саҷда) кардам. Сипас Суруши Аҳлав пирузмандона ва далерона маро бистар бибурд.
Пируз бод фарри (шуҳрати) дини биҳи маздеснон! Идун бод, идунтар бод! Бу дуруду шодиҳо ва осудагӣ ба фарҷом бирасид.
ЗАНДИ ВАҲУМАН ЙАСН1
Ба хушнудии додори Ҳурмузд ба афзунӣ, афзунидор, ду-рахшандаи фараҳманд ва Амшоспандон! Офарини вижа бар дини беҳӣ, маздояснон! Тандурустӣ дерзивашиву2 ободонӣ ӯро бод, ки ин барояш навишта мешавад!
Дар нахустин
(1) Чунон ки аз сутудгар пайдост, Зартушт аз Ҳурмузд анӯшагӣ3 хост.
(2) Пас Ҳурмузди хирад ҳаруяспи огоҳро ба Зартушт намуд.
(3) У буни4 дарахте бад-он бидид, ки чаҳор шоха бад-он буд: яке заррин, яке симин, яке пӯлодин ва яке аз оҳанолуда.

пешина
аз 314
навбатӣ